formula
МОРО БАРГАРДОНЕД, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН!
5219

Тақрибан 90 шаҳрванди Тоҷикистон ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат карданд, ки онҳоро ҳарчи зудтар аз Ҳиндустон ба ватан баргардонанд.

Абдукаҳҳор Садриддинов шаҳрванди Тоҷикистон мебошад, ки ҳоло дар Ҳиндустон дармондааст. Ӯ қаблан дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекард ва барои табобати ҳамсараш рӯзи 8 март ба Деҳлӣ омад, аммо аз сабаби баста шудани роҳҳо дар онҷо дармонд.
“Зани ман аз бемории шадиди саратон азият мекашад. Аҳволи ӯ ҳар рӯз бадтар шуда истодааст ва ҳоло ман танҳо дақиқа мешуморам. Метарсам, ки дар ин мулки бегона ва дар танҳоӣ ҳамсари беморам мемирад. Ман аз Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоҳиш мекунам, ки моро аз ин шаҳр ба ватан баргардонанд", - гуфтааст Абдуқаҳҳор.
“Шаҳрвандони Тоҷикистон дар якчанд шаҳри Ҳиндустон қарор доранд. Аксари мо барои табобат ба Ҳиндустон омадаем ва дар ҳолати бад қарор дорем. Тақрибан як моҳ пас аз он мо ба сафорат ва консулгарии Тоҷикистон дар Ҳиндустон дар бораи ҳолати худ иттилоъ додем ва аз онҳо кӯмак дархост кардем. Аммо, мо то ҳанӯз ҷавоб нагирифтаем», - омадааст дар номае, ки онро шаҳрвандони Тоҷикистон аз Ҳиндустон ба ҳукумати ҷумҳурӣ фиристодаанд.
Аз 35 нафаре, ки ба ин нома имзо гузоштаанд, 11 нафар хешовандони худро барои табобат ё ҷарроҳӣ ба Ҳиндустон бурданд. Ҳамаи он одамоне, ки дар ин кишвари хориҷӣ дармондаанд, менависанд, ки ҳолати онҳо ҳар рӯз бадтар шуда истодааст ва онҳо дар муҳити хатарноки санитарӣ қарор доранд.
«Дар байни мо мардону занони пиронсол ва беморони гирифтори диабет, фишори баланди хун ва саратон ҳастанд. Онҳое низ ҳастанд, ки ҷарроҳӣ шудаанд ва вазъи онҳо рӯз ба рӯз бадтар мешавад. Дар ин ҷо кӯдакони хурдсол ва донишҷӯён низ ҳастанд. Аксарияти одамон аз пул танқисӣ мекашанд, бисёриҳо ҳатто ҷои зист надоранд. Эҳтимол дорад, ки мо низ ба COVID-19 мубтало шавем, зеро дар Ҳиндустон шумораи одамони гирифтори ин беморӣ рӯз аз рӯз меафзояд. Ҳеҷ кас саломатии моро тафтиш намекунад ва дар ин бора ақаллан анмеандешанд”, - гуфта шудааст дар матни нома.
Инчунин, садҳо шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар шаҳри Истамбули Туркия дармонда буданд, ба фиристодани як нома ба ҳукумат хостаанд, ки онҳоро низ ба ватан баргардонанд.

 



Ёдовар мешавем, ки Ҳиндустон ва Тоҷикистон ҳамаи парвозҳои байналмилалиро аз 20 марти соли 2020 муваққатан манъ кардаанд. Тибқи маълумоти Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, то имрӯз дар Ҳиндустон беш аз 14 ҳазор нафар аз коронавирус сироят ёфтаанд ва 488 нафар бар асари он ҷон додаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД