Маҳсулоти лозима:
1 кг гелоси ширини тухмаш тозашуда, 200 грамм мағзи чормағз, 1 кг шакар, 100 мл об.
Тарзи таҳия:
Гелосҳоро аз донак ҷудо кунед. Чормағзро бо корд каме майда намоед. Дар дег шакару обро омехта карда, дар оташи миёна то ҳал шудани шакар ҷӯшонед. Баъдан гелос ва чормағзро ба шарбат андохта, 15–20 дақиқа ҷӯш диҳед ва кафки рӯяшро гиред. Пас аз пурра хунук шудан, ҳамин амалро боз ду маротиба такрор намоед. Дафъаи сеюм мураббои гармро дарҳол ба бонкаҳои безараршуда рехта, сарпӯшашро маҳкам кунед. Бонкаҳоро чаппа гузошта, то хунук шудан печонед ва баъд дар ҷои салқину торик нигоҳ доред.