arzon replenishment
Фарқи гуноҳи кабира аз сағира дар чист?
1254
no-img


Гуноҳони кабира кадом асту гуноҳи сағира чист? Хуб мешуд, агар дар ин бора батафсил нақл мекардед.

Посух

Дар теъдоди гуноҳони кабира миёни уламо ихтилофи назар аст. Абдуллоҳ ибни Умар (р) теъдоди гуноҳони кабираро ҳафтто, аммо Абдуллоҳ ибни Аббос (р) теъдоди онҳоро қариб ҳафтодто гуфтаанд. Расули Худо (с) дар ҳадисе чунин фармудаанд: “Аз ҳафт амале, ки сабаби ҳалокати шумо аст, парҳез кунед: Ширк овардан ба Худо, сеҳру ҷоду кардан, куштани худ ё шахси дигар, рибо хӯрдан, хӯрдани моли ятим, гурехтан дар рӯзи ҷанг, туҳмат кардани занони покдоман”. Худованд муҷозоти гуноҳони кабираро муайян кардааст ва фақат ба тавба бахшида мешаванд. Ғайр аз гуноҳони кабира боқимонда гуноҳони сағира ҳастанд, ки бо анҷом додан амали нек бахшида мешаванд. (“Мирқотул-мафотеҳ”, ҷ. 1, с. 207-208)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД