sebiston july new
Нетайхон ва дигар розҳои Дилбар Умарова
1999

Даричаи ошноӣ:
Дилбар Умарова ҳунарманди халқии Тоҷикистон, соли 1949 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Тоҷик. Маълумоташ олӣ. Оиладор. Соҳиби ду писар: Далеру Ҳоҷиҷамол ва чор набера: Беназир, Санҷар, Суҳайло ва Симин.

Актрисаи хурдакак
Дилбар дар оилаи рӯзноманигори варзида Усмон Умаров, ки солҳои тӯлонӣ дар радиои Тоҷикистон кору фаъолият мекард, ба дунё омадааст. Дар оила онҳо шаш фарзанд-чор писару ду духтар буданд. Масъуд, Мансур, Мақсуд, Маъруф, Дилбару Дилафрӯз. Дилбар фарзанди сеюми хонадон буд.
16794

Як рӯз ҳангоми дар синфи якуми мактаби миёнаи №53-и пойтат хонданаш ба синфи онҳо чанд нафар меҳмонон даромада омаданд. Онҳо аз байни қатори партаҳои хонандагон, ки аз 30 нафар зиёд буданд, оромона гузашта, ба чеҳраи ҳар як кӯдак бодиққат назар мекарданд. Аз байни хонандагон Дилбарро ба назди тахтаи синф даъват карданд.
-Ба ман, ана ҳамин духтарчаи шаҳлочашми зебо маъқул шуд,-ба Дилбар ишора карда гуфт, саркоргардони кинои тоҷик, марҳум Тоҳир Собиров, ки ҳамроҳаш марди руси наворбардор ҳам буд.
333867

Ба Дилбари хурдакак дигар чизе нагуфтанд. Меҳмонон бо муаллима Сара Борисовна суҳбат карда, баъд баромада рафтанд.

Ду- се рӯз пас падараш Дилбарро ба киностудия бурд. Дар студия ҳунармандони зиёд ҷамъ шуда буданд. Филми «Ман бо духтаре вохӯрдам»-ро ба навор мегирифтанд. Қаҳрамони асосии филм «Лола» зери оҳанг рақс мекард. Тоҳир Собиров ҳунарманди хурдакак- Дилбарро, ки чӣ кор карданашро намедонист, ба назди тирезаи бозе, ки дар саҳна тайёр карда буданд, бурда ба ӯ фаҳмонд, ки ба куҷо нигоҳ кунад ва чӣ гӯяд. Барои он ки ин актрисаи хурдакак нигоҳашро ба дигар тараф набарад, коргардон як халтачаи қанд дар даст дар рӯ ба рӯяш истода онро ба Дилбар нишон дода мегуфт:

-Дилбарҷон, Дилбарҷон, ана ба ин нигар!
515536

Дилбар дар ин филм аз тирезаи кушодаи хона рақси Лоларо тамошо карда бо ҳавас мегӯяд:

-«Настояшая артистка!»

Ин буд оғози роҳи Дилбар Умарова ба ҷодаи ҳунар. Аз қадамҳои нахустинаш аён буд, ки аз ин духтараки фатиламӯй ҳунарманди хуб мебарояд.
             Ишқи сухан
Дилбар ҳамчун аъзои фаъоли дастаи ҳаваскорони мактаб дар рӯзҳои ҷашну сур рақс мекарду дар саҳначаҳои хурд нақш мебозид, вале ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеомад, ки рӯзе ҳунарманди машҳур мешавад ва аксҳояшро дар рӯзномаю маҷаллаҳо чоп мекунанду намоишномаҳояшро дар театр ва телевизион мардум тамошо хоҳанд кард. Ӯ дар дил орзуи журналист шуданро дошт. Ҳанӯз замони мактабхонӣ шеъру мақолаҳо менавишт ва нигоштаҳояш дар рӯзномаи бачагонаи «Пионери Тоҷикистон» ва маҷаллаи «Машъал» чоп мешуданд.

         дилбар

             Ятимак
Ҳангоми даҳсола будани Дилбар, ба сари оилаи онҳо бадбахтӣ омад. Модари азизу меҳрубонашон Сарварой, ки попурчӣ (сӯзанидӯз) буд, дар натиҷаи садама, дар сини 35-солагӣ аз олам гузашт. Баъди сари модар ба сари Дилбари хурдсол, ки духтари калонӣ буд, бори зиндагӣ бор шуд. Аз мактаб меомаду ба рубучини хонаву ҳавлӣ, шустани либосҳои бародарону хоҳаронаш ва пухтани хӯрок машғул мешуд. Танҳо рубучини ҳавлии калонашон, ки дар кӯчаи «Красноармейский» воқеъ гардида буд, чанд соат вақтро мегирифт, вале бо вуҷуди серкориаш Дилбар дар мактаб аъло мехонд.

Баъдтар падараш бо зани ҳалиму меҳрубон Мунавварахон хонадор шуд. Модарандарашон ба Дилбару хоҳару бародаронаш мисли модари ҳақиқӣ ғамхору меҳрубон буд. «Ҷоякашон ҷаннат бошад, аяҷони меҳрубонамро»,- бо меҳру муҳаббати беандоза ӯро ба ёд оварда, мегӯяд Дилбар.

дилбархон
Духтуре, ки ҳунарманд шуд
Дилбар мактаби миёнаро бо баҳои аъло хатм карду падараш ҳуҷҷатҳои ӯро ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи А.Сино супорид. Дилбар ҳамаи имтиҳоноти донишгоҳро супорида, ба номи пуршарафи донишҷӯй мушарраф гашт. Мехост донишгоҳро аъло хатм намуда, ҷарроҳ шавад, вале…

Ба саршавии дарсҳо ҳамагӣ се рӯз монда буд, ки ба хонаи онҳо дӯстону ҳамкорони падараш, нависандаҳои машҳури тоҷик Мирзо Турсунзода, Аъзам Сидқӣ, Ҳоҷӣ Содиқ меҳмонӣ омаданд. Дилбари лоғарандоми майдаҷусса дар хизмати амаки шуҳратёраш буд, дастурхон мепартофту қанду қандолат ва чою меваю хӯрок меовард. Меҳмонон ба симои Дилбари химчамиён нигариста ба падараш гуфтанд, ки бояд ҳаво ва табиати Дилбарро дигаргун кард. Тағйироти боду ҳаво дар ташаккулёбии ӯ кӯмак хоҳад расонд.

Меҳмонони олиқадр маслиҳат карданд, ки Дилбарро ба Институти давлатии санъати ба номи Луночарскии шаҳри Маскав мефиристанд. Ҳамин суҳбати сари дастурхон сабаб шуду Дилбар ҳамроҳи Зафар Ҷаводов, Муҳаббат Арабова ва Муяссара Аминова озими шаҳри Маскав гашт. Бародараш низ бо ӯ ҳамроҳ буд, вале боду ҳавои намноки шаҳри Маскав ба табиати Мансур рост наомад. Ӯ тез-тез бемор мешуд. Барои беҳдошти саломатиаш Мансур маҷбур шуд, ки тарки Маскав намуда ба Ватан баргардад.


Роҳнаварди қуллаи ҳунар
Дилбар таҳсилро ҳамроҳи ҳамсабақонаш Малика Ҷӯрабекова, Гулсара Абдуллоева, Ғолиб Аҳмадов ва дигарон давом дод. Дар ин маҳзани ҳунар аз профессорон Бибиков Б.В ва Пижова О.И сабақ омӯхта бошад ҳам, Дилбар устоди аввалинаш шодравон Тоҳир Собирро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад.

Соли 1971 пас аз хатми Донишгоҳи давлатии санъати шаҳри Москва Дилбар ҳамроҳи ҳамкурсонаш ба Тоҷикистон баргашт. Онҳоро дар театри навтаъсиси «Ҷавонон» ба номи М. Воҳидов ба кор гирифтанд.

Аввалин нақше, ки Дилбар Умарова дар ин театр бозид, Сайрамхон аз намоишномаи «Робияи Балхӣ», аз рӯи асари драматург А. Атобоев буд. Баъдтар дар «Дилшоди Барно» аз рӯи асари нависанда Аъзам Сидқӣ нақши шоира Барноро бозида, сазовори баҳои баланди тамошобинон гардид.

Дилбар Умарова дар саҳнаи театри «Ҷавонон» ба номи Маҳмудҷон Воҳидов 12 сол ҳунарнамоӣ карда, сипас бо фармони Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ барои идомаи фаъолият ба театри академиявӣ-драмавии ба номи Лоҳутӣ гузаронида шуд. Инак, 44-сол мешавад, ки Дилбар Умарова дар саҳнаи ин театри машҳури тоҷик ҳунарнамоӣ мекунад. Баробари фаъолияташ дар театр Дилбар Умарова ҳамчунин дар 50 кинофилми тоҷикӣ нақшҳои ҷаззобу хотирмон офаридааст. Дар дубляж, яъне ба забони тоҷикӣ баргардонидани филмҳои хориҷӣ низ ин зани сар то по ҳунар саҳми арзанда дорад.

               Нетайхон
Нетайхони офаридаи Дилбар аз намоишномаи «Садо аз тобут»-и нависанда Абдулло Қодирӣ хурду калони ҷумҳуриро қоил кард. Нетайхон дар ин намоишнома ҳамсари Сухсуров аст. Нақши Сухсуровро ҳунарманди халқии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов мебозид. Ин ду ҳунарманди тавоно ба намоишномаи «Садо аз тобут» умри абад ато намуданд. Имрӯз ҳам мардум бо шавқ ин намоишномаро тамошо мекунанд.

Дар намоишномаи «Раъду барқ», ки аз рӯи асари нависандаи хитоӣ Ши Пин ба саҳна гузошта шудааст, Дилбар нақши Ши Пинро мебозад. Асар фоҷиавӣ буда, бо обу ранги зиёд ба саҳна гузошта шудааст. Ҳар гоҳ ин спектаклро намоиш диҳанд, натанҳо қаҳрамони асосии он мегиряд, балки барои ҳаёти талху ғамангези қаҳрамон тамоми тамошобинони дар толор нишаста низ гиря мекунанд, ки он аз санъати баланди иҷрокунандаи нақши асосӣ гувоҳӣ медиҳад.

 Дар байни маргу зиндагӣ

Соли 1977 барои Дилбар Умарова соли бебарор буд. Ҳангоми иҷрои нақш дар саҳна (дар деҳаи Шинги ноҳияи Панҷакент) нохост афтиду сару гурдааш сахт лат хӯрда ҷарроҳӣ шуд. Дилбар муддати панҷ моҳ дар беморхона бистарӣ шуд. Гесувони дарозу зебои ӯро, ки диққати ҳар бинандаро ба худ мекашид, ана ҳамон вақт табибон қайчӣ заданд.

«Парии паси кӯҳи Қоф»

Ба наздикӣ дар киностудияи «Тоҷикфилм» ба наворгирии филми чорсериягии «Парии паси кӯҳи Қоф» ба анҷом расид. Ин филм аз рӯи асари коргардони ботаҷриба Баҳром Сайфуллоев ба навор гирифта шуда, дар давлати Корея ҷои якумро соҳиб шуд. Дилбар Умарова дар ин филм ҳам нақши асосиро мебозад.

-Ман ҳеҷ гоҳ барои зиёд шудани шумораи нақшҳоям талош наварзидаам. Кӯшиш мекунам, ки ҳама нақшҳоямро самимӣ, аз таҳти дил офарам. Шояд аз ҳамин ҷост, ки нақшҳоям хотирмон мебароянд. Кадом нақше, ки мушкил бошад, албатта барои офариданаш маро меҷӯянд,- хандида мегӯяд Дилбар Умарова.

Самимияти одамонро нисбати худ Дилбар ҳар лаҳза, сари ҳар қадам эҳсос мекунад. Ҳангоми аз кӯчаҳои шаҳр гузаштан шиносу ношинос ба ӯ бо эҳтиром салом медиҳанд, вале ҳамин, ки чанд қадам пеш рафт, аз пасаш бо ханда «Нетайхонро дидед ё «Ҳоҷари ҷувонимарг»-гӯён, нақшҳои иҷро кардаашро ёд меоранд. «Унвону бахти аз ҳама баланд бароям ана ҳамин муҳаббат ва эҳтиром халқи азизам аст»,-бо ифтихор мегӯяд Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Дилбар Умарова.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД