sebiston july new
Мавлуда шавҳари афғон карду...
2929

 

НИКОҲ БО ХОРИҶИЁН ДАР СУҒД КАМ ШУДААСТ, ВАЛЕ...

Дар вилояти Суғд никоҳ ба хориҷиён сол то сол кам шуда истодааст. Бино ба гуфти Фараҳманд Ҳайдарӣ, масъули САҲШ-и вилояти Суғд дар давоми шаш моҳи соли 2022 дар ҳудуди вилоят 15 ниикоҳ бо хориҷиён ба қайд гирифта шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта як адад камтар аст.

 аз11

Соли 2020 дар вилоят 20 никоҳ бо хориҷиён, соли 2021 16 ва имсол 15 никоҳ ба қайд гирифта шуда, сол то сол камтар шудани ин раванд ба мушоҳида мерасад. Бештари никоҳҳо байни шаҳрвандони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баста шудаанд. Аз 15 никоҳ бо хориҷиён ҳамагӣ 4 адад бо шаҳрвандони кишварҳои Қирғизистону Қазоқистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чину Рассия як ададӣ ба қайд гирифта шуда, боқӣ 11 никоҳ танҳо бо шаҳвардони ҳамсоякишвари Ӯзбекистон аст.

          Мавлуда чӣ тавр то Кундуз рафт?

Оила барпо кардани духтарону занони тоҷик бо шаҳрвандони дигар кишварҳоро натанҳо дар байни ҷавонон, балки дар насли миёнаву калонсол низ ба мушоҳида мерасад. Яке аз чунин занҳои ҳаваси шавҳари хориҷӣ кардаи тоҷик як сокини Вилояти Суғд бо номи Мавлуда мебошад, ки 57-сол дорад. Ин зан бо як марди афғон, ки аз симкорти тоҷикӣ истифода мекардааст, тариқи телефонӣ шинос шуда, ба доми ин мард меафтад ва ба ваъдаҳои осмонии ошиқи афғонаш бовар карда, пас аз се моҳи ин шиносоӣ бо пули фиристодани Маҷнуни афғонӣ болу пар бароварда, ба он сӯи марз, ба назди Имом-соҳиб меравад, аммо...

Ҳоло Мавзуда аз ин шиносоии телефонӣ хеле сахт пушаймон аст ва худро мисли мурғи посӯхта ба ҳар сӯ мезанад, то дубора ба Ватан, ба зодгоҳаш баргардад, вале бозгашти ӯ ба Тоҷикистон танҳо бо кӯмаки мақомоти қудратӣ амалӣ мешаваду халос.

Саволе ба миён меояд, чаро Мавлудае, ки болу пар бароварда ба Афғонистон рафт, акнун аз кори кардааш пушаймон аст? Дар посух ба ин суол худи Мавлуда ба расонаҳо гуфтааст:

“Бо марди афғон, ки рақамҳои телефонаш тоҷикӣ буд, се моҳ сӯҳбат кардем, характерҳои ҳамдигарро омӯхтем. Ман то дами ба наздаш рафтан умуман ӯро надида будам, вале овозаш писандам афтода буд. Аз рӯи овозаш марди хушсурату хушсират менамуд, барои ҳамин розӣ шудам, ки ҳамсараш гардам, то дар дами пирӣ азоби танҳоӣ накашам. Ман мехостам дар симои ин мард ҷуфти худро пайдо кунам, то дар зиндагӣ такягоҳам гардад ва бо ҳамин умед пешниҳодашро қабул карда, розӣ шудам, ки ба Афғонистон ба наздаш равам.

Хулоса, марди афғон пул фиристод ва ман ҳуҷҷатҳоямро дуруст карда рӯзи 2-уми ноябри соли 2016 ба Афғонистон рафтам. Тӯли се моҳе, ки бо он мард гап задем, доим мегуфт, ки ӯ низ мисоли ман бева аст, зан надорад, аммо ин гапҳо барои маро ба дом афтонда будаасту халос. Вақте ба Афғонистон рафтам, вай маро зани дуюм карда гирифт. Ҳоло вазъи саломатиам хуб нест. Мехоҳам баргардам, аммо намедонам чӣ тавр...”

           Аввалин никоҳ бо хориҷӣ кай ва дар куҷо сабт шудааст?

Дар нимаи аввали соли 2014 дар вилояти Суғд нахустин мавриди издивоҷи як зани сокини Тоҷикистон бо шаҳрванди Чин сабт шудааст. Сомонаи интернетии Dialog.tj, ки ахбору таҳаввулоти Тоҷикистонро пайгирӣ мекунад, дар як матлаб бо такя ба омори расмии вазорати адлияи Тоҷикистон менависад, ки дар нимаи аввали соли 2014 дар кишвар 95 мавриди ақди никоҳи шаҳрвандони тоҷик бо хориҷиён сабт шудааст. Ин рақам назар ба 57 мавриди никоҳи тоҷикон бо шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар нимаи аввали соли 2013 расман сабт шуда буд, 66,67 дарсад бештар мебошад.

Бо шаҳрвандони хориҷӣ никоҳ кардан чи шартҳо дорад?

Ба гуфти масъулини вазорати адлияи Тоҷикистон никоҳ кардан бо шаҳрвандони хориҷӣ қонуниятҳои махсуси худро дорад, ки дар 2 банди Кодекси Оилаи ҶТ-167 ва 168 нишон дода шудаанд. Шарти якуми издивоҷи шаҳрванди хриҷӣ бо шаҳрванди Тоҷикистон он аст, ки шаҳрванди хориҷӣ дар қаламрави Тоҷикистон на камтар аз як сол зиндагӣ карда бошад. Шарти дуюм имзо кардани қарордоди никоҳ байни зану шавҳари оянда мебошад. Ин шартҳо ба хотири ҳимоят аз муносибатҳои молумулкӣ байни ҳамсарон гузошта шудаанд.”

Шарти асосӣ ҳатман барои ҳамсари тоҷикаш хона харидани хориҷии талабгори издивоҷ бо шаҳрванди Тоҷикистон буда ин нукта дар Кодекси Оила низ дарҷ гаштааст. Мақомот мегӯянд, ҳадаф аз ин маҳдудиятҳо таъмини нафақаи фарзандонест, ки дар сурати аз ҳам пош хӯрдани чунин оилаҳо бесаробон мемонанд.

Азбаски шаҳрвандони хориҷӣ танҳо баъди 5-соли зиндагӣ дар Тоҷикистон ҳаққи харидани манзил дар кишварро ба даст меоранд, тақозои ахир ба ин маъност, ки шаҳрванди хориҷӣ маҷбур аст, ин манзилро ба номи ҳамсари тоҷикаш сабт кунад. Ҳадаф аз ин талабот фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ барои ҳимоят аз манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон буда, намегузорад, ки дар сурати пош хӯрдани чунин оилаҳо ҳамсари тоҷики шаҳрванди хориҷӣ дар кӯча бимонад, вале..

 СММ оид ба никоҳ бо хориҷиён чи гуфт?

Моҳи августи соли 2017 Созмони Миллали Муттаҳид аз ҳукумати Тоҷикистон хост, ки маҳдудиятҳо дар роҳи издивоҷи шаҳрвандони тоҷик бо хориҷиёнро аз байн бардорад. Кумитаи зидди табъизи Созмони Милал гуфт, ягон тадбири амниятӣ набояд боиси поймол шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз ҷумла ҳаққаш ба интихоби озодонаи ҳамсар ва издивоҷ гардад.

 Тарафдорони чунин никоҳҳо мегӯянд,, дар бундёи оила миллату нажод, дину оин ва забону фарҳанг чандон аҳамияти калон надоранд ва издивоҷ бо шахси дӯстдошта яке аз аслҳои озодии инсон ба шумор рафта, касе ҳуқуқ надорад, ки онро маҳдуд кунад. Бахусус дар ҷараёни ҷаҳонишавӣ рушди шабакаҳои иҷтимоӣ, ки як василаи хеле осону роҳати пайдо кардани ҷуфти худ дар ҳар куҷои дунё мебошанд, интернет дари бахти чунин бахтхоҳонро васеътар мекушояд, вале шахсе, ки ба издивоҷ бо зан ё марди хориҷӣ иқдом менамояд, бояд дар боби паёмади ин никоҳ низ ҷиддан андеша намояд, то мисли Мавлуда баъди аз марзи диёри бобоӣ берун шуда ба давлати дигар афтодан андугшти пушаймонӣ нагазанд...

                                                                         Фарзона Муродӣ

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД