shoh palace
МАРДҲО НАХОНЕД! МАСЛИҲАТ БА ЗАНҲО!
18490

 

Тарашшуҳот аз узвҳои ҷинсӣ, дард ҳангоми муносибати маҳрамона, пешобро дошта натавонистан ва дигар мушкилиҳои занона бемориҳои маҳмуле ҳастанд, ки ҳамарӯза занону бонувон аз он азият мекашанд. Сабаби пайдоиши чунин бемориҳои ногувор дар чист ва барои рафъ намудани он чӣ бояд кард?

  1. Тарашшуҳот

Одатан тарашшуҳоти маҳбал часпак ва бадбӯй мешавад. Агар тарашшуҳот ранги сафед дошта бошад, ин нишонаи инфексияҳо аст, бӯйи тез доштани он аз вуҷуд доштани трихомониаз далолат медиҳад. Дар чунин ҳолатҳо шумо бояд ба табиби амрози занона муроҷиат намоед. Хориш, сӯзиш ё бӯйи нохуши маҳбал бояд шуморо ба ташвиш оварад. Дар баъзеҳо шояд ин нишонаҳои беморӣ набошад, вале аксаран аз пайдоиши инфексия далолат медиҳад. 

Фаромӯш накунед, ки аз ҳад зиёд тоза кардани узвҳои ҷинсӣ ба ҷойи фоида зарар меорад. Зуд-зуд бо салфеткаҳои намнок пок кардану шустушӯи узвҳои ҷинсӣ тавсия дода намешавад. 

  1. Хунравӣ байни давраи ҳайз

Бонувони зиёде шикоят мекунанд, ки ба ғайр аз ҳайзбинии ҳармоҳа, ки панҷ рӯз давом мекунад, баъди чанд рӯз боз хунравӣ ба вуҷуд омада, боиси нороҳатӣ ва худро бад ҳис карданашон мегардад.

Ҷорӣ шудани тарашшуҳоти хунин дар мобайни давраи гулдоманӣ чизи муқаррарӣ аст. Баъзе бонувон ҳангоми омодаи ҳамл шудани тухма ба чунин ҳолат гирифтор мешаванд. Рафту тарашшуҳоти хунин аз 2-3 рӯз бештар ҷорӣ шавад, бояд ба ин чиз диққат диҳед. 

Сабаби хунравӣ инфексияи увзҳои ҷинсӣ ё гарданаи бачадон, полип, миомаи бачадон, бемории ғадуди сипаршакл ва қабул кардани доруворҳои тунуксозандаи хун буда метавонад. Хунравӣ пайваста ва дарднок бошад, ба табиб муроҷиат кунед. Як сабаби хунравии байни ҳайз истеъмоли дорувориҳои зидди ҳамл мебошад.

  1. Дард ҳангоми мубошират

Ҳангоми мубошират зан набояд дардро ҳис кунад, агар шумо ҳангоми муносибати маҳрамона дардро ҳис кунед, ба табиб муроҷиат намоед. Сабабҳои дард ҳангоми ҷимоъ хеле зиёданд: эндометриоз, кистаи тухмдонҳо, инфексияи пешобдон ё бемориҳои илтиҳобии узвҳои ҷинсӣ. Дард баъди алоқаи ҷинсӣ рафъ гардад, боке нест, вале рафту баъди мубошират низ дард рафъ нагардад, ба табиб муроҷиат кунед.

Ҳамзамон дард ҳангоми мубошират бо хунравӣ ё таби баланд зуҳур намояд, зуд ба назди табиб шитобед. 

  1. Осеб ёфтани узвҳои ҷинсӣ

Дар семоҳаи дуюми ҳомиладорӣ сари кӯдак поён фаромада, боиси васеъ шудани бачадон мегардад. Пас аз таваллудкунӣ зан худро «холӣ» ҳис мекунад. Аз рӯйи ҳисоби миёна сари кӯдаки солим 10 см аст. Маҳбал мисли халтачае аст, ки чанд қабат дорад. Қабати беруна аз бофтаи мушакҳо иборат буда, дохилияш пардаи луобӣ дорад. Ҳар ду қабат ҳам ҳангоми тела додани тифл васеъ мешаванд. Дараҷаи васеъшавии маҳбал аз ҳолати пешинаи он вобастагӣ дорад, дар баъзе бонувон мушаки маҳбал ба зудӣ шакли пештараашро намегирад. Бо сабаби даридани узвҳои ҷинсӣ зан худро бад ҳис мекунад, чунки мушакҳои маҳбал барқарор намешаванд. Барои ба ҳолати пештара баргаштан бонувон бояд аз машқҳои махсус ё аз ҷарроҳии пластикӣ истифода баранд. Дар натиҷаи чунин ҷарроҳӣ маҳбал аз нав ҳолати пештараашро мегирад. 

  1. Пешобро дошта натавонистан ҳангоми ҷимоъ

Бонувони зиёде ҳангоми муносибати маҳрамона пешоби худро дошта натавониста, дар ҳоли ногувор мемонанд. Барои ба чунин ҳолат гирифтор нашудан, қабл аз мубошират пешоб кардан лозим аст. Шумо ҳангоми ҷимоъ бисёр пешоб мекарда бошед, ин нишонаи пешобро дошта натавонистан ва бемориҳо буда метавонад. Пешобдон дар болои бачадон ҷойгир шудааст, аз ин лиҳоз, ҳангоми зиёд шудани рағбат пешобдон низ фишурда шуда, каме пешоб мебарорад. Каме ҷорӣ шудани пешоб ҳангоми ҷимоъ ягон хатар надорад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД