Sebiston new 2024 october
Ишқи нобарори Ҷонона ва Зайниддин
5332

Ба писарам Зайниддин дар бораи як дӯсту ҳамсинфи наздикам нақл карда будам. Писарам толиби он буд, ки боре ҳам бошад ин дӯсти маро бинад ва бо қаҳрамони ҳикояҳои падараш, ки ҳар лаҳза аз ӯ ёд мекунад, аз наздик шинос шавад. Аз ин дида бештар писарам мехост фаҳмад, ки кадом хислатҳои ин марди шӯхтабъу шиинсухан ба ман маъқул шудааст, ки номашро ба писарам гузоштаам.
Ҳамсинфам Зайниддин замоне ки таҳсилро дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ба анҷом расонид, дар ноҳияи хушбоду ҳавои Файзобод ба кори давлатӣ даромад. Ҳамин тавр, ҳар рӯз омада рафтанро муносиб надида, ба ноҳияи Файзобод кӯчид. Дар соле, ки ман оила барпо карда будам, вай низ худи ҳамон сол хонадор шуда буд ва баъди як сол ҳардуямон ҳам соҳиби писар шудем. Аз он айём аллакай 14-15 сол гузашта бошад ҳам, то ҳол мо дигар ҳамдигарро надида будем.
Рӯзи якшанбе писарамро бо худ гирифта ҷониби ноҳияи Файзобод роҳ гирифтам. Ба меҳмонии дӯсти деринаам Зайниддин, ҳамон Зайниддине, ки мо, ҳамсинфон бо ҷону дил қиссаҳои рангини ӯро гӯш карда, лаззат мебурдем. Бо телефон ва тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамеша дар алоқа бшем ҳам, аз наздик дидани дӯсти ба дил наздик кайфияти дигар доред. Беҳуда дар вақташ раҳматӣ бобоям ҳамеша вақте дар дасти мо телефонро медиданд, бо норизоӣ: “Гӯр-ба равад, ҳамин асбобчаи шумо, ҳама меҳру муҳаббатро ҳамин лаънатӣ аз байн бурд-ку. Хонаи ҳамин бозичаро сохтагӣ сӯзаде”- гӯён дуои бад намекардаанд, аммо он вақтҳо мо аз ин норозигии мӯйсафед хафа шуда, абрӯ гиреҳ мекардем. “Охир телефон чи гуноҳ дорад? Албатта бобоям аз нодонияш ин тавр мегӯяд, агар медонист, ки ин “бозича” чи корҳоро карда метавонад, ҳаргиз ин гапро намегуфт”мегуфтем худ ба худ, вале акнун фаҳмидам, ки бобоям ҳақ будаанд. Мо ба умеди ҳамин “бозича” шуда, аз дӯстӣ ва одаму одамгарӣ мондем, дигар меҳру муҳаббат аз байн рафта, гӯё касе ба касе лозим шавад. “Як бор занг зада аҳволашро мепурсам-дия”- гуфта, дидорбинии ёру ошноҳоро ҳам фаромӯш кардаем.
Раҳораҳ ман ба саволҳои писарам ҳа, не гуфта, саргарми андешаҳои худ будам. Дар фикри он будам, ки Зайниддин дар бадали ин солҳо чи хел инсон шуда бошад? Оё ҳамон Зайниддине, ки чанд сол пеш мешинохтам, ҳамон аст ё зиндагӣ ӯро ҳам дигаргун карда бошад...
Ба Файзобод ҳам расидем. Кофта-кфта суроғаеро, ки Зайниддин дар Вотсап ба ман равон карда буд, ёфтем ва бо як шодиву нишот дарро кӯфтам.
Як марди баландқомати сергӯшту “раисзеб”, ки ваҷҳааш бениҳоят ҷиддӣ буд, дарро кушод. Шинохтам. Вай ҳамон Зайниддин буд. Ҳамдигарро ба оғӯш гирифта, гарму ҷӯшон вохӯрдӣ кардем. Соҳибхона моро ба рӯйи кат бурда шинонд. Духтараки қоматбаланд ва зебое “ассалому алайкум, амак”- гӯён ба ману писарам салом дод ва ба пуштамон болиш монда, аз назди кат дур шуд.
Духтарак чунон ҷаққон будааст, ки дар як дам рӯйи дастурхонро пур аз хӯрданиҳои лазиз карда, чойи гарм ва хӯроки иштиҳооварро низ ҳозир намуд.
Зайниддин баъди аҳволпурсӣ ба гап даромад: “Салимбой, писарат ҷавони каппа калон шудааст-ку. Росташро гӯям, ӯро дида бачагиҳои худат ба ёдам омад”. Ман ҳам дар ҳамин фикр буданамро гуфта будам, ки дӯстам “Салимҷон, писарам, ин ҷо биё”- гӯён, писарашро ҷеғ зад ва “Бачам, ту бо ана ҳамин амакат ҳамном ҳастӣ, ман ҳам ба худам ҳамном дорам”- гуфта, ба писари ман ишорат кард.

Ҳамин тавр сӯҳбат авҷ гирифт ва зайниддин бо ҳамон ширингуфтории даврони ҷавониаш ба варақ задани хотираҳо шурӯъ намуд. Дар авҷи ҷӯши сӯҳбат вай ба писари ман рӯ оварда “Канӣ, Зайниддин, гап зад, ту ба худат ягон мӯйдарози қошу чашм сиёҳашро пайдо кардӣ?”- гуфта пурсид ва ҷавоби ҳамномашро нагирифта ба насиҳат кардан сар кард: “Бачаҷон, ту мисли падарат нашав. Беҳтараш аз ман,аз амакат зиндагир ёд гир. Ҷӯраҷон, ҳоло айни давраи ишқу ошиқӣ мекардагии шумоҳон. Як вақтҳо ману падарат ҳам мисли шумо ана ҳамин хелйигитҳи серхаридор будем, сад духтар аз пасамн давида мегашт, аммо падари ту ҳамеша ба ман муқобил мебаромаду намемонд, ки ишқбозӣ кунам. Ана акнун шояд пушаймон шуда бошад. Рсташро гӯям, чашми ӯро хато карда, ман корамро карда мегаштам. Оҳо, ту ҳозир синфи 7 ман дар синфи 7 ё 8 буданам 7-8-то арӯс доштам, лекин ҳеҷ кадомашро баробари Ҷонона дӯст намедоштам. Албатта ту ӯро намешиносӣ, аммо падарат хуб мешиносад. Аҷаб давру давроне буд. Ман-ку вайро дӯст медоштам, аммо вай ҳам маро сахт дӯст медошт.
Як рӯз дар мактаб ба Ҷонона хат навиштам. Дар хатам қайд кардам, ки “Ҷононаи азизам! Имрӯз соати 1:30 туро дар боғи Шарофатхола интизор мешавам...” Боғи Шарофтахола дар як гӯшаи деҳаамон аст. Ин дафъа, ки ба деҳа рафтӣ, пурсон шав, ҳатман нишон медиҳанд. Аммо то боғи Шарофатхола ҳам ҳамон рӯз нарасидем. Боғро мон, ҷӯра ҳатто хатам то дасти Ҷононаи беҳамтоям ҳам нарасидааст. Хатро дар паси мактаб ба Манижаи ҳамсинфи Ҷонона додам. Аҷибаш н ки Манижа ҳам ба ман хат дод, то ба ана ин оқои хушбурут (Зайниддин маро дар назар дошт.) оварда расонам. Аммо ин оқо ба ҳамсинфи дигари Ҷононаю Манижа – Санавбар дил баста буд...
Соати 4-уми дарсӣ бароям бениҳоят дер мегузашт. Барои расидан ба Ҷононаам вақт кам монда буд. Дарс тамом шуду шитобон ҷуздонамро гирифта, дарро зада берун баромада будам, ки директор: “Зайниддинҷон, писарам ин ҷо биё, ман ба ту гап дорам.”-гуён бо оҳанги ширин маро ҷониби утоқаш хонд. Ҳайрон будам, охир як одами сахтгап чи хел шуд, ки бо ман инқадар бо ин нармӣ гап зад. Дар зери коса нимкоса будаасту мани мискин асли воқеаро танҳо дар утоқи директор пай бурдам. Дар утоқи директор муовинҳои директор низ ҳузур доштанд ва Манижаю Ҷонона зор-зор гиря мекарданд. Дирктор хати маро ба ҳозирини маҷлис хонда дод. Аз сару рӯям арақ мешорид, дар хиҷолат монда будам. Ҳамин, ки хатро хонда тамом кард, ба ман рӯй оварда, хати Манижаро талаб кард.
Ногоҳ дари утоқи директор кушода шуду ана ин оқои хушбурут ва аз пасаш роҳбари синфамон даромада омаданд. Оқои хушбурут зор-зор мегирист. Бечора, воқеан ҳам аз ҳеҷ чиз хабар надошт, аҷибаш ин ки агар дар дунё як нафари аз ҳама бад медидагӣ дошта бошад, ҳамон нафар Манижа буд.
Аз ман хатро талаб карданд. Ман росту дурӯғ ин тарафу он тарафамро гӯё кофта “устод хат нест, гум шудааст-чӣ”- гуфтам, аммо падарат зуд ба гап даромад: “Устод, охир ман аз ҳеҷ чиз хабар надорам, маро монед равам, агар модарам фаҳмад, маро мекушад” гуфта зорӣ кард. Директор ба ин оқои хушбурут нигариста чизе гуфтанмехст, аммо вазъияташро дида, як табассуми аз заҳр ҳам тундтар карду ҷавобаш дод.

Хулоса, дар майдон тани танҳо мондам. Ҳама ба муқобили ман гап мезаданд, ҳатто Манижаю Ҷонона ҳам. Бо ҳазор хиҷолат маҷлисро ба анҷом расонидем. Димоғам аз ҳама бештар барои он сӯхт, ки наход Ҷонона ба ман муқобил барояд ва чизеро намедонистагӣ барин худро канор гирад. Як қиссаи динӣ аҷиӣб дар бораи Юсуф ваЗулайхо ба ёдам мерасид. Зулайхо-маликаи Миср ба ғуломаш Юсуф ошиқ шуда, мехҳад ӯро ба оғӯш кашад, вале Юсуфи худотарс аз шарри ин хонум рӯ ба гурез мениҳад. Бо кӯмаки Худованд дарҳои қуфлбаста кушода шуда бошанд ҳам, Зулайхо сайдашро аз даст додан нахоста, бо нияти доштани Юсуф ба пероҳани ӯ панҷа мезанад ва куртаи Юсуф медарад, вале вақте ки шавҳараш пайдо мешавад, тамоми гуноҳро ба гардани Юсуф мепартояд. Бо амри Худованд кӯдаки хурдсоли даруни гаҳвора шаҳодат медиҳад, ки агар куртаи Юсуф аз пеш дарида бошад, Юсуф гунаҳгор аст, вале курта аз пас дарида бошад, Зулайхо гунаҳгор аст. Ҳамин тавр куртаи аз пас даридаи Юсуф бе гунҳ будани ӯро собит месзад, вале ба ин нигҳ накрада, ҷавони бечораро зиндон мекунанд. Росташро гӯям, ман ин қиссаро борҳо шунида бошад ҳам, боварам намеомад, ки чи тавр одам метавонад шахси дӯстдоштаашро ба осонӣ фурӯшад, вале баъди рафтори Ҷонона дилам аз ишқ хунук шуд.
Росташро гӯям, бо ҳама ранҷише, ки аз ҷонона дштам, ҳанӯз ҳам дӯсташ медоштам. Ин оқои хушбурут бошад, як ҳафта аз ман дур мегашт, хафа шуда, ҳамроҳам салом кардан як тараф истад, ҳатто бо ман гап ҳам намезад. Баъд боз дилашро ёфтам, аммо инро мон. Ту ҳоло шояд пурсӣ ки Ҷонона чӣ шуду куҷо рафт? Ҷонона як рӯз ҳангоми аз мактаб ҷавоб шуданам дар назди дари мактаб маро интизор шуда кӯтоҳакак гуфт:
-Соати 2:00 дар ҷойи ваъдагӣ интизорат мешавам!
(Давом дорад)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД