Commerc banl
Модар ӯгай намешавад (ҚИСМИ 3)
99

Дар ҳамон лаҳзаҳо дилам тика шуд. Ман ба чашмонаш нигоҳ кардам, чашмонаш пур аз дард буданд, вале дар он ҷо меҳрубонӣ буд.

— Бубахшед… — оҳиста гуфтам ман, ва овозам меларзид. — Ман инро аз рӯи қаҳр гуфтам.

Ӯ сарамро сила кард.

— Ман наранҷидам, духтарам. Баъзан дил пур мешавад ва суханҳо худ аз худ мебароянд.

Ман сарамро ба китфи ӯ мондам. Бори аввал ҳис кардам, ки ин зан, ки ман ӯро «ӯгай» меномидам, воқеан аз дигарон дида ба ман меҳрубонтар буд чун модар. Шояд модар танҳо касе нест, ки туро ба дунё меорад… модар ҳамон касест, ки бо тамоми вуҷудаш туро дӯст медорад.

Шабе, вақте, ки ҳама хоб буданд, модарандарам танҳо нишаста буд. Ӯ шабонгоҳ ба Худованд нола мекард. "Эй Худо, ман намехоҳам онҳоро маҷбур кунам маро модар гӯянд. Фақат мехоҳам як рӯз фаҳманд, ки ман онҳоро дӯст медорам."

Аз суханони модарандарам ба баданам мурғак дамид. Талх-талх гиристам. Саҳар хестаму то бедор шудани модарандарам субҳона омада карда ӯву падарамро пешвоз гирифтам. Худам давида модарамро оғуш кардаму бо чашмони пур аз ашк гуфтам:

— Модар… Ин калимае буд, ки ин мушти пар солҳо интизор буд. Ҳамин тавр то охири умр модарандарам ба мо меҳрубон буд ва моро чун фарзанди худаш дӯст медошт. Падарамро дар ҳоли пириву беморӣ доимо ҳамроҳӣ мекард. Барои ҳамин духтарам ту дар ин хона танҳо меҳмонӣ. Барои ба падарат келин кардан монеъ нашав. Додаронат ҳам ҳоло хурданд. Онҳо ба воя расанд ҳам оила барпо мекунанду бо ҳамон оилаи худ машғул мешаванд. Аммо падарат тани танҳо муштоқи дидори онҳо худаш худашро мехӯрад.

Зан метавонад боқимондаи умрашро бо танҳоӣ гузаронад аммо барои мард дами пирӣ ҳамдаму ҳамроз лозим аст.

Зеро вақте синну сол меравад дил ба суҳбат ва меҳрубонӣ бештар ниёз пайдо мекунад. Падар низ инсон аст — мехоҳад дар паҳлӯяш касе бошад, ки ғамашро фаҳмад, ҳолашро пурсад ва рӯзҳои пириро бо гармии дил сабуктар кунад. Танҳоӣ хост Худост. Инсон бо ҷуфташ зебанда аст. Аз ин рӯ ба оиладор шудани падар монеъ нашав.

-Саргузашти талхи хушдоман, ки пураз ҳикмат буданд ба Азиза таъсир кард. Беихтиёр ҳиққосзанон гириста "ман розӣ аммаҷон" гуфт.

Ба Амирнаср хоҳаронаш зани оқилаеро келин карданд, ӯ дар ҳусну ҷамол ҳам, дар рафтору кирдор ҳам ба Аниса монанд буд... Ӯ ба зудӣ тавонист дили ҳама аъзои хонадонро ба даст оварад. Падари Азиза, ки солҳо танҳоиву ғамро паси сар карда буд, акнун дар чеҳрааш нишонаи оромӣ ва шукргузорӣ пайдо шуда буд.

Ҳамин тавр, аз байн солҳо гузаштанд. Чигунае, ки хушдомани Азиза гуфта буд, додаронаш оила барпо карда, ҳар кадом аз пайи ташвишу зиндагии худ шуданд...

Азиза ҳар гоҳе ки ба хонаи падар мерафт, медид, ки падар дигар он марди ғамгин нест. Дар канораш ҳамсаре буд, ки бо сабру меҳрубонӣ хонадонро нигоҳ медошт. Ӯ ба фарзандон мисли модар муносибат мекард, суханаш мулоим ва қалбаш пок буд.

Азиза дар дил шукр мекард. Ӯ хушҳол буд, ки барои ба падараш зан гирифта додан розӣ шуд. Агар он рӯз розӣ намешуд, шояд падар то ҳол танҳо мемонд. Акнун бошад, дар он хона боз ханда, гармӣ ва оромӣ ҳукмфармо буд.

"Раҳмат хушдоманҷон" гӯён, ҳар боре, ки аз хонаи падар меомад, хушдоманашро маҳкам оғӯш гирифта мебӯсид ва меафзуд:

- Бале, модар ӯгай намешавад! Модар МОДАР аст!

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД