arzon replenishment
ХУШУНАТ НАМЕХОҲЕД? СОҲИБКАСБ ШАВЕД!
1553

Як роҳи зуд ҳал шудани мушкили хушунат нисбати занону духтарон дур шудан аз таассуб ва барои беҳтар шудани вазъи иҷтимоии онҳо талош намудан аст...

Аввали соли равон, Вазорати корҳои дохилӣ аз сар задани як ҷинояти мудҳиш дар ноҳияи Данғара хабар дод. Гуфта мешуд, ки дар паи моҷарои оилавӣ мард дасту пойи ҳамсарашро баста, ба баданаш 34 маротиба корд задааст. Гмонбаршаванда аз сари рашк ба ин ҷиноят даст зада, дар натиҷа ҷабрдида дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст...

Дар ҳодисаи дигар, на шавҳар, балки волидони шавҳар сабаби марги келинашон гаштанд. Ин ҷиноят дар ноҳияи Деваштич рух дода, дар паи он барои ба худкушӣ расонидани келин нисбати хусури 65 сола ва хушдомани 63 сола тибқи қисми 2-и моддаи 109-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноӣ кушоданд.

Чанд сол пеш дар ноҳияи Файзобод низ як хушдомани синну солаш рафтаро барои ба худкушӣ овардани келин маҳбас карда буданд.

                  “Аз барои Худо”?  

Малоҳат (номи мустаор) низ солҳост, ки зери хушунати шавҳар зиндагӣ мекунаду се фарзандашро дар муҳити носолим ба дунё овардааст. Ӯ бо зӯроварӣ зиндагӣ карданро амали маъмулӣ меҳисобад, зеро худаш аз хурдӣ то болиғ шудан зери шиканҷаи падар ба воя расидааст.

_1.[1]Малоҳат чунин андеша дорад, ки таҳаммул кардани мушту лагаду дашном “барои ризои Худо” ва “вориди биҳишт шудан”-и зан вазифаи асосии ҳар як бону аст.  

Хомуши

Вале рӯҳониён мегӯянд, ислом ҳаргиз ҷонибдори зӯроварӣ дар оила, хусусан нисбати занон нест. Ҷамолиддин Хомӯшӣ, сардори Раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон зимни сӯҳбат бо мо гуфт, ки аксари масъалаҳои оилавӣ аз нодонӣ пеш меоянд:

“Тибқи фармудаҳои Худо мард бояд бо ҳамсараш зиндагии шоиста дошта бошад, яъне зиндагие, ки дар он зулм набошад, ситам набошад. Аз рӯи урфи тоҷиконаи мо келин бояд хизмати падару модар ва пайвандони шавҳарашро анҷом диҳад, вале аз нигоҳи ислом ин қарзи келин нест. Ба ҷо овардани хизмати волидон вазифаи фарзанд аст, на келин.”

 Ӯ илова кард, ки вақте байни зану шавҳар нофаҳмиҳо сар мезанад, калонсолон бояд онҳоро насиҳат карда, ба зиндагии орому осуда ташвиқ намоянд, то ки оила пароканда нашавад. Вақте насиҳат ва роҳнамоиҳои пайвандон натиҷа намедиҳад, маҷбур зиндагӣ кардан номумкин аст ва аз назари дин ҳам зиндагӣ маҷбурӣ нест.

Зимнан, қонунгузории байналмилалӣ ва миллӣ ҳам ҳама гуна шаклҳои табъиз ва хушунат алайҳи занону духтаронро манъ мекунад. Ҳукумати Тоҷикистон низ тамоми талоши худро ба ин самт равона карда, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” ва Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оиларо қабул намуд, ки аз ҷумлаи тадбирҳои муҳими давлату ҳукумат мебошанд.

Пас чӣ бояд кард ва оё ин ҳолат танҳо дар ҷомеаҳои мусулмонист?

 photo_2024-02-12_10-19-39                 Хушунат пандемияи “хомӯш аст”

Амина Муҳаммад, муовини Дабири кулли Созмони милали муттаҳид дар суханрониашон қайд карда буданд, ки хушунати хонаводагӣ на танҳо дар Тоҷикистон балки дар тамоми кишварҳои ҷаҳон вуҷуд дошта, мушкилии рақами як, яъне мушкилии “сӯзон” маҳсуб меёбад.

“Яке аз сарчашмаҳои хушунат камбудии иқтисодӣ буда, ҷабрдидаи мустақими ин ҳолат аксаран занон маҳсуб меёбанд, зеро бо сабаби набудани ҷои кор, хароҷоти оила метавонад бештар шавад. Афзоиш ёфтани хушунати хонаводӣ дар сатҳи баланд рафта, танҳо дар 2,5 соли гузашта хушунати ҷинсӣ дар ҷаҳон хеле зиёд шудааст, ки онро метавон як пандемияи “хомӯш” ном ниҳод”, изҳор дошт хонум Амина.

“Сабр кардан роҳи ҳалли масъала нест”

Сабр дар зиндагӣ муҳим аст, вале сабр бояд ба хотири ободӣ бошад. Сабре, ки ба сӯйи зӯроварӣ мебарад, сабри нодуруст ва носолим аст. Вақте дар оила зӯроварии пайваста ҷой дорад, сабр кардан роҳи ҳалли масъала нест, мегӯяд Олег (ном иваз шудааст) , ки пайрави масеҳист ва дар шаҳри Душанбе истиқомат мекунад.

“Зӯроварӣ дар оила аз нигоҳи дини масеҳӣ умуман мумкин нест. Дар ҳолатҳои пайваста рух додани хушунат пеш аз ҷудо шудан бори дигар тарбияи назариявии китоби муқаддасамонро ба онҳо мегузаронанд, ҳамчунин курсҳои равондармонӣ гузаронида мешавад. Дар сурати натиҷа надодани ин роҳнамоиҳо беҳтар аст, ки ин зану шавҳар ҷудо шаванд, то боиси маъюб гаштани яке аз онҳо ё сар задани ягон фоҷиа нагардад” - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Шахсияти инсон бояд эҳтиром карда шавад

Намояндагони баҳоӣ, ки дар Тоҷикистон расман фаъолият мекунанд, хушунату зӯровариро як амали ғайридинӣ ва ғайриинсонӣ меҳисобанд.

DSC09899 (3)Фирӯза Шамсиева, ки пайрави баҳоӣ мебошад, бар он назар аст, ки барои решакан намудани зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон дар оила ва ҷамъият, тағйирот на танҳо дар қонунгузорӣ ва сиёсат, балки дар сатҳи мафкураву фаҳмишҳо ҳам зарур аст.

Ӯ ба ин назар аст, ки ҳам зан ва ҳам мард бояд нақши худро дар эҷоди муносибатҳои солими оилавӣ дарк кунанд ва нисбати аъзои оилаи худ (чӣ мард ва чӣ зан) эҳтиром дошта бошанд, чун фарзандон аз онҳо хубу бадро меомӯзанд:

“Муҳим аст, ки волидон бо ҳамдигар муносибати пур аз меҳру муҳаббат дошта бошанд ва бо рафторашон эҳтиром намудани шахсияти инсонро ба фарзандонашон талқин намоянд. Рӯҳониён, ки дар раванди ташаккули муносибат ва эътиқоди аҳли ҷомеа нақши муҳим доранд, бояд принсипи баробарии мардон ва занонро ба таври возеҳ дастгирӣ кунанд. Ба ҳама гуна таълимоте, ки ба муносибати таҳаммулпазирона ба зӯроварӣ даъват менамояд, хотима гузоштан лозим аст, зеро дар тамоми динҳо зан ҳамчун олиҳа тасвир ёфта, нақши муҳим дорад”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Тавре мебинем, ҳама дину равияҳо ва ҳама қонунгузориҳои миллию байналмилалӣ хушунату зӯровариро дар ҳар шакл, аз ҷумла дар оила маҳкум намуда, онро ҷиноят меҳисобанд.

Манзура Муродова, сардори Ташкилоти ҷамъияти “Саёҳат”, ҷомеашинос дар шарҳи мавзӯъ илова кард, ки хушунат чор намуд-ҷисмонӣ, руҳӣ, иқтисодӣ ва шаҳвонӣ мешавад ва сарчашмаи хушунатҳо аз хушунати иқтисодӣ маншаъ мегирад. Бештари оилаҳое, ки ба хушунат гирифтор мешаванд, маълумоти ҳуқуқӣ надоранд. Бояд маърифати ҳуқуқии ҷомеа, хусусан занҳоро баланд бардорем.

Номбурда қайд кард: вақти он расидааст, ки барои кам кардани сатҳи хушунат дар оила бояд духтарон пеш аз издивоҷ ба касбомӯзӣ ҷалб шуда, дар ҳаёт мустақил шаванд.

“Дар байни аҳолии ноҳияҳои “Дӯстӣ” ва “Ҷайҳун” дар миёни афроди аз 15 сола то 75 сола дар мавзӯи сабабҳои хушунат ва кам кардани он назарсанҷӣ гузаронидем. Аксарияти иштирокчиёни назарсанҷӣ сабабҳои хушунатро дар никоҳи барвақтӣ гуфтанд. Онҳо пешниҳод карданд, ки аввал ба духтарон ягон касб омӯзонида, баъд ба шавҳар додан беҳтар аст. Мо намегӯем, ки бояд панҷ сол таҳсил кунад, чунки на ҳар кас чунин имконият дорад, вале имрӯзҳо қариб ҳамаи ташкилотҳои ҷамъиятӣ марказҳои касбомӯзӣ кушодаанд, ки дилхоҳ нафар метавонад муроҷиат кунад ва касб омӯзад, гуфтанд дар суҳбатҳояшон. Назарҳо аз ҷонибдорӣ аз касбомӯзии духтарон пеш аз издивоҷ зиёда аз 50 фоизро ташкил дод” гуфт ӯ.

Манзура Муродова, дар охири суҳбаташ нуқтаи муҳимро қайд кард, ки яке аз омилҳои асосии ба худкушӣ даст задани занону духтарон хушунати оилавӣ мебошад. Пешниҳод дорам, ки дар вохӯриҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳое, ки дар ин мавзӯъ гузаронида мешавад, имомхатибон ҷалб шаванд, беҳтар мешавад, чунки худкушӣ гуноҳи азим дар ислом мебошад.

Дар ҷаласаи шашмоҳаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати кишвар қайд гардида буд, ки тӯли шаш моҳи соли ҷорӣ (2022) 224 нафар бо сабабҳои гуногун ба худкушӣ даст задаанд, ки аз ин шумора 108 нафарро занон ва духтарони ноболиғ ташкил медиҳанд.

photo_2023-03-10_14-21-32_1

 Ҳилолбӣ   Қурбонзода,   (собиқ) Раиси   Кумитаи мазкур   яке аз омилҳои   асосии худкушии   занону духтаронро   зӯроварии хонаводагӣ гуфта буд.

 

Нисо шарифиНисо Шарифӣ, муовини раиси Лоиҳаи ACTED оид ба пешгирии зӯроварии гендерӣ дар Осиёи Марказӣ  дар як ҳамоиш гуфта буд, ки дар як пурсише, ки дар он 400 нафар иштирок намудаанд, исбот шудааст, ки 97 дарсад мардон ва 72 фисади занон боварӣ доранд, ки зан барои нигоҳ доштани оилаи худ маҷбур аст, хушунати хонаводагиро таҳаммул кунанд. 

 

c13c68a2-36ce-4dec-bcc6-fa1b184591da_w1200_r1_s

Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Суди Олии кишвар аз натиҷаи шашмоҳаи аввали соли 2023 хабар дода гуфта буд, ки дар кишвар 21334 парвандаҳои оилавӣ баррасӣ гардидааст, ки аз он 213 парвандаи зӯроварӣ ва хушунат аст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16 адад кам мебошад.

Тибқи омори ахири Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2023 дар маҷмӯъ 3058 ҳолати хушунат ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 339 ҳолат кам мебошад. 

Хулоса, ҳама дину равияҳо ва ҳама қонунгузориҳои миллию байналмилалӣ хушунату зӯровариро дар ҳар шакл, аз ҷумла дар оила маҳкум намуда, онҳоро ҷиноят меҳисобанд. Аз нуқтаи назари таҳлилгарон ва коршиносон роҳи ҳалли ин мушкилӣ дар баланд бардоштани маълумотнокии ҳуқуқӣ, пешгирии издивоҷи барвақтӣ, соҳибкасб намудани духтарони ҷавон ва ба ин роҳ беҳтар намудани сатҳи иқтисодии оила мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД