Arzon march 2024
Либосат бенамоз мешавад агар...
881

 

Мегуфтед, ки дар вақти оғӯш гирифтани ҳамсар агар аз шармгоҳ об хориҷ шавад ва ба либос расад, оё ғусл воҷиб шуда, либос бенамоз мешавад?

 

Лутфулло

Бародари азиз, аз шармгоҳ (роҳи пеш) чор навъ об хориҷ мешавад: манӣ, мазӣ, вадӣ ва пешоб. Манӣ обест, ки дар ҳолати эҳтилом ё ҳамхоба шудан бо ҳамсар ва баъзан дар ҳолати нигоҳи бошаҳват ё оғўш гирифтан бо ҷаҳиш ва шаҳват хориҷ мешавад.

Мазӣ обе аст, ки дар ҳолати нигоҳи бошаҳват, оғўш гирифтан ё бўсидани ҳамсар мебарояд. Вадӣ ҳамон оби рақиқи беранг аст, ки гоҳ-гоҳе бар асари хунукзадагӣ хориҷ мешавад. Дар ҳолати хориҷ шудани манӣ ғусл воҷиб мешавад.

Дар ҳолати хориҷ шудани мазӣ, вадӣ ва пешоб фақат вузў бар инсон воҷиб мешавад, на ғусл. Дар ҳама суратҳои мазкур агар либос ба яке аз инҳо олуда шуда бошад, шустани он лозим ва воҷиб мешавад.

Раёсати фатвои Шӯрои уламо

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Шахноза 2023-07-27, 19:51
Асалому алейкум . Дар холате ки кудак кайт кунай е партояд дар либос, либос бенамоз мешавад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Шахноза 2023-07-27, 19:51
Асалому алейкум . Дар холате ки кудак кайт кунай е партояд дар либос, либос бенамоз мешавад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД