arzon replenishment
Мард қасам хӯрад, занаш талоқ мешавад?
606


Дар байни ману ҳамсарам ҷанҷол рух дод. Ӯ ба хонаи модараш рафт. Модари ман асабонӣ шуд. Барои ором шудани модар гуфтам: “Намеравам ба сарашон, даркорам нестанд, на зан, на фарзанд”. Оё дар ин ҳолат ҳамсарам ба ман талоқшуд?
Абдулазиз, н. Варзоб.

                Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ:
Бародари азиз, дар сурати мазкур талоқ воқеъ нашудааст, зеро мақсади шумо ором кардани модар будааст, на талоқ додани ҳамсар. Дигар ин ки шумо калимаи талоқро ба забон нагирифтаед. Талоқ ин раванди осон нест, ки бо ҳар қасам ва ё амал иттифоқ афтад. Кӯшиш кунед, ки бо ҳамсаратон забон ёбед, зиндагии ором дошта бошед ва аз ҳама муҳим фарзандони солеҳ ва мусалмон ба воя расонед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД