Arzon april 2022
Касофати ношукри
01.01.2022
Zebo
1613

                                  Духтар њам фарзанд аст      

Фарзанд давоми умри инсон, неъмати бебањои яздонист, бењуда намегўянд, ки хонаи сербача бозор-хонаи бебача мазор. Њарчанд фарзанд новобаста аз љинсу афту андомаш барои волидон як хел азиз аст, вале байни мардуми мо ќонуни нонавиштае вуљуд дорад, ки писарро фарзанди навъи якум ва духтарро дуюм меноманд. Зиндагї исбот кардааст, ки дар бисёр њолатњо духтар аз писар дида, ба волидон мењрубону дилсўз аст, аммо љойи писар дигар аст, мегўянд бархе… Самад бо њамсари худ Нозигул дар як дења ба воя расидаанд, Нозигули ќоматбаланди зебо ва њунарманд хостгорони зиёд дошта бошад њам, аз байни њамаи онњо Самадро пазируфт, зеро ў љавони маълумоти олидор, муаллим буд. Зиндагии љуфти љавон хеле ширин оѓоз ёфт, Самад дар оила писари ягона буду волидонаш Нозигулро хеле дўст медоштанд, дар симои ў духтари орзуњои худро медиданд. Келинчак њам аз тањти дил хизмати волидони њамсарашро мекард ва табъи онњоро болида дида, худаш низ хурсанд мешуд. Њаќќу њамсоя ба ин љуфти зебо бо њавас нигариста, ахлоќу одоби њамидаи Нозигулро дида, Худоро зорї мекарданд то Худованд ба онњо низ чунин келини зебою ба дасту поро насиб кунад.

                                     Нахли умед

Бо гузаштани як сол нахли умеди Самаду Нозигул бор оварду духтараки зебое ба дунё омад. Бибию бобои дар њасрати набера ба духтар Шукрона ном нињоданд, онњо гирди набераашон парвона буданду намегузоштанд, ки овози Шукронаашон барояд. Хушбахтї дар ин оила лона нињода буд, Самад дар мактаб кор мекарду Нозигул бошад, ѓайр аз кору бори рўзгор ба чеварї машѓул буд ва бори зиндагиро баробари шавњар мекашид. Падару модараш Самадро рўзе ба назди худ хонда, тамоми пасандозашонро наздаш гузошта гуфтанд, ки акнун навбати андохтани иморати нав расидааст. Самад бо дуои волидонаш ба андохтани иморати нав оѓоз кард ва баъди ду сол дар љойи кулбањои лоин хонаи боњашамати дуошёна ќомат рост кард. Дар ин муддат Нозигул ба шавњараш боз як духтараки дигар таќдим кард, Омина рўзгори ин оиларо ширинтар кард. Як шом Самад сари дастархон бо мењр ба Нозигул нигоњ карда гуфт:

-Ноз, духтар бас, акнун бароям ду пањлавонписар тавлид мекунї!- Нозигул шарм дошта, сарашро хам кард, вале хушдоманаш риштаи гапро ба даст гирифта, сарзанишомез ба Самад мурољиат кард:- Ин хел нагўй бачам, ношукрї мешавад, ду духтарак дорию ба назарат зиёдатї метобанд? Дар боѓи умри ман ту як нињолаки яктораӣ, мехоњам духтару писарони зиёде дошта бошї, то љои апаю хоњар ва акаю додаратро гиранд.-Кампир ин суханњоро гуфту бо лаби ќарсаш оби чашмонашро пок кард, дар фазои хона оромии тазйиќоваре њукмфармо гашт.

                                     Духтарзо

Солњо мегузаштанд, вале дар ин оилаи хушбахт писар тавлид намешуд, Нозигул њафт духтари солиму нозанин ва донояк таваллуд карда бошад њам, табъи Самад нохуш буд. Дар ин байн падараш аз дунё гузашт, кампири модараш Самадро насињат мекард, ки келинашро хафа накунад, зеро офаранда Худо аст. Аммо Самад дигар он шавњари хубу мењрубон набуд, бо таънаю эродаш дили бе ин њам хуни Нозигулро зиёдтар мехарошид. “Ту духтарзой, хонаамро пури духтар кардї” гўён, баъзан њафтањо бо ў ва духтаронаш гап намезад. Духтаракони бечорааш ба ин нигоњ накарда, бо мењрубонї ба пешвози падар медавиданду дар хизматаш буданд. Мард камии маошро пеш оварда, аз бањри касби омўзгорї гузашта, ба Русия мардикорї рафт. Азбаски забони русиро хуб медонист, зуд љойи кори хуб ёфта, маблаѓи ёфтаашро ба хонааш мефиристод. Њарчанд синни ў ба панљоњ ва аз њамсараш ба 45 расида бошад њам, дар дилаш умеди писардор шудан кам нашуда буд. Аз ин рў, ба хӯљаинаш, ки марди сарватманде буду бо ў рафиќи хуб шуда буд, дар ин бора лаб кушод. Сергей, “њамин њам гап шуд” гӯён, аввал Самадро аз роњаш гардонданї шуд, вале якравии рафиќи тољикашро дида, шўхӣ кард:-Њамсаратро љеѓ зан, шуморо ба як дўсти профессорам нишон медињам ва Худо хоњад, соњиби «валиањд» мешавї! Марди рус аз табиати тољиконаи Самад дар њайрат пичиррос зад:-Ман њамагї як духтарак дорам, шукр мегўяму ин бо њафт нафар боз фарзанд мехостааст!

                                  Ҳамболи орзу

Самад аз хӯљаинаш як њафта љавоб гирифта, ба ватан баргашт ва маќсадашро ба Нозигул баён кард, зан андешаманд ба нуктае нигариста, дар шоњидии хушдоманаш ба Самад гуфт:-Мардак, ман ба њељ куљо намеравам, ба ту иљозат, зани дигар гир, то бароят писар таваллуд кунад. Ману духтаронам ризќу рўзиямонро ёфта мехўрем, ман њама пулњои равон кардаатро нигањ медорам, хоњї барои зани нават хона гир, агар не, мо порчаяки замине харида, барои худамон кулбаяке бино мекунем.

-Ту аблањ чињо мегўї? Ман мехоњам писарам аз зани њалолу покизаи худам ба дунё биёяд, ман бачаи њаждањсола нестам, ки домод шавам,-фарёд зад Самад,-кампири Садбарг ба ѓазаб омадани писарашро дида, Нозигулро насињат кард:-Духтарам, Самад рост мегўяд, хез, њамроњаш рав. Духтурон њозир чї корњое намекунанд. Ѓами хонаву даратро нахўр, шукри Худо духтаронат њама корро мекунанд, ман њам њоло ин сӯ он сӯ љунбида метавонам. Хез…

                                 Дар сўњбати духтур

Чанд рўз пас аз ин сўњбат Нозигулу Самад ба Русия парвоз карданду рўзи дигар бо ёрии Сергей, ба институти модар ва кўдаки кишвари рус назди бењтарин духтури занон ворид шуданд. Марди руси айнакии сарсафед њафт фарзанд доштани ин оиларо шунида, бо њайрат ба Нозигул нигариста гуфт:

- Худои ман, шумо дар дења, боз бо ин шавњари љоњил, ки духтарро фарзанд намењисобад, чї хел нафосату зебоиятонро њифз кардаед?- Зан аз шарм намедонист сарашро ба куљо занад, Самад хиљолатзада гуфт:-Духтур, ман духтарњоямро дўст медорам, вале писар мехоњам…

Самаду Нозигул як моњ дар зери назорати духтурон буданд, зан њомиладор шуд ва бо иљозати духтур ба ватан баргашт.

-Хайр соњибљамол, Худованд ба ту писар дињад,-њангоми хайрухуш дуо кард духтур.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД