formula
Хостгорӣ
2053

 

Кош ба хонаи Мамнун намерафтам. Нарафта ҳам намешуд. Чӣ тавр пешниҳоди ҳамсафаратро рад мекунӣ? Рафтаму ба балои ҳафтсара гирифтор гардидам. Акнун чеҳраи зебои хоҳари Мамнун аз пеши назарам дур намеравад. Аз дирўз боз сабру қарор аз ман рафт, шаби дароз хобам набурд. Ҳар гоҳе бедор шудам, Олиҳаро пеши чашмам дидам.

Зан аз ин зеботар намешавад. Ҳуснаш ба номаш мувофиқ. Бечора, сиёҳбахт шуда. Ду сол боз шавҳар надорад. Кор ҳам намекунад. Агарчи осори ҳузн дар чеҳрааш хонда мешавад, аммо заррае аз зебогиаш накоста. Худоё, лутфатро дареғ надору ўро насиби ман гардон. Як умр дар ҳасрати ҳамин гуна зан будам, қадбаланд, мавзунқомат, лоғарандом, зебо ва аз ҳама муҳимаш шаҳрӣ ва аз дунё бохабар.

Ба фикрам мо шоистаи ҳамдигарем, ҳар ду ҳам як айб дорем: ман зандида, ў шавҳардида. Тафовут танҳо дар ин ҷост, ки ман аз ҳамсари худобиёмурзам ду кўдак дорам. Онҳо мактабхонанд. Беҳзоду Меҳрдоди ман бачаҳои қайсару шўху беқарору беодоб нестанд.

Мутмаинам, ки Олиҳа бо як дидан онҳоро дўст хоҳад дошт ва онҳо ҳам ўро модари худ хоҳанд хонд. Кош, бахтам хандаду гулдони холии хонаам аз нав гул бинад, мурғи бахт сари китфам нишинад, ситораи бахтам дар осмон рӯшантар бидурахшад ва фазои хонаам аз садои ширини Олиҳа пур гардад.

Аз дар ворид шавам, табассум дар лаб бо чеҳраи кушода истиқболам намояд, «омадӣ, дадаҷонаш?»– гўён, пурсад, бароям кӯрпача партояду ба пуштам болишт гузорад, аз ҳолу аҳволам воқиф гардад, гурусна ё сер буданамро пурсад, дастархон густурда болои онро аз хўрданиҳои болаззат пур кунад, ба нияти дастшўӣ аз ҷо баланд шавам, нагузорад, «не- не, дадаҷонаш, худам ҳозир омада, дастони шуморо об мегирам»– гўяд, саҳар бо даҳони пур аз ханда ба кор гуселу бегоҳ бе чеҳраи кушода истиқболам намояд.

Оҳ, оҳ, баҳ, баҳ, ана, ин хушбахтист! Барои марди соҳиби ақл беш аз ин чизе лозим нест, ӯ дар ҳамин дунё биҳиштро ёфта. Парвардигорро ноумедам макун, Олиҳаро зани ман бигардон! Киро хостгор фиристам-а? Ёфтам, Самандарро! “Кори имрўзро ба фардо магузор гуфтаанд”, ба Самандар бояд занг бизанаму ҳолу ҳавоямро барояш бозгӯ бикунам”– бо худ гуфт Ҳамдам ва андешаманд даст ба телефони ҳамроҳ бурд...

Ҳамин лаҳза, ки ӯ тасмим дошт ба дӯсти шаҳрияш занг бизанад, ду хона он тараф Амин, ҳамон ҳамсафаре, ки Ҳамдам дар ибтидо аз ў ёд карду сабаби рафтан ба хонаи Мамнунаш донист, хоб надошт, аз паҳлу ба паҳлу мегашт ва тухми умед дар сина мекошт. Ӯ ҳам бо дидани хоҳари Мамнун дил аз даст дода буду ҳавои зани худ намудани ӯро дар сар мепарварид.

Ҳамсараш чанд сол боз бемори бистарӣ буду умед ба зинда монданаш дигар намонда. Инро Амин хуб медонист ва пинҳонӣ барои худ зан мекофт.

Дидани Олиҳа ба ҳамааш хотима гузошт. Ба худ гуфт: “корро ба баъд набояд мавқуф гузошт, аз ҳозир бояд саъй намоям. Ба Самандар занг мезанам ва ба назди Мамнун хостгорӣ мефиристамаш. Мамнун маро панҷ панҷааш барин медонад, охир, бист сол боз дўстӣ дорем. Агар оламро саросар бикобад, аз ман беҳтар куҷо ёбад? Ҳама чиз дорам, хонаву гову молу мошину боғу роғ, панҷ қитъа замини киштаву нокишта... Ҳамааш фидои як тори мўйи Олиҳаи фаришта...”.

Ҳамин тариқ, аз якдигар бехабар, аввал Ҳамдам ва аз паси ў Амин ба Самандари ҳамсабақашон, ки ӯ низ бо Мамнун ошноӣ дошт, занг зада, аз нияти хеш ўро воқиф намуданд ва илтимосаш карданд, ки бо даст додани фурсат Мамнунро дида, масъаларо ба миён гузорад.

Самандари шўхтабиату ҳушёру зирак ба ҳарду ҳам як посух дод: «хостгорӣ бо дасти холӣ намераванд, гирифтани қанду ширинию нон мушкил нест, вале дастовезе бояд бурд, ки дили соҳиби хона гарм шавад. Дар музофот чӣ бисёр? Меваву чормағзу асалу картошка. Аз инҳо фиристед...».

Чанд рӯзе нагузашта, Ҳамдам ду қуттӣ себу Амин як халта чормағз фиристоданд. Бо паси сар шудани ду ҳафта аз миён Самандар ба ошиқони дилсӯхта хабар дод, ки пайғомро ба Мамнун расонд, вале тибқи қоидаи дар миёни мардум маъмул соҳиби духтар ба як бор рафтан розӣ намешавад ва Мамнун ҳам чунин намуд. Гуфт, ки сари масъалаи мавриди назар андеша ва бо хешу табор машварат хоҳад кард. Дониста монед, бо ду қуттӣ себу як халта чормағз кор буд намешавад.

Борҳо рафта, гарданро назди духтардор каҷ кардан лозим меояд. Барои ҳамин даст ба домани сабр бизанед, интизор бошед ва ҳимматро баланд доред...

Аз миён як моҳ сипарӣ шуд ва ба бахти сиёҳи Ҳамдаму Амин миёни Самандару ҳамсараш Аниса низоъ бархост ва ӯ қаҳр карду ба хонаи худашон рафту тасмими ҷиддӣ гирифт, ки агар Самандар аз сараш тилло резад, дигар асло ба хонаи ӯ барнамегардад. Самандар ҳарчанд зораву тазарруъ намуду кӯшид, Аниса ҳарфаш нашунид. Касе аз наздикон натавонист ӯро аз раъяш гардонад. Самандар маҷбур шуд ҷавобашро диҳад.

Рӯзи дигар пайвандони Аниса ғазаболуд омаданду ҳар чиз, ки дар хонаи Самандар ба чашмашон афтод, ба мошин бор карданду бурданд. Бо ҳамин Самандар мубтало ба дарди хонавайронӣ гардиду ошиқон аз ёдаш рафтанд.

Дар ин миён ҳамсари Амин ҳам аз дунё реҳлат кард ва ӯ бо андешаи он ки мабодо Олиҳа аз даст раваду аз чунин неъмати бузурги Худо бенасиб монад, аз нав ба Самандар занг заду қазияро ёдрас намуд. Дӯсташ ҳодисаи ба сараш рухдодаро тавзеҳ дода, узр пеш овард ва ваъда дод, ки дар рӯзҳои наздик, албатта, боз ба хонаи Мамнун хоҳад рафт. Аз чунин тасмимаш Ҳамдамро низ воқиф намуд.

Ин дафъа Амин ду халта картошка ва Ҳамдам як зарфи калони мисӣ барояш асал фиристоданд, ки ба хонаи Мамнун дасти холӣ наравад…

Вақт мерафт ва Самандар дўстонашро дилпур менамуд, ки ҳанўз Мамнун ҷавоби ниҳоиро надода, вале гумони ғолиб ин аст, ки кор ба хайрият анҷом хоҳад ёфт. Дӯстонаш аз ин хабар хушҳол шуданд ва ҳиммат шуморида, ҳар кадом боз ду қуттӣ ноку себи пешпаз барояш фиристоданд...

Ҳамин тариқ, тирамоҳ ҳам фаро расид. Дарахтон самар оварданду ҳосил ғундошта шуд ва зимистон дар куфту бозори мевафурўшӣ аз нав гарм гардид. Амин бо Ҳамдам аввали баҳор, ки нархи мева дар бозоро хеле баланд мегардад, боз ба Душанбе, барои себфурўшӣ омаданд.

Ҳар кадом қарор дод, ки дар аввал меваҳоро фурўхта серпул шуда, баъд Самандарро суроғ карда, аз нав масъалаи хостгории Олиҳаро ба миён мегузорад ва агар бахт хандаду кор пазад, аз ин сӯ дасти арӯсро гирифта, ба хонаи худ мебарад. Аммо кор ба ин ҷо нарасид.

Аз рӯзи омаданашон як ҳафта нагузашта, худи Самандар ба бозор омад, вале танҳо на, Олиҳа ӯро ҳамроҳӣ мекард ва тифли навзоди парпечшуда сари дасташро зиннат медод.

Ҳамдаму Амини аз дидани чунин манзара моту мабҳутгаштаву даступохӯрда ҳамин қадар тавонистанд, ки ба зӯр лаб аз лаб канда, нимшунаво чизе гӯянд...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД