Arzon april 2022
Ирам номи духтарона аст ё мардона?
364


Дар як филми туркӣ номи қаҳрамони он, ки хонуми хеле зебо аст, Ирам мебошад. Мехоҳам духтарчаамро, ки Худо хоҳад, баъди як моҳ таваллуд мешавад, Ирам ном гузорам. Оё чунин ном гузоштан ҷоиз аст?
Зебо, ш. Хуҷанд.

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Хоҳари азиз, дуо мекунем, ки фарзанди шумо солим таваллуд шавад ва солеҳ ба воя расад.Дар мавриди номи интихобкардаатон. Калимаи Ирам дар асл номи падар ё шаҳри қабилаи Од аст, аз ин рў, номгузории духтар бо ин ном муносиб нест. Ҳамчунин он ҷинси мард аст, бинобар ин, беҳтар аст, ки барои духтарчаатон ягон номи муносиб интихоб кунед. Феҳристи номҳои миллиро варақ занед, дар он ҷо номҳои зебои духтарона, ҳамчунин номҳои исломӣ бо маъноҳояш оварда шудааст. Якеро интихоб кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД