Formula 2025 may
Ман қотилам, мардум… (ҚИСМИ 3)
1729

Пас аз як соли вохўриҳоямон ман ҳомила шудам, аммо падари фарзандам зидди тавлиди ў буд. Дар ин ҳангом падарам низ аз олам гузашта буду намедонистам бо ин меваи гуноҳам ба куҷо равам.

Дар ин ҳолат низ кампири рус мададгорам гашт:

- Духтарам, бигузор Алик (ў ошиқамро ҳамин тавр ном мебурд) кўдакро нахоҳад, охир ў соҳиби зану фарзанду набера аст, аммо туро чӣ ҷин задааст, ки кўдакатро мекушӣ?! Бигузор бача ба дунё ояд, мо ҳарду як бало мекунем, зӯрамон нарасад, ба Толя, ҷияни ман, ки дар Олмон мезияд, занг зада, ёрӣ мепурсем.

Ман ин ҳамаро ба Азим гуфтам, аммо ў бо қатъият амр дод:

- Агар минбаъд бо ман будан хоҳӣ, аз баҳри ин ҳаромӣ мегузарӣ!

Қотил

Худи ҳамон рўз ба маслиҳати кампираку ҷангу ҷанҷолаш, ки як умр дар фироқи бефарзандӣ месӯхт, гўш накарда, ба духтур рафта, исқоти ҳамл кардам. Аз духтурзани яҳудӣ хоҳиш кардам, ки пораҳои фарзандамро ба ман диҳад, зеро намехостам ўро чун партов ба партовгоҳ партоянд. Духтур бо тааҷҷуб гӯштпораҳои хунолудро дар латтачае почонида, ба ман дод, ман онҳоро ба рўймоли сарам печонида, ба сумкаам мондаму баъди чанд соат ба хона баргаштам. Кампирак дар ҳуҷрааш худашро қуфл карда, бо ман гап намезад. Ҳамон шаб Азим бо дастовези зиёде омада, маро дилбардорӣ карду рафт. Шаб аз нима гузашта буду хобам намеомад, рўймоламро, ки дар он ҷисми пора-пораи ҷигарбандам мехобид, ба даст гирифта, зор-зор гиристам. Шура-хола гиряҳои зор-зори маро шунида, наздам омада, рўймолро аз дастам гирифта, ба берун баромад, ман низ аз пасаш баромадам. Ҷисмаки нозуку пора-пораи фарзандамро мо ду нафар - як пири насронӣ ва як бонуи ҷавону беимони мусулмон зери чинори назди бинои истиқоматӣ гўр кардем. Шура-хола бо корди гўштмайдакунӣ заминро чуқур кофту рўймолоро он ҷо гузоштем, рўйяшро хок пўшонида, сангеро ба рӯяш гузоштам.

Аз ин ҳодиса нуздаҳ сол сипарӣ гашааст. Шура-хола пеш аз ин дунёи фониро тарк гуфтан хонаю дарашро ба номи ман кард. Азим низ баъди даҳ соли вохўриҳо маро зани дуюм карда гирифт, зеро ба муҳаббати покам боварӣ кард. Имрўз ман ҳама чизро дорам, ду писари нозанин, шавҳар, хонаю дар, мансабу мошину пулу сарват, вале рўҳаки саргардони нахустфарзанди бо дастони худ куштаам маро ором гузоштанӣ нест. Ҳар шаб ман писарчаеро хоб мебинам, ки бо даҳони пури хун аз байни хуну халофу ифлосиҳо дастакони нозукашро сўям дароз карда, чиррос мезанад: “Оча, очаҷон, маро гир!”. Баъзан, ў бо дастчаҳояш доманамро чунон мустаҳкам медорад, ки халос нахўрда, тарсидаю дод зада, бедор мешавам. Он чинорро низ кайҳо буридаанду аз рўи гўри фарзанди ман пиёдароҳа мегузарад. Ҳар гоҳе мебинам, ки анбуҳи одамон аз болои он мегузаранд, гиряи ҷонхароши тифлона гўшҳоямро кар мекунад. Намедонам дардамро ба кӣ гўям! Хўрдани ҳабҳои таскнибахшу хайру садақаи зиёдам ба хонаи ятимону маъюбон ҳам наметавонад дардамро сабукӣ бахшад, метарсам, ки девона мешавам…

Шояд, кушодани ин асрор дар назди шумо, хонандагони азиз, дардамро каме сабук гардонад. Беҳуда нагуфтаанд, ки заҳри одамро одам мегирад…

СУҲАЙЛО

Таснифи Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД