Oila Navruz
Гунаҳро ошкоро гуфтан ҷоиз аст?
762

 

Вақте мебинӣ, ки ягон кас гуноҳ карда истодаст, чӣ хел онро аз роҳаш баргардонӣ то ки боиси малоли хотири он нафар нагардад. 

Хонандаи “Оила”

Посух:

Хоҳ нохоҳ касе аз камбудӣ холӣ нест. Вақте инсон як нафареро мебинад, ки камбудӣ дорад, медонад ва ғолиби гумонаш ҳам ҳамин аст, ки рӯ ба рӯ бо ӯ суҳабт кунад, ӯ меранҷад, озурда мешавад. Вақте ҳазрати Имомо Ҳусайн (р. а) диданд, ки як нафар таҳоратро дуруст карда наметавонист, ба додараш имом Ҳасандаъват карданд, ки биё мман таҳорат мекунам шумо тамошо кунед ва гӯед, ки оё таҳорати кардаам дуруст аст ё не? Вақте таҳоратро анҷом доданд, он марди калонсол бо зеҳн ба онҳо нигоҳ кард ва дарк кард, ки камбудии ӯ дар чӣ будааст. Шахсоне, ки илму дониш надоранд, онҳо зуд хашмгин мешаванд ва меранҷанд. Чуноне дар замони ҳазарати Муҳамад (с) марде омаду дар дохили масҷид таҳорат шикаст. Азҳоби киром хостанд, ки ӯро азият диҳанд. Вале Пайғамбар (с) ӯро манъ кард. Вақте аз қазои ҳоҷат халос шуд, гуфт ки масҷид ҷои хондани намоз аст, қироати Қуръон аст. Коре ки шумо анҷом додед, сазовор нест. Мард хурсанд шуда баромада рафтанд. Ин ишора ба он аст, ки нафаре мехоҳад, хатокардаеро ислоҳ кунад, бояд бо як нармӣ фаҳмонанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД