shoh palace
Дучархасаворони тоҷик акнун ба зиёрати Хонаи Худо мераванд
29.06.2022
Mahina
608

Дучархасаворони тоҷик акнун ба зиёрати Хонаи Худо мераванд! 

Диловар Ғафурови 37-сола, Саидалӣ Назарови 31-сола ва Абдушокир Талабови 34-сола, се тоҷике, ки барои адои маросими ҳаҷ аз аввали моҳи май ба сафари ҳаҷ ба роҳ баромада буданд, баъд аз таваққуфе дубора ба Арабистони Саудӣ раҳсипор шуданд.

Онҳо зиёда аз ду ҳафта дар Дубай қарор дошта, аз ноумедӣ барои баргаштан ба хона билетҳои ҳавопаймо ҳам харида буданд.

“Ба хатсайри ҳавоии Дубай-Тошканд билет гирифта, барои ба хона рафтан омодагӣ мегирифтем. Лекин дӯсти маҳаллии мо бо номи Халифа Алӣ, ки дар хонааш иқомат доштем, хоҳиш намуд, ки билетҳоямонро супорида, боз каме дар ҳамин ҷо монем. Розӣ шудем, ҳарчанд барои баргардонидани билетҳо 70 доллар ҷарима пардохт кардан лозим омад. Рӯзи дигар аз Арабистони Саудӣ ба мо занг зада, дархост намуданд, ки барои анҷоми расмиёти тайёр кардани раводид (виза) маълумотамонро пешниҳод намоем.Мо бовар надоштем”, - хабар додааст Диловар Ғафуров, яке аз зоирони тоҷик.

Тибқи маълумоти манбаъ онҳоро огоҳ кардаанд, ки давоми роҳро бо мошин тай кардан лозим меояд, то ки аз оғози адои маросими ҳаҷ дер намонанд.

Диловар гуфтааст, ки акнун дучархаҳоро ба мошин бор карда аз Абу-Даби ба роҳ мебароянд ва бо тай кардани 500 км ба сарҳади Арабистони Саудӣ мерасанд. Дар он ҷо ба мошини дигар нишаста, то Эр-Риёз ва сипас то шаҳри Эт-Таиф мерасанд. 100 км роҳи боқимондаро зойирин бо дучарха тай мекунанд.

Маросими ҳаҷ яке аз рукҳои дини мубини ислом буда, ҳама сола даҳҳо тоҷик барои зиёрати Хонаи Худо сафар мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД