Formula september
ЗАН БЕ ОҒӮШИ МАРД ЗИСТА МЕТАВОНАД?
21.06.2021
Оила
15390

 

 

Муддати 5 сол аст, ки шавҳарам дар кишвари Русия қарор дорад. Бо сабаби мушкилоти зиёди зиндагиямон шавҳарам имконияти ба Ватан омаданро надорад. Солҳои аввали рафтанаш ӯро сахт пазмон шуда, азоб мекашидам.

Рафта-рафта ба зиндагии бе мард чунон одат кардам, ки дигар тамоман майли мубошират кардан надорам. Баъзе духтурҳо мегӯянд, ки зан набояд дурудароз бе мард зиндагӣ кунад, чунки бемор шуданаш мумкин аст. Ин гап ягон асос дорад? Аслан зан то чанд вақт метавонад бе оғӯши мард зиста, саломат монад?

Ш.Д.

Ба саволи хонандаамон доктори илмҳои тиб, уролог-андрологи рус Михаил Корякин посух мегӯяд.

-Аслан рағбати ҷинсӣ дар бонувон кам дида мешавад. Ин ба ҳормони мардонаи тестостерон вобастагӣ дорад. Ин ҳормонро ғадуди болои гурда ва тухмдонҳо ба вуҷуд меорад. Тестостерон дар вуҷуди бонувон назар ба мардҳо 10 маротиба камтар аст, барои ҳамин онҳо ба ишқварзӣ чандон майли зиёд надоранд. Давраи репродуктивии хонумҳо чандон дарозмуддат нест. Зан инро хеле хуб медонад ва танҳо ба хотири бунёди оила ба оғӯши мард медарояд, то ӯро ба доми ишқаш гирифтор сохта зудтар ба мақсад бирасад.

-Гуфтаниед, ки занҳо танҳо ба хотири фарзанддор шудан ба оғӯши мард даромада, ишқварзӣ мекунанд?

-Бале, бонувон вақте ошиқ мешаванд, мақсади ягонаашон бо марди интихобкардаашон оила бунёд кардан аст. Мард ба меҳрварзӣ машғул шуда, танҳо роҳат кардан мехоҳад, зан бошад, ба он хотир ба оғӯши мард медарояд, ки соҳиби фарзанд ва зиндагии обод бигардад. Намояндагони ҷинси латиф шояд худашон инро чандон эҳсос накунанд, вале дар таҳтушшуури ҳар як зан зан ҳангоми ишқварзӣ ҳамеша андешаи соҳиби фарзанд шудан давр зада, дар симои марде, ки ҳамоғӯши ӯст, падари фарзанди ояндаашро меҷӯяд. Барои зан муҳимтар аз ҳама мавҷудияти шавҳар ҳамчун падари эҳтимолии фарзандонаш аст, на муносибати ҷинсӣ.

-Тасаввур кунед, ки зане дар синни хеле ҷавон бе шавҳар мондааст. Магар бе мард вай бемор намешавад?

- Танҳо дар ҳолатҳои ангуштшуморе, ки рағбати ҷинсии зан зиёд аст, набудани ҳаёти маҳрамона метавонад ягон мушкилиро ба вуҷуд орад. Бонувони психикаашон солим бе оғӯши мард ҳам осуда зиста метавонанд. Дар мавриди синну соли зан ҳаминро гуфтаниям, ки бо рафтани синну сол рағбати ҷинсии зан баръакс зиёдтар гашта, таҷрибааш меафзояд ва аз ҳамоғӯшӣ бо мард кайфият бурданро меомӯзад. Занҳо баъди соҳиби фарзанд шудан лаззати ҳақиқии ишқро мефаҳмидагӣ мешаванд.

-Дар бораи фоидаи мубошират ба саломатӣ зиёд менависанд. Баъзеҳо бар онанд, ки мубошират бемориҳои зиёдеро табобат мекунаду дар сурати норасоии он инсон бемор мешавад…?

-Дар асл мубошират сарчашмаи эҳсосоти хуш ва як роҳи хуби рафъи хастагӣ буда, ба кас руҳи тоза мебахшад. Ишқварзӣ табъро болида сохта, муҷиби ба ҳам дил бастани зану мард мегардад, илова бар ин, хобро бароҳат месозад, вале ман ба хусусияти табобатӣ доштани мубошират шубҳа дорам. Шахсан ман ягон шахсеро намедонам, ки бо кӯмаки мубошират аз беморӣ шифо ёфта бошад.

-Зан то чанд вақт метавонад бе оғӯши мард зиндагӣ кунад?

-Чанд муддат бе муносибати маҳрамона зистани зан танҳо аз худи ӯ вобастагӣ дорад. Мардҳо бо дилхоҳ зан ба бистар даромада, худро шоду мамнун ва қаноатманд эҳсос менамоянд, вале психологияи бонувон дигар аст. Зан танҳо дар ҳамон ҳолат худро дар оғӯши мард хушбахт ҳис мекунад, ки ӯро бо тамоми вуҷудаш дӯст дорад. Дар дили зан, агар нисбат ба мард меҳру муҳаббат набошад, ҳамоғӯшӣ бо вай эҳсоси хушбахтӣ ато намекунад. Барои ҳамин ман танҳо ба хотири «саломатӣ» ба оғӯши мард даромаданро ба занҳо тавсия намедиҳам.

-Пас, занҳое, ки шавҳар надоранд ё шоҳзодаи орзуҳояшонро ҳанӯз пайдо накардаанд, метавонанд аз саломатии худ хавотир набошанд?

-Аз набудани муносибати маҳрамона ба ташвиш афтидан лозим нест, бе оғӯши мард зистан ба саломатии зан зиёни ҷиддӣ намерасонад. Дер ояду шер ояд гуфтаанд, хонумҳо сабр кунанд, рӯзе марди табъи дилашонро албатта пайдо карда, хушбахт мешаванд.

 

 Меҳрубон

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД