Arzon march 2024
Фирор аз марг
2624

Бебахт
Байни се бародар як духтар будам, оилаамон камбаѓал бошад њам, зиндагии хушбахтона доштем. Мактаби миёнаро хатм кардаму модарам ба падарам гуфт:
-Мардакљон, ману ту њардуямон нахондему дар зиндагї азоб кашидем, писарњоямон низ ба умеди пули урусу Русия шуда нахонданд, аммо духтарамро мехононам. Кї медонад, фардо ўро чї интизор аст, аввал ин ки Худованд бахту рўзияш дињад, вале таќдири Худоро мо намедонем. Падарам чизе нагуфтанд ва ман ба коллељи тиббї дохил шудаму онро хатм карда, кор надаромада будам, ки ба шавњарам доданд…
Шояд ба гапњои гуфтаи модарам пеш аз дохил шудани ман ба коллељ кадом фариштае омин гуфта буд, ки аз бахтам омад надидам. Оилаи шавњарам бою ба давлат бошанд њам, нонро дар зањри њалоњил тар карда, ба келин медоданд. Хушдоманам се писару ду духтар доштанд, ду келини пеш азман буда рўзгорашонро људо карданду ман бо хушдоманам мондам. Хусурам барваќт аз олам гузаштаву сарриштаи зиндагонии писарон дар дасти модарашон буд, чї ќадар азоб дидаам аз дасти хушдоманам, худам медонаму Худо. Ў ба келинњои људо зиндагї мекардааш низ кор дошт, маро бошад, мисли чурї кор мефармуд. Љояш ояд мезад, номам дар ин хона гадо буд. Шавњарам дунёи худашро дошт, ў кори хуб, тиљорат, мошину пулу моли зиёде дошту бо духтарон телефонї гап мезад. Гумонам маъшуќа низ дошт, як њарфи хушро ба ман дареѓ дошта, аз хати кашидаи модараш берун намебаромад. Ман аслан дар ин хона як хизматгор будам, хоњаршўйњоям мењмон шуда меомаданду ба њоли ман механдиданд, онњо низ гадоям мегуфтанд. Бо њамин зиндагии сагона соњиби як духтару як писар шудам, вале як рўзи дигар пас аз лату кӯби хушдоманам аз хона баромада рафтам. Шавњарам маътали њамин буд, ки талоќамро доду расман аз ман људо шуд, ѓайри сад сомонии њармоња барои кўдаконам чизи дигаре намеовард. Онњоро њатто суроѓ њам намекарду намегуфт дар куљоянд? Дар хонаи модарам, бар мани нахондаю бењунар зиндагї сахт омад ва ба ёриям амакам расид…
Сафар ба ѓурбат
Амакам солњои пеш дар як ширкати тољирони афѓон кор мекард ва бо онњо мисли хешу табор шуда мондаем. Як бародари онњо дар Дубай тиљорати худро дошту он љо зиндагї мекард, ў ба амакам гуфтааст, ки агар тавонї, бароям ягон зани муъмину мусулмони дуруст равон кун, то хизматгори зани дуюмам шавад. Амакам дарёдилии рафиќони афѓонашро медонист ва маро равон кард то пул кор карда, барои худам ягон кулбаяк харам. Хӯљаини ояндаам пул равон кард ва ман њуљљатњоямро тахт карда, ба Дубай парвоз кардам, он љо маро пешвоз гирифта, ба як ќасри бошукўњ бурданд. Ростї, дар умрам бори аввал ба хориља сафар мекардам, дилам аз тарс меларзид, ки маро чї интизор бошад?! Аммо хонаи дуњуљрагии танги волидонам, ки он љо ѓайри падару модарам, бародарам бо оилањояшон боз ману фарзандонам зиндагї мекунам, ба хотирам расиду тарсро чун зањр фурў бурда, аз пушти кор шудам. Дар хона ѓайри ман боз чор хизматгори дигар буд, ду зану ду мард, онњо аз Филиппин буданду ман забонашонро намефањмидам. Сарам хам кори худамро мекардам, ки аз нигоњубини писараки чорсолаи хӯљаин ва тамизи хонањои ошёнаи дуввуми хонаи сеошёна иборат буд. Гоњ-гоње бо хоњиши хӯљаин, ки чандин сол дар Тољикистон зиндагї кардааст, оши тољикї ва самбӯса низ мепухтам. Ростї, аз ягон чиз танќисї надоштам, њар моњ маошамро ба модарам мефиристодам, то љамъ кунад, хурду хўрокам аз њисоби хӯљаинњо буд.

Бадномзада
Дилам барои кўдаконам гум мезад, чун ба ватан занг мезадаму мепурсидам, модарам маро дастгирї мекард. Янгањоям, низ Худованд хайрашон дињад, кўдаконамро нигоњубин мекарданд, падарам бошад њамеша насињатам мекард. Бечора падарам мегуфт, ки саратро хам карда, коратро кун, хона њам набошад, як пораи заминат мехарему ду кулбањакат соз мекунем, баъд Худо подшоњ.
Чун бо модарам танњо ба танњо сўњбат мекардам, ў мегуфт, ки хушдоманам дар њама љо овоза пањн кардааст, ки гўё ман ба Дубай танфурўшї рафтаам. Хайрият, ки хешу табор медонанд ту дар куљої, вагарна намедонистам сарамро дар куљо занам. Бар раѓми њамун беваи беинсоф, ки чандин бор зиёрати хонаи Худо кардааст, барќасди шавњари беимонат саратро хам намуда, аз пайи зиндагият шав. Ростї, бо шунидани ин суханњо ѓамгин мешудам, мегиристам, дилам хонаи ѓам мешуд, вале тоќат мекардам. Дар ин диёри ѓурбат замин сахту осмон баланд буд. Шабу рўз мењнат мекардам, то бонуе, ки хизматгораш њастам, эродам нагирад. Ин бонуи сабзинаи фарбењаки ширинрў, Фурўзон ном дошт, ду хизматгори дигар озод буданд, вале намедонам барои чї бошад, хонум њељ намехост то ман бо шавњараш рў ба рў шавам. Ман инро хуб медонистам ва кӯшиш мекардам дар чашми хӯљаин натобам. Дар бораи худам њама чизро гуфтам, вале нагуфтам, ки хеле зебоям. Ќомати баланд, пӯсти сафеду нозук, мўйњои дароз, чашмони бодомиву камон њам дар ватан ва њам дар ѓурбат боиси бадбахтии мани бечора буданд. Шавњарам ба њусни ман ошиќ шуда, маро ба занї гирифт, хушдоману хоњаршўйњоям бошанд, барои зебоиям бадам медиданд. Гўё ман гунањгор будам, ки зебоям. Дар ѓурбат бошад…
Рашки дунёсўзи бону
Ањли ин хонавода медонистанд, ки ман духтурам, ба хизматгорон ва чанд бор ба бону њам хизмати тиббї расонида будам. Писаракашон Фарухрўзро низ борњо табобат карда будам, аммо онњо табиби оилавї доштанд, ки баъзан баъзе корњои сабукро аз ќабили тоза кардани захм, сўзандору задан дар мушакњоро ба ман мефармуд. Дар поёни ќаср хонањои зебои якошёна барои хизматгорњо буд, ки ман шабњо он љо хоб мекардам. Як нимаи шаб дарамро касе сахт-сахт куфт, тарсида хеста, онро кушодам, ки хонум нимбарањнаву ошуфта гуфт: “Зуд бош, шавњарам дар таб месўзад”. Ман либосњоямро пўшида, аз саросемагї њиљобамро неву рўймолчаеро ба сар баста, аз пушти ў ба хонаи хобаш рафтам. Хӯљаин њазён мегуфту таб дошт, ба ў гуфтам, ки ба духтур занг занед, бону бо овози гиряолуд гуфт, ки духтур дар шањри дигар асту то меояд, субњ мешавад. Дигар илољ набуд, ба бадани хӯљаин сузандорў гузаронидаму ба баданаш спирт молидам. Чанд њабби табфарор њам додем, оњиста-оњиста табаш фаромаду њушёр шуд. Ў ба худ омадан замон ба њамсараш нигоњ карда гуфт:
-Хонум зери њиљоб будааст… бисёр хушгил…
Ман зуд хонаро тарк кардам, вале…
Пас аз њамон шаби нањс бону дигар бо ман хуб њарф намезад, ба њар корам эрод мегирифт, як рўзи дигар абрӯвонашро чин карда гуфт: “Ту мўйњоятро кўтоњ намо”. Ростї, дар њайрат шудаму гуфтам, ки мўйњои ман зери њиљобанд, чї дахл доранд ба корам. Аммо ў барои густохиям маро зери мушту лагат гирифта, мўйњоямро тарошид. Баъд аз ин лату куби ман барояш як кори муќаррарї шудам монд, њол он ки шавњараш ќариб маро намедид…..
Фирор аз чанги аљал
Шабњо рўйи љонамозам Худоро зорї мекардам, ки дар дили ин бонуи бадхашм рањм андозад, то маро ин ќадар азоб надињад. Охир, бе ягон гуноњ зери мушту лагади ў чун мурѓаки нимљон тапидан, аламамро меовард. Баъзан худамро мазаммат мекардам, ки кош дар хонаи хушдоманам мемондаму ба зарбу латаш тоќат мекардам. Шавњарам дар пешам, фарзандаконам њам….
Як шаби дигар боз хонум дарамро куфт ва кушодан замон маро задан гирифт, чашму рўйи ман кабуду сиёњ шуданду дили ў хунук ва гуфт:

-Канї, ба љони фарзандонат ќасам хўр, ки бо шавњари ман набудї?!- Ман Ќуръонро аз рўйи миз гирифта, ќасам хўрдаму ба љони фарзандони рањдурам њам, Фурӯзон бо чашмони аз вањшати рашк алобулояш ба ман нигариста фарёд зад:-Пас, чаро ў маро ба оѓўш кашида, дар бораи ту гап мезанад. Хонуми хушгил, ќурбони мўйњои дарозат гуфта, дар бистари ман туро мењрубонї мекунад? Њушёр шав, ки ман туро мекушам ва аз ин љо мурдаатро мебаранд.
Бону аз хона баромаду баъди як соат субњ дамид, ман намози бомдодро хондаму ба амакам занг зада, тамоми ањволамро наќл кардам. Намедонам, амакам ба хӯљаин чї гуфту чї монд, ки ў баъди як њафта маро ба Тољикистон равон кард. Ба ватан расидаму дар фурўдгоњ ба замин афтида, хоки онро бўсидам. Шукрона мекардам, ки аз чанги ин зани асири деви рашк буда халосї ёфта, ба хонаамон омадам. Дар хилват њама рўзи сиёњамро ба модарам гуфтаму ў гирякунон сарамро сила карда гуфт, ки ноосуда куљо равад, ки осуда кунад…
Баъди як моњи ин воќеа, амакам пулњои маро аз дасти модарам гирифта, худаш пул зам карда, бароям дар як канори шањр як порча замин харид. Акнун ният дорам оњиста-оњиста кулбаяке бунёд намоям, Худованд рўзи маро ба сари душман наорад…
Санифа
Таснифи Дилошӯб

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД