sebiston july new
Кӯлобиҳо: Барои ташхиси вирус ба куҷо муроҷиат кунем? (2 акс)
3024

Бо хуруҷи вируси нави корона дар кишвар шубҳаву ташвиши мардум зиëдтар шуд. Акнун аксарият аз худ шубҳа намуда, мехоҳанд аз ташхис гузаранд ва ба саломатиашон боварӣ ҳосил кунанд.

Сокинони шаҳри Кӯлоб ҳам дар баробари истиқоматкунандагони дигар минтақаҳо ба беморхонаҳо рехтаанд ва худро ба духтур нишон доданианд.
Ба гӯшамон овозаҳое расид, ки дар беморхонаҳои Кӯлоб тест гуфтанӣ чиз вуҷуд надорад ва саломатии одамонро ба таври оддӣ санҷида истодаанд. Барои тасдиқи он рӯ овардем ба Маркази саломатии шаҳрии 2.
Дар даромадгоҳи марказ тасбамонро чен карданд ва муътадил гуфта, арзамонро пурсиданд. Посух додам, ки "нав аз беморхона баромадаам ва барои фаҳмидани ҳолатам мехоҳам тест супорам". Чанд нафар масъуле, ки назди дар меистод, аз мани бемор шубҳа карда, парешон шуданд. Акнун масъулиятдорон посухи саволро ба якдигар вогузошта, оҳиста мегурехтанд.
Дар ниҳоят ҳамширае, ки аз ҷониби Маркази вилоятии саратоншиносӣ меомад, гуфт, ки "воҳима накунед. Дар Тоҷикистон ҳоло ин вирус нест". "Аҷабо, ӯ ҳам дар карантин бошад, ки вазъро намедонад ë шояд моҳонаи интернеташ тамом шудааст?"-пурсидам аз худ. Ҳамшира рафт ва дертар духтури айнакдоре баромаду маро ба Беморхонаи вилоятӣ, ки дар паҳлӯи Марказ аст, фиристод.
Ба беморхона бе дастпӯшак даромадан мумкин набудааст, аммо дар дорухонаҳои шаҳр чунин дастпӯшакро дигар намеëбед (мо дар ин бора иттилоъ додем). Гӯë раҳматии Ҳоҷӣ Ҷаббори доруфурӯш дастпӯшакҳоро бо худ бурда бошад, ки баъди марги ӯ ин матои нодири селофанӣ дефитсит шуд (сабабашро доруфурӯшон марги Ҳоҷӣ Ҷаббор аз пневмония гуфтанд. Гӯë танҳо ӯ дорухонаҳоро таъмин мекардааст).
Бо як азоб даромадем ва бо тавсияи фарроши назди дар рафтем тарафи лаборатория. Дар он ҷо моро қабул накарданд (мо дигар муштарӣ қабул намекунем, гуфтанд) ва ба пушти даре фиристоданд, ки қариб 30 кас дар навбат буду ҳама 50 - сӯма мекофт. Он ҷо утоқи ренген будааст ва мо қариб 25 дақиқа беҳуда навбат истодем.
Баъди ноумедиҳо роҳ пеш гирифтем тарафи Беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб (инфексионний). Дар назди дар муҳофизон касеро қабул намекарданд ба ҷуз бемороне, ки бо мошини "Ëрии таъҷилӣ" меоварданд. Ҷанҷол дар ҳаво буд. Дарвоза қулф задагӣ. Муҳофизон воҳимадор меистоданд. Иҷозати рафтан набудааст ва касе аз дар медарояд бояд 14 рӯз ҳатман карантин шавад.

 



Ғавғо бардошта, аз ҳуқуқҳои худ ҳифз кардем (ин ҷо Кӯлоб аст охир ва ҳама кор боғавғо тамом мешавад). Баъди пофишориҳои зиëду "разбор" бо кормандони орган (пурсид, ки аз чӣ шикоят дорам. Гӯë мефаҳмида бошад) иҷозат доданд то назди сардухтур равем. Аз даромадгоҳ то дохили бино оддитарин шароит нест. Табибон либоси муҳофизатӣ надоранд ва бо халати оддӣ бемор қабул карда истодаанд.


Дар қабулгоҳи сартбиб Саидов бемор бисëр буд. Баъди 40 дақиқа навбат ба мо расид. Аҳволамро фаҳмонидам ва гуфтам, ки нав аз беморхонаи "Истиқлол" ҷавобам доданд. Мехоҳам тест гузарам. Духтур фаҳмонд, ки дар Кӯлоб ягон адад тест нест. Табибон ҳатто либоси муҳофизатӣ надоранд. "Мо онҳоро аз рӯи ренген ташхис мекунем. То ҳол ягон нафар коронавирус нашудааст дар шаҳр. Гирифторони пневмония 31 нафаранд. Доруҳо ҳамка мчин"-гуфт Саидов.
Шубҳа бештар шуду бо тавсияи сартабиб омадам ба Маркази санитарию эпидимиологии минтақавии Кӯлоб (СЭС). Муовини директор қабулам карду айнан гапҳои Саидовро гуфт ва барои тасдиқ ба директори Марказ Даврон Ахмедов, ки ҳамзамон роҳбари Ситоди минтақавии пешгирӣ аз вирус будааст, занг зад. Ӯ дар суҳбати телефонӣ гуфт: "Дар ҳақиқат мо чунин тест надорем. Аз Душанбе дархост кардем, аммо кай меоранд номаълум. Шукр, ки ҳанӯз ягон нафарро ҳам ба қайд нагирифтаем. Агар шумо хоҳед, рақами телефонатонро гузоред. Оварданд мо ба шумо занг мезанем, вале агар муҳим бошад ба Душанбе равед".

Ҳанӯз касе бемор нашудааст гуфта, шояд ба кӯлобиҳо тест надодаанд. Аммо бе тест беморонро муайян карда намешавад, чунки ренген инро нишон намедиҳад. Мо ҳам рақамамонро гузоштему омадем ва инак чун садҳо нафари дигар, ки боумед рақам гузоштаанд (аз дафтарча аëн буд) мунтазири занги вирусшиносони ин марказем. Банда бо уммед гуфтаанд.
Мирсаид С

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД