Носир ҳафтаи охирини зиндагӣ бо занаш хеле меҳрубон шуда, ба Зулхумор мегуфт, ки «биё, туро барои табобат ба яке аз курортҳои Туркиё фиристам, шояд сиҳат шуда баргардиву кӯдакдор шавем».
- Майлаш, ман розӣ, аммо бе ту намеравам,- гуфт бо исрор ҳамсараш.
Носир ноилоҷ ҳамроҳи ӯ ба Туркиё омаду ду шаби аввал онҳо дар як меҳмонхонаи кӯҳнаву фарсудае иқомат карданд. Мувофиқи нақшаи кормандони фирмаи туристӣ тарҳрезикарда, Носир ду шаб бо занаш ин ҷо монд. Шаби дувуми дар меҳмонхона зиндагӣ карданашон, ба занаш як истакон афшураи шафтолу гуфта дод, ки каме хокаи мадҳушкунанда ба он андохта буд. Носиру дигар нафарони аз тарафи ин фирма ба меҳмонхона омада он шаб гӯё ба доми ғоратгарон афтода буданд.
Ба фирмаи нави туристии кушодашуда нафарони зиёд барои аз ҳаёташон гум шудани падару модару хусуру хушдоман муроҷиат мекарданд. Яке аз онҳо Маҳмадулло буд, ки барои сарвати падар шуда, ӯро аз хонааш пеш карданӣ шуд. Барои ҳамин бо баҳонаи “шуморо ба курорт мефиристам” падари навадсолаашро ба Туркиё фиристод.
Зулхумор ба ин одамони нодаркор барои хонаводаҳояшон нигариста, зор-зор гиряаш омад. Ҳаёти пасипардагии одамони наздик барояш зарбаи сахте дода буд.
- Оҳ Носир, агар ту мекуштӣ маро, беҳтар буд.
Ҷазираи одамони нодаркор дар як гӯшаи дурдасти Туркиё воқеъ буд. Ин аввалин кори фирма буд, ки зиёда аз 60 нафар мизоҷро ба худ ҷалб сохта буд. Дар аризаҳояшон мизоҷон навишта буданд, ки «аз фалонӣ безор шудам, ӯро ба ҷазираи одамони нодаркор ворид намоед».
Носир баҳузур ба ватан омад. Аммо падару модари занаш ба ҷону ҳолаш намонда, таҳдид карданд, ки мурдаву зиндаи Зулхуморро дарёбад. Вале Носир фактҳои бардурӯғ оварда, мегуфт, ки онҳоро дар Туркиё ғорат карданд ва гурӯҳҳои силоҳбадаст шабона занону духтаронро дуздида бурданд. Аммо падари Зулхумор ба тамоми хадамот ариза навишта, ба ҷустуҷӯйи духтараш баромад. Ҳамеша духтарашро хоб медид, ки дар болои як кӯҳ истода, зорӣ дорад, ки ӯро аз он ҷо фароранд.
- Духтари ман зинда аст. Аммо ӯро дар куҷое нигоҳ медоранд. Дили ман гувоҳӣ медиҳад.
Зулхумор ба ин муҳити нав оҳиста-оҳиста одат мекард. Акнун сафи онҳо ба сад нафар расида буд. Байнашон бештар миллати рус дида мешуд, ки фарзандонашон падару модарони худро ҳамчун одами нодаркор ба ин ҷо фиристода, аз онҳо якумра халос шудан мехостанд. Аммо Зулхумор аз гушнагӣ дар пояш мадор намонда, базӯр ҳарф мезад. Ҳушу ёдаш ҳанӯзам ба Носир буд, ҳеч ӯро бад дида наметавонист. Дилаш аз пазмонӣ гум мезаду ин ҳама дуриву танҳоӣ ба чашмаш наметофт.
- Агар аз ин ҷо зиндаву саломат бароям, боз ҳам туро мебахшам.
Падари Зулхумор аз Носир талаб кард, ки нишонии он фирмаи туристиро ба ӯ ёфта диҳад, вагарна ҷазояшро медиҳад. Носир ноилоҷ директори фирмаро ёфта, ба падари Зулхумор нишон дод. Директори фирма тарсида, гуфт, ки рӯзҳои наздик Зулхуморро ёфта меоранд. Ба кормандони дар хориҷ будааш супориш дод, ки зуд Зулхуморро ёфта биёранд. Онҳо ба воситаи вертолёт рафта аз байни дигар одамон Зулхуморро ба вертолёт савор карда, сиҳату саломат ба падараш расониданд.
Ҳарчанд Зулхумор падарро зорӣ мекард, ки барои давоми зиндагии оилавиаш бо шавҳараш иҷозат диҳад, ӯ розӣ нашуд.
Баъди ду соли ин ҳодиса падар Зулхуморро ба дигар мард ба шавҳар дод. Зиндагиаш хуб асту ба наздикӣ соҳиби фарзанд мешавад. Аммо он ҷазираи хурдакаки одамони ба шахсони наздикашон нолозим ҳаргиз аз ёдаш намеравад.
Шаҳлои НАҶМИДДИН