sebiston july new
Ишқи нобарори Ҷонона ва Зайниддин (Қисми 2)
5105

Тасодуфро бин, ки директор дар дохили ҳоҷатхона будаасту сӯҳбати моро боз шунидааст, лекин Лекин “ҷои ваъдагӣ” гуфтани Ҷононаи маро боғи Шарофтахола пиндошта ба ҳамон ҷо рафтааст, аммо ҷойи ваъдагии мо он ҷо не, балки сари чашма буд. Аҷобатро бин, ки ҷаноби директор “гунҷишкро ба нишон гирифтаасту аммо тираш ба кабк бархӯрдааст, бачаи фаъоли мактаб, Салими ҳамеша ба дарсҳо тайёр дар боғи Шарофатхола бо маъшуқааш Санавбар, бехабар аз оламу одам, чақ-чақу комронӣ карда истода будаанд, ки ба чанг меафтанд. Бачаҷон, ана ҳамин хел, ба қавли русҳо “умний-дурак” будани падарат маълум шуд. Ба фикрам ҳамон рӯз директор гӯши падаратро чунон сахт тоб додааст, ки ин оқои хушбурут чанд рӯзи дигар ба худ омада натавонист. Салимҷнро ду чиз азоб медод: якумаш ин, ки аз боварии директор баромад, дуюмаш, сарвари мактаб дар авҷи ҷӯш задани ишқу муҳаббаташон дар телефони зормондааш сабт карда будааст. Бачаҳои хушрӯи ман, акнну давоми ин қиссаи ширинро гӯш кунед,-гуфта, Зайниддин мехост ҳикояашро давом диҳад, аммо Салим (писари Зайниддин) садои модарашро шунида, тозон аз кат фаромад. Зайниддин чанд лаҳза гӯш ба қимор монда, баъд боз нақлашро идома доданӣ буд, ки писараш табақи оши палав дар даст баргашт.
-Дидӣ ҳамном, амакат чи хел ҳамсари меҳрубон дорад, дар як лаҳза оша пухтааст. Биёед, гиред канӣ, гиред, ки ош хунук нашавад,-гуфта Зайниддин ҳамаро ба ошхӯрӣ даъват намуд.
Оши болаззатро тановул намудему баъди як пиёлагӣ чой гирифтан Зайниддин қиссаашро давом додан хоста, гапро шурӯъ кард: “Фарзандони азизам, боз хафа шуда, аз падарҳоятон дилсард шуда намонед!”
Дӯстам саволомез ба ду ҷавон нигарист. Писари ман аз нигоҳи ӯ рамуз гирифта, гуфт:
“Эй не амак, бисёр хуб нақл мекардаед, чаро хафа шавем! Канӣ давомашро нақл кунед-чӣ, мо фаҳмида гирем, ки аз сари мо пеш дар рӯйи замин чи ҳаёте ҳукмрон будааст...
Ин суханони ҳамномаш ба назарам ба Зайниддин бисёр маъқул афтоданд, ки “ҳай шери амак, ин қадар гуворо сухан мегӯӣ, ба худо мисли худам “гавзан” шудаӣ-ку. Боракаллоҳ, акнун давомашро гӯш кунед: гӯён, бо шавқ нақлашро идома дод:
“Директор фардои ин воқеа ҳардуямонро ба утоқаш “даъват” кард ва боз ҳамон лексияи ҳардафъаинаашро сар кард. Ин дафъа ман аз ҳеҷ чиз хабар надоштам, падарат бошад, дар бораи ҳодисаи ба сараш омада ба ман ягон даҳон гап ҳам накушода буд. Аммо фарзандони азизам инро аз хотир набароред, ки мо аз сидқи дил мехондем. Корамонро карда гардем ҳам, ба дарсҳо ҳамеша тайёр будем ва шояд ҳаминро ба назар гирифта, директор ба мо як танбеҳи сахту дуруш доду сипас як вазифаро ба гарданамон вогузор кард. Шарт ҳамин буд, ки агар худи ҳамон сол дар олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои дилхоҳ иштирок карда, сазовори медал нашавем, директор наворҳоро ба падарҳоямон нишон медиҳад ва дар баробари ин дар маҷлиси умумии мактаб тавассути телевизор ё ягон монитори калон ба мардум нишон дода, шармандагиамонро мебарорад. Ҳамин тавр, ёдашон ба хайр, раҳматӣ устод Насимӣ, яъне ҳамон директоримактабамон яке аз аввалинҳое буданд, ки барои ана ҳамин хел одамҳои калон шудани мо саҳм гузоштанд. Барои дар олимпиада сазовори ҷойҳои намоён шудан моро мебоист фанҳоеро интихоб намоем, ки зӯрамон ба тайёр кардани он расад. Ман фанни ҳуқуқрою падарат фанни забони тоҷикиро интихоб намудем. Назари Худо ба мо афтида будааст, ки дар ноҳия ҳардуямон ҷойи якум ва дар минтақа бошад, ҳардуямон ҳам ҷои дуюм-медали нуқраро гирифта омадем. Директор ба қавлаш вафо кард ва ҳардуямонро ба утоқаш даъват намуда, он наворҳои гӯрсӯхтаро мардак барин нест карда партофт ва таъкид намуд, ки агар минбаъд тинҷ гашта, ягон номаъқулии дигар накарда синфи 11-ро хатм кунему ба донишгоҳҳои олӣ дохил шавем, шахсан худаш ба хостгории Санавбару Ҷонона меравад, аммо ҳаёт ба устод вафо накарда, дар охирин рӯзҳое, ки мо мактабро хатм карда истода будем, ҷон ба ҷонофарин супорид.

Ҳамин тавр, кори мо нимкола монд. Ҳардуямон ҳам ба умеде, ки ба дилдодаҳоямон мерасем, ба Душанбе баҳри таҳсил рафтем, аммо.... Мо-ку ба ваъдаҳоямон вафо кардем, лекин сад афсӯс, ки раҳматӣ директорамон ба ваъдааш вафо карда натавонистанд. Баъди як сол вақте ки мо ба деҳа баргаштем, хабардор шудем, ки баъди як ҳафта тӯйи Ҷонона ва баъди як моҳ тӯйи Санавбар будааст. Димоғамон сахт сӯхт, лекин намедонистем, ки чи кор кунем. Роҳи ягона он буд, ки ба тақдир тан диҳему халос. Ба тӯйҳояшон нарафтем. Ҳамин тавр ҳарду бо ёри худашн хушбахт шуда рафтанд. Пас аз ин гоҳ-гоҳ тасодуфан агар бо Ҷонона ё Санавбар рӯ ба рӯ шавем, рӯямнро ба дигар тараф гардонда, ҳамонро дигар мекардем. Ҳамин тавр баъди курси сеюм ҳардуямон оиладор шудем. Падарат аз деҳаи худамон як духтаракро ба занӣ гирифту ман бошам, ба як духтари Душанбегӣ ошиқи шайдо шуда, бо вай оила барпо кардам. Ана ҳамон духтараке, ки падарат бо вай оиладор шуд, модарат асту духтари душанбегии гуфтагиам янгаат. Мо хушбахттарин инсонҳо будаем, ки соҳиби оилаи хуб шуда, имрӯз соҳиби шумо барин шербачаҳо ҳастем. Акнун хоҳиши ман ҳамин аст, ки шумо ҳам аввал хонед, хуб хонед, ягон соҳаи хубро интихоб кунед, ана баъд ягон қошу миҷигонсиёҳи гуладанро ёбеду моро ҳам ба тӯй хабар кунед!
Ҳамин таврсаргарми сӯҳбати ширин шуда мо нафаҳмида мондем, ки чи тавр рӯз бегоҳ шудааст ва “аллакай соати аз 5 гузаштааст-ку!” гуфта, бо соҳибони хона самимона хайрухуш карда, аз ҷой бархостем. Раҳораҳ пай бурдам, ки авзъи писарам Зайниддин дигаргун шудааст, маълум буд. ки дили ӯ ҳам ба дми ишқи зебосанаме афтодааст, вале.
Сир бой надода, мусиқии мошинро баланд кардам, писарам саргарми фикру хаёли худ аз тирезаи мошин берунро тамошо мекард. Маълум буд, ки дар бораи чизе чуқур фикр карда истодааст, вале ростӣ дилёб нашудам, ки пурсам... Қарибиҳои бегоҳ ба деҳа расидем....

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД