Вақте ки хабари марги Шамшод ба наздиконаш расид, онҳо ҳайрон шуданд. Охир, чӣ хел ҷавонмарди сип-сиҳат дар бистари хобаш бе ягон дард вафот мекардааст?
Апаи Шамшод - Шарифа, ки хеле зани зираку рамузфаҳм буд, мурдани ӯро тасодуфӣ напиндошта, аз кормандони полиси ноҳияашон хоҳиш кард, ки марги додари ғӯрамаргашро дақиқ бисанҷанд.
Аввал дилаш аз янгааш дур рафт. Чунки дар се моҳи охир дарк карда буд, ки доимо миёни Шамшоду янгааш ҷангу ҷанҷоли оилавӣ аст. Сабабаш зани пинҳонии дувум гирифтани додараш буд. Аммо ин сирро танҳо Шарифа медонист. Чунки Шамшод аз бародаронаш дида ба апааш эътимод дошту аз ӯ чизеро пинҳон намекард.
Шамшод бо Гулноз бо интихоби волидайн оиладор шуда буд. Аммо самимӣ Гулнозро дӯст намедошт. Ин розро танҳо се кас - апааш, худаш ва ҳамсараш медонистанд. Чунки аз рӯзи аввали хонадорӣ Шамшод ба арӯс рӯйи хуш намедод. Агар Гулноз гап занад, бо зарда мегуфт, ки ту чиву гапзаниат чӣ!?
Гулноз ҷое нахонда буд. Аммо хеле духтари бофаросату боахлоқ буд. Эҳтироми падару модари шавҳарро дар сатҳи баланд ба ҷо меовард. Аммо Шамшод ӯро нағз надид ки надид. Беҳуда дар урфият намегуфтаанд, ки дили мард агар аз аввал занро қабул накунад, пас то охир ҳамин хел меравад. Аммо агар зан дӯст надорад, баъди таваллуди фарзанд ба шавҳараш меҳр мекунад.
Шамшод ҳатто баъди тавлиди духтару писараш ба ҳамсараш муҳаббат пайдо накард. Дар танҳоӣ ба апааш рози дил карда, мегуфт, ки «агар зани ба дилам нагирам, армонӣ мемирам». Апааш бошад, насиҳат мекард, ки ин фикратро аз сар бигиру ба хотири кӯдаконат зиндагӣ бикун. Вале қалби Шамшод доимо ишқ ҳақиқӣ меҷуст.
Билохира ёфт ин ишқро. Ин ишқ дугонаи Шарифа буд. Шарифа дугонае дошт, ки дар ҳусну ҷамол ва кадбонугӣ ҳамто надошт. Номаш ҳам ба худаш зебанда буд. Лола ном дошт ин зани орзуҳои Шамшод.
Шарифа рӯзе бо дугонааш ба хабаргирии ҷиянҳояш рафту ҳамон ҷо додараш Лоларо дида, бо як дидан ошиқи шайдо шуд. Лола ҳам нигоҳҳои ташнаи ӯро пайхас карда, аз дил гузаронид, ки сайди навбатӣ ба торҳои муҳаббаташ афтодааст. Медонист, ки хонаводаи дугонааш давлатманд асту додари ӯ яке аз тоҷирони пулдори ноҳия маҳсуб меёбад.
Шамшод шабона ба апааш занг зада, рақами телефони мобилии Лоларо пурсон шуд. Шарифа аз чизе гумон набурда, рақами телефони ӯро гуфта дод. Шамшод ба кӯча бо баҳонаи сигоркашӣ баромада, ба Лола занг зад.
- Салом. Лола шумо?
- Оре, ман.
- Манам, Шамшод.
- Шамшодҷон салом, хуб ҳастед, ҷонам?
- Хубам. Шуморо дидан мехоҳам.
- Ҳозир?
- Бале, агар иҷозат бошад, якҷоя ба сайри шабонаи шаҳр бароем.
- Бо ҷону дил. Ба суроғаи гуфтагии ман расида биёед, то шумо омадан ман тайёр мешавам.
Шамшод вақте ки Лола хиромон-хиромон аз бинои истиқоматӣ баромад, гумон кард, ки парии афсонавиро дида истодааст. Аз бӯйи духии фаронсавии Лола даруни мошин муаттар гашт.
- Лолаҷон, кош...
- Чӣ кош…
- Кош шумо ҳамсари ман мебудед?
- О ман аз шумо панҷ сол калонсолтар.
- Ишқ синну сол надорад. Ин он қадар муҳим нест, муҳим ҳамдигарфаҳмӣ асту халос.
- Дар ин бора баъд суҳбат мекунем. Ба куҷо меравем?
- Ба куҷое, ки дили шумо кашад.
- Биёед ба тарабхонаи Шоми Душанбе равем.
- Рафтем. Ба чашм.
(Давом дорад)
Шаҳлои НАҶМИДДИН