sebiston july new
Духтари моиндарро ба занӣ гирам?
03.07.2022
ОИЛА
1108


Ман муҳоҷир ҳастам.Аз рӯзе худро мешиносам, дар дасти моиндар калон шудаам.Модарам вақти тавлиди ман аз дунёгузаштааст.

Дар вақташ моиндарам бо духтарчааш аз шавҳар ҷудо шуда, ба хонаи мо омада буд. Аммо ман ӯро модар мегуфтам. Дар синни 17- солагиам моиндарам аввалин бор иқрор шуд, ки ӯ ба ман модари ҳақиқӣ нест.
Ин гапро шунида, духтарчаи моиндарам, ки то ин вақт маро ака мегуфт, якбора ҷониби ман нигоҳҳои ошиқона мекардагӣ шуд.

Азбаски аз рӯзи аввал ӯро ҳамчун хоҳар қабул карда будам, худро аз духтари моиндарам дур мегирифтам.Ҳамин тавр, ба хотири ба доми шайтон наафтодан, рӯ ба Русия овардам. Чор сол кор карда, ба падару моиндарам як миқдор пул фиристодам.Гуфтам, ки ягон духтари муъмину мусалмонро бароям интихоб намоянд, насиб бошад, ба Ватан рафта, оиладор мешавам. Баъди чанд рӯз падарам телефон карда, гуфт ки бачам духтари моиндарат сахт мафтуну шайдоят шудааст.Ба очааш гуфтааст, ки ғайри ту ба касе ба шавҳар намебарояд ва агар ту ӯро нагирӣ, худашро мекушад.Ману моиндарат ҳайрон мондаем.Худат чӣ посух мегӯӣ?Гуфтам, ки падар ман ӯро дӯст намедорам, зеро духтари моиндар бароям ҳамчун узви оилаамон аст.
Падарам зиқ шуда, гӯширо гузошт. Акнун гӯед, ки ман чӣ кор кунам? Умуман ба Ватан наравам ё рафта, духтари моиндарамро, ки нисбаташ ягон меҳр надорам, ба занӣ бигирам?
Б.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД