Arzon march 2024
Марди тиллофурӯш Замираро бомж кард
2879

 

Зиндагӣ баъзан ба сари инсон чунон фоҷиаҳоеро меорад, ки кас роҳгум зада, намедонад сарашро ба кадом дару девор занад.

Ман аз тоифаи ҳамон раҳгумзадагони пайроҳаи муҳаббат ҳастам ва мехоҳам саргузашти талхамро қисса кунам, то ба дигар духтарҳо дарси ибрат шавад ва мисли ман ба чоҳи макру фиреби ҷавонони булҳавас афтида, ҳаёти худро насӯзонанд.

Замира ном дорам, зодаи Душанбешаҳр ҳастам. Дар оилаи миёнаҳол ба воя расидаам. Падару модарам одамони хоксору заминӣ бошанд ҳам, соҳиби обрӯю эҳтиром буданд. Ман, ки духтари хурдии оила ҳастам, аз айёми кӯдакӣ падару модарам маро эрка карда, ҳар чизи мехостаамро дарҳол бароям муҳайё мекарданд. Бародарону хоҳаронам ҳақ надоштанд, ки пишаки маро пишт гӯянд, дар хона худам шоҳу табъам вазир буд, ҳар чи мехостам, мекардам. Дар мактаб ҳама маро зебосанам меномиданд, чунки дар ҳақиқат соҳибҷамол будам. Мӯйҳои дарозамро майдабофӣ карда мегаштаму аз нигоҳҳои пурҳаваси мардум лаззат мебурдам.

Ишқи магазинчӣ

Аз маҳаллаи мо каме дуртар як мағозаи ҷавоҳирот буд. Рӯзе ҳамроҳи дугонаҳоям барои тамошо ба он мағоза даромадем. Фурӯшанда ҷавони зебое будааст, вай мафтуни ҳусну ҷамоли ман гашта гап партофт, вале ман ҳавобаландона аз наздаш гузашта азми аз мағоза баромадан намудам. Ҷавон «рақамҳои телефонатро деҳ» гӯён, мағозаро ба ҳамкораш гузошта аз пасам баромад. Дилам аз ҳаяҷон меларзид, осемасар бо дугонаҳоям хайрухуш намуда ҷониби хонаамон равон шудам. Ба қафо нигоҳ накарда роҳ равам ҳам, эҳсос мекардам, ки ҷавон ҳамоно аз пасам меояд. Қадамҳоямро тезтар карда, ниҳоят аз ҳаяҷон қариб нафасгир шуда ба хона расидам. Ҷавон хонаамонро диду ба қафо баргашт.

Акнун ҳар боре, ки аз назди он мағоза мегузаштам, магазинчӣ -Зафар ба гӯши ман афсонаи муҳаббат мехонд. Оқибат дили девонаи ман низ моил гашту рақамҳои телефонамро додам. Дугонаҳоям маро сарзаниш карда мегуфтанд, ки Зафар писари як марди бой аст ва онҳо туро ҳаргиз келин намекунанд, вале мани мағрур суханони онҳоро рашку ҳасад пиндошта, баръакс барои сӯзонданашон торафт бо магазинчии зебо қаринтар мешудам. Пас аз дарсҳо бо Зафар ба сайру гашт мебаромадем. Фахр мекардам, ки чунин ҷавони зебою сарватманд аз байни ҳазорон духтарон маҳз маро интихоб кардааст. Худро хушбахттарин духтари дунё меҳисобидам ва мисли Лайлӣ як лаҳза тоқати фироқ надоштам. Мехостам Зафар ҳамеша дар канорам бошад, аммо…

Чормағзи пуч

Зафар бо хоҳиши худаш ба хизмати ҳарбӣ рафт. Қариб ҳар рӯз занг зада аз ҳолу аҳволаш хабардор мешудам. Пас аз ду моҳ косаи сабрам лабрез гашту майда-чӯйдаи зиёд гирифта ба хабаргириаш рафтам. Тақдирро бинед, ки ҳамон рӯз модараш ҳам ба дидорбинӣ рафта будааст. Зафар чизеро пинҳон надошта маро бо модараш шинос кард. «Зуд-зуд аз ҳоли писарам хабардор шав, ҳатман туро келин мекунам»,- гуфт бовиқор модараш ҳангоми хайрухуш кардан. Мани содда хурсанд шуда минбаъд дар ҳар иду маросим мурғбирёну моҳибирён ва шириниҳои зиёд гирифта Зафарро хабаргирӣ мерафтам. Ба телефони мобилиаш пул мегузарондам, аммо…

Ҳукми модар

Рӯзе Зафар занг зада гуфт: «Замира дигар маро мунтазир нашав! Ба шавҳар баро, аз паси зиндагиат шав. Ҳар чи байни мо буд, гузашт…» Бо шунидани ин суханҳо мӯи баданам хест. Гирён шуда пурсидам: «Чаро ин хел мегӯӣ, Зафар? Тӯли ду сол туро мунтазир шудам, агар лозим бошад, боз чанд соли дигар интизор мешавам…» Ошиқам ба миёни гапам лагад зада гуфт: «Беҳуда умед набанд, Замира, ман бо ту хонадор шуда наметавонам. Модарам бароям арӯси дигареро таги чашм кардаанд. Бовар накунӣ, мана худат бо модарам гап зан!» Лолу карахт монда чӣ гуфтанамро намедонистам. «Гӯш кун гадодухтар, ман ҳеҷ гоҳ ту барин духтари бероҳаи кӯчагиро келин намекунам. Беҳтараш писари маро ба ҳоли худаш гузор…» Бо шунидани ин суханҳои нешдори модари Зафар телефон аз дастам афтид. Дилам якбора аз одаму олам хунук шуд. Акнун фаҳмидам, ки дугонаҳоям рост мегуфтаанд, бою камбағал ҳеҷ гоҳ ҷуфти муносиб намешаванд.

Аз пайи дониш

Барои он ки ишқи нокомамро фаромӯш кунам, ҳуҷҷатҳоямро ба донишгоҳ супурда донишҷӯ шудам. Мурғи дилам мурда дигар ба ягон ҷавон аҳамият намедодам. Ҳушу ёдам танҳо ба омӯзиши илму дониш банд буд, вале…

Бозгашти ошиқи хира

Ҳамин тавр аз байн ду сол гузашт. Саргарми ташвишҳои донишҷӯйӣ ман қариб ишқи аввали бе ҳосиламро фаромӯш карда будам, вале ошиқи номардам Зафар боз ба ҳамон мағозаи пештарааш ба кор омада, ҳаёти ороми маро ноором намуд. Сари роҳамро гирифта зораю тавалло мекард, ки то ҳол хонадор нашудаасту ғайр аз ман каси дигарро дӯст намедорад, аммо ман дигар ӯро намехостам. Ишқи Зафар дар қалби шикастаи ман кайҳо мурда буд. Гаштаю баргашта инро ба ӯ мегуфтам, вале бойбачаи шилқин ҳеҷ аз домонам даст намекашид. 

Қасоси бойбача

Пас аз чанде ба хонаамон хостгор омаду аз апаам пештар маро ба шавҳар доданд. Хурсанд шудам, ки аз Зафар халос мешавам, вале рӯзи тӯй дар даромадгоҳи маҳаллаамон бойбачаи аҳмақ бо чанд нафар ҷӯрааш мошини загсро манъ карда, домодро лату кӯб кардааст, ки чаро ту номзади маро ба занӣ гирифтӣ. Домод аз ҳамон ҷо гашта меравад. Либоси арӯсӣ дар тан домодро мунтазир будам, вале ба ҷойи шаҳбача хабари шуми занозанӣ ва қаҳр карда рафтани қудоҳо ба хонаамон расид. Бародаронам маро лату кӯб карда, баъд ба хонаи падари Зафар рафта ҷанҷол бардоштанд. Ҳамин тавр шармандаю бадном шудам, дигар аз шарм ҳатто ба кӯча баромада наметавонистам. 

Як шаппотӣ ба рӯйи арӯс

Рӯзе шунидам, ки Зафар тӯй дорад. Кори кардаи ӯ ҳоло ҳам аз ёдам нарафта буд. Дар дил алам доштам. Қасд кардам, ки ман ҳам кори аз дастам омадаро дар ҳаққаш мекунам. Ноаён аз хонаамон баромада рост ба тӯйхона рафтам. Аҳли хонавода аз паси такудави худ овора буданд. Касе ба ман аҳамият намедод. Ҳамин дам садои карнаю сурнай баланд шуд ва сигнали дурударози мошинҳои корвони арӯсӣ аз омадани келину домод паём дод. Вақте ки Зафар арӯсашро аз мошин мефаровард, тозон ба наздашон рафтам ва чанг зада тӯри сафедро аз сари арӯс канда гирифтаму ба рӯяш як шаппотӣ задам. Дилам бо ин ҳам ором нашуда аз мӯйи сараш доштам ва кокулонашро титу парешон кардам ва рӯяшро бо нохунҳоям канда хуншор намудам. Арӯс доду фиғонкунон ёрӣ мепурсид, вале рафтори ваҳшиёнаи ғайриинтизори ман ҳамаро лолу карахт карда буд, то меҳмонону хонадорҳо ба худ омаданд, ки ман кори кардаамро дар ҳаққи келину домод карда фирор намудам. Медонистам, ки падару модари Зафар баъди ин маро ором намегузоранд, барои ҳамин худи ҳамон рӯз чипта харида ба Русия омадам.

Фирорӣ

Хушбахтона дар Маскав як шиноси падарамро, ки Хайрулло ном дошт, вохӯрдаму вай маро дар ошхонааш ҳамчун пешхизмат ба кор гирифт. Зиёда аз 3 сол дар ҳамон ҷо кор кардам. Рӯзе аз забони акаи Хайрулло шунидам, ки Зафар барои қасос гирифтан номуси апаамро доғдор намуда, ӯро зӯран таҷовуз кардааст. Аз нақли акаи Хайрулло дарк кардам, ки агар бародаронам маро ёбанд, зинда намегузоранд. Ҳамеша бо тарсу ларз мегаштам. Рӯзе дар бозори назди ошхонаамон аз дур бародари хурдиамро дидам ва ба касе чизе нагуфта фирор кардам. Тули ду ҳафта аз хобгоҳ берун набаромадам, метарсидам, ки акаи Хайрулло маро ба бародарам месупорад. Дигар на пул доштаму на чизи хӯрданӣ. Ниҳоят аз гуруснагӣ ҷонам ба лабам расида ба партовҷои назди хобгоҳамон рафтам ва аз миёни партовҳо хӯрокҳои вайроншудаи одамонро ҷамъ оварда шикамамро сер кардам. Минбаъд аҳволам ҳамин буд. Рӯз то рӯз ҳолам бадтар мешуд. Оҳиста-оҳиста дар партовҷо бо бомжҳо ҳамроҳ шуда, арақ менӯшидагӣ шудам. Дар ғарибӣ аз бекасиву танҳоӣ ва гуруснагиву ташнагӣ сахт азият кашида барои дур сохтани ғаму аламҳои дилам сигор мекашидаму аз маводҳои сахттаъсир истифода мебурдам. Наркоман шуда будам.

Дар беморхона

Рӯзе аз ҳад зиёд шароб нӯшида мисли ақлбохтаҳо дар кӯчаҳо афтону хезон мегаштам, ки ногоҳ мошине дар наздам истоду аз дарунаш акаи Хайрулло баромад ва маро зӯран ба мошин савор кард. Он рӯз вай маро ба беморхона бурда хобонд ва аз паи табобатам шуд.

Тамоми аъзои баданам дард мекард, вале духтурҳо намегузоштанд, ки ба шаробу сигор ҳатто наздик шавам. Қариб ду моҳ дар беморхонаи махсус табобат гирифта оҳиста-оҳиста ақлу ҳушам ба сарам омад. Акнун фикр мекардам, ки баъди аз бемористон баромадан ба куҷо меравам ва ҳаётамро дар ин мулки ғарибӣ чӣ гуна мегузаронда бошам. 

Бозгашт ба Ватан

Рӯзе, ки аз беморхона ҷавоб шудам, аккаи Хайрулло маро ба мошин савор карда рост ба Аэропорт овард. «Акаҷон, маро ба куҷо мебаред?» пурсидам бо тааҷҷуб. Дӯсти падарам табассум карда гуфт: «Туро ба Ватан гусел мекунам, духтарам!» Талхакаф шуда зорӣ кардам: «Қурбонатон шавам тағоҷон, маро равон накунед, бародаронам маро зинда намегузоранд…» Акаи Хайрулло ваъда дод, ки касе ба ман кордор намешавад, зеро вай аллакай бо падарам маслиҳат кардааст. Ба ин марди худоҷӯй миннатдорӣ баён намуда ба Ватан баргаштам. Ба хона наздик мешудаму дасту пойҳоям аз тарс дарақ-дарақ меларзиданд, вале ҳангоме, ки вориди ҳавлӣ гаштам, падару модарам гӯё чизе нашуда бошад, бо чеҳраи хандон ба истиқболам бархостанд. Ашки шодӣ аз чашмонам жола-жола рехта ба рухсораҳоям мечакид. Ҳама як-як маро ба оғӯш гирифта мебӯсиданд. Падару модарам аз ғами ман пир шуда буданд. Апаамро ба шавҳар додаанд. Ба акаи Хайрулло ҳазорҳо бор раҳмат мегӯям, ки маро аз роҳи бад баргардонда зиндагии дубора бахшид.

Ҳаргиз фирефтаи мардони булҳавас нашавед, бонувони азиз! Ишқу ошиқӣ ба сари инсон чӣ бадбахтиҳоеро ки намеорад…

Замира

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД