formula
Хиёнат
4327

- Чӣ шуд? Чаро бедарак шуда рафтӣ?
- Барои ба худ омаданам вақт лозим буд.
- Чӣ гап, тинҷи аст?
- Маро ба шавҳар медиҳанд.
- Охир ту ҳоло хурди - ку?
- Дар тарафҳои мо синни 18 расидан басанда аст.
- Не нагуфтӣ. Ҳоло хурдам, ин вай…
- Маро гӯш мекунанд…
- Туро аз куҷо ёфтааст?
- Дар кӯча дида маъқул кардааст.
- Биё вохӯрем.
- Илоҷ надорам, акнун ман ба кӯча баромада наметавонам.
- Ҳозир баро, ман бо мошин меравам.
- Шумо оиладоред-ку
- Чӣ шудааст оиладор бошам?
- Эҳҳ кош бо Шумо барвақтар шинос мешудам. Ақалан як моҳ пеш.
- Сахт пазмонат шудам. Сурататро фирист.
- Не, бо телефони ман расм фиристода намешавад.
- Фиреб накун. Хоҳиш бошад, кори ношудани нест.
- Хайр худатонро эҳтиёт кунед.
- Хуб.
Фирӯза аз сайт баромад. Ба фотиҳа шуданаш нав ду ҳафта шуда, ҳамроҳи домодшаванда Фаррух ҳанӯз боре ҳам сӯҳбат накарда буд. Сабаб дар он буд, ки 3-рӯз пеш аз фотиҳа шуданаш бо Нурдин тифоқан шинос шуд. Зан ва соҳиби фарзанд будани Нурдин ба чашми Фирӯза наменамуд. Аллакай вай ошиқи Нурдин гашта буд.
Гарчанд Нурдин Фирӯзаро он қадар писанд намекард, Фирӯза аз хати кашидаи вай намебаромад, хатто боре расме ҳам фиристод, аммо расми худ не ,балки аз саҳифаи инстаграми кадом духтаре…
ххххххххххххххххххххххх
Фаррух Фирӯзаро ба вохӯрӣ даъват кард. Фирӯза илоҷи нарафтан надошт, зеро баҳонаҳои то имрӯз кардааш дигар кор намедоданд.
- Ассалому алайкум.
-Чӣ ҳол доред, Фирӯза?-Курсиро пештар кашида, илтифот намуд Фаррух.
Фирӯза чизе нагуфт. Дар рӯ ба рӯяш Нурдин буданашро аз сидқи дил мехост, аммо...
- Дар асл ман Шуморо се сол пеш таги чашм карда будам. Мана тақдир будааст…
- Ҳм… Тақдир…
- Ягон чиз фармоиш медиҳед? Чой, қаҳва ё шарбат…
-Фирӯза намехост бо ин ҷавон нишинад. Ҳолати духтарро дида, Фаррух пурсид:
-Аз чӣ хавотиред?
- Ҳеҷ, танҳо камтар сарам дард дорад.
- Ман такси даъват мекунам, то омоданаш дар ҳамин ҷо менишинем.
«Ууф, хатто мошин ҳам надорад, охир чӣ гуна ба ин розӣ шудам. Магар дигар шавҳар набуд!? Дар асл волидонам гунаҳкор. Ба духтар хостгор меояд, не гуфтан гири пои қадами хотгорон канда мешавад» гуфта дархол розигӣ доданд» худ ба худ мунозира мекард дар дил Фирӯза.
- Ин ба Шумо.
- Ин чист?
- Симкорти нав. Охир ҳаёти нав оғоз мекунем - ку. Ба Шумову худам рақами монанд гирифтам.
- Ташаккур. Шарт набуд.
хххххххххххххххх
Фирӯза бештари вақти худро дар сӯҳбати Нурдин мегузаронд. Бо Фаррух аҳён-аҳён гап мезад. Ба тӯяшон ҳам як ҳафта монда буд. Фирӯза ба ҷойи он ки аз худро аз Нурдин канор гирад, баръакс ба вай дилбастатар мешуд. Нурдин доимо мехост бо Фирӯза вохӯрад. Фаррух Фирӯзаро бениҳоят дӯст медошт. Ҳар он чӣ ки ӯ мегуфт, иҷро мекард, ҳатто дар вақту соате, ки ба Фирӯза мувофиқ аст, занг мезад. Фирӯза бошад аз сӯҳбат кардан бо Нурдин "сер" намешуд.
ххххххххххх
- Телефонатро як бор деҳ.
- Ааа барои чӣ Фаррух?
- Қувваи телефонам тамом шудааст.
- Маблағи телефонам тамом шудааст.
- Охир дирӯз маблағ гузаронидам - ку?
- А… вай …чӣ … Апаам дишаб нофаҳмида интернетро гирён мондааст. Саҳар мебинам, ки сум надорад.
- Хайр боке нест. Баъдтар ёдрас кун, пул гузаронда мемонам.
Фирӯза нафаси чуқур кашид, ин дафъа аз дасти Фаррух осон раҳоӣ ёфт.
Ӯ дар вохӯриҳои минбаъда ҳамаи он чизе, ки ба Нурдин рабт дошт, аз телефонаш нест кард, аммо ошиқии пинҳониашро ҳамоно бо
Нурдин давом медод.
Баъди муддати мадид тӯйи Фарруху Фирӯза шуда гузашт. Фаррух гул-гул мешукуфт, ки акнун нафаре, ки дӯст дошта буд, доим дар бараш аст, вале....
(Давом дорад)
Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД