Arzon march 2024
Мусалмон ошиқ шавад, гунаҳкор мешавад?
1018


Ҷавониро бе ишқу муҳаббат ҳатто тасаввур карда намешавад, вале баъзе муллобашараҳо мгеӯянд, ки ошиқ шудан гуноҳ аст. Мегуфтед, ки дини мубини ислом ба ишқ чӣ назар дорад ва оё одами мусулмон ҳақ дорад, ки ошиқ шавад?

Кас ғайри ихтиёр ба зан ё духтаре дил баста, ошиқ шавад, гунаҳкор мешавад? Илтимос, дар ҳамин бора пурра маълумот диҳед.
Сарвар, ш. Душанбе.


Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ

Ишқ ва дӯст доштан аз сиришт ва табиати башарӣ аст ва инсонро дар он ҳеҷ ихтиёре нест. Муҳим он аст, ки инсон ба хоҳишоти нафсонии худ пайравӣ накунад ва ҳар чиро, ки шариат манъ кардааст, худро аз он нигоҳ дорад. Бояд мусулмон муҳаббат ва тарси Худоро дар қалбаш ҷой кунад, дар ин сурат ба ҳеҷ гуна муҳаббати нокомкунанда мубтало нахоҳад шуд. Аз нигоҳи дини ислом ишқи поку самимӣ пас аз никоҳ сурат мегирад, ки он дар асоси меҳру муҳаббат, раҳму шафқат ва эҳсоси масъулият зиндагиро пеш бурданро бар дӯш мегузорад. Шумо агар ҷавонед ва ошиқ шудаед, кӯшиш кунед, ки ишқатонро ба гуноҳ олуда насозед ва даст ба корҳои зишт назанед. Ишқ бояд зиндагии шуморо бо ҳамсаратон некӯ кунад, на ин ки шуморо ба гуноҳ барад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД