Ҳамал (21 март-19 апрел)
Имрӯз ҷасорату фаъолиятатон ба дигарон писанд меояд. Шом бо дӯстону наздикон вақти хуш мегузаронед. Рӯз барои омӯхтани чизҳои наву муфид мувофиқ аст. Агар аз пули зиёд мағрур шуда бошед, эҳтимол дӯстро ранҷонед. Ҳангоми кор бо таҷҳизоти барқӣ эҳтиёт кунед. Хӯроки дуруст хӯред, эҳтимоли фарбеҳ шудан вуҷуд дорад. Кӯшиш кунед, ки рӯзро бо табъи хуш ба поён расонед.
Савр (20 апрел-20 май)
Имрӯз муносибатҳои шумо бо наздикон хуб пеш мераванд. Аммо қабл аз қабули қарорҳои муҳим, хуб фикр кунед, шитоб хатогӣ меорад. Аз фиреб ё сухани дурӯғ дурӣ ҷӯед, то обрӯятон коста нашавад. Барои оромӣ гӯш кардани мусиқӣ ё тамошои филм беҳтарин аст. Шомро дар муҳити ором гузаронед, ин ба шумо нерӯ мебахшад.
Ҷавзо (21 май-20 июн)
Вақтҳои охир бо сабаби серкорӣ ба наздикон камтар аҳамият додед. Имрӯз вақти хубест, ки инро ислоҳ намоед. Дар гуфтор эҳтиёт шавед, бо наздикон бо мулоимӣ рафтор кунед. Нақшаҳои нав омода намоед, аммо аз корҳои вазнин худдорӣ кунед. Барои саломатӣ ба истироҳат вақт ҷудо намоед, зеро хастагӣ метавонад боиси дарди сар гардад.
Саратон (21 июн-22 июл)
Барои муваффақ шудан дар ҷодаи муҳаббат, каме ҷуръат пайдо кунед. Имрӯз беҳтараш дигаронро танқид накунед, вагарна нафареро меранҷонед. Дар касбу кор аз ҳамкорони ботаҷриба маслиҳат пурсед. Мушкилоти молиявӣ шуморо нороҳат намекунанд, аммо сарфакор бошед. Барои саломатӣ ба ғизои солим ва ҳолати ҷигар аҳамият диҳед. Оғози парҳез ба шумо фоида меорад.
Асад (23 июл-22 август)
Имрӯз ором мегузарад. Тағйироти калон дар ҷодаи муҳаббат пешбинӣ намешавад. Шояд бо дӯстони қадим вохӯред, ин мулоқот хотирмон мешавад. Аз харидҳои нолозим худдорӣ кунед, зеро баъдан пушаймон мешавед. Барои саломатӣ вақт ҷудо кунед, машқи сабук ё сайр шуморо рӯҳбаланд месозад. Рӯзи худро бо оромиву табассум ба анҷом расонед.
Сунбула (23 август-22 сентябр)
Дар ҷодаи муҳаббат ҳама чиз хуб аст, аммо аз шитоб худдорӣ кунед, то шарикро наранҷонед. Имрӯз фурсати хуб барои оштӣ кардан бо наздикон аст. Эҳтимоли пайдо шудани имконияти нави кор ё даромади пулӣ вуҷуд дорад, аз он истифода баред. Аммо хароҷоти ногаҳонӣ эҳтимол кисаатонро холӣ кунад. Ба саломатӣ аҳамият диҳед, оромӣ ва хоб барои барқарор кардани қувва муҳиманд.
Мизон (23 сентябр-22 октябр)
Имрӯз имкони шиносоии нав ё наздик шудан ба шахси дӯстдошта зиёд аст. Барои иваз кардани либос ё ашёи хона рӯзи хуб аст. Танҳо аз зиёд хӯрдан, махсусан шириниҳо, худдорӣ кунед. Дар кор имкониятҳои навро ҷустуҷӯ намоед ва қадамҳои ҷиддӣ гузоред. Дар масъалаҳои пулӣ танҳо ба худ такя кунед. Барои ташхису табобат рӯзи муносиб аст.
Ақраб (23 октябр-21 ноябр)
Имрӯз барои иҷрои нақшаҳо рӯзи хуб аст. Ба қувваи худ бовар кунед ва ба маслиҳати ноҷо гӯш надиҳед. Агар муҳаббат камранг шуда бошад, вақтро барои кор ё ҳаваси дӯстдошта сарф кунед. Бо сухани нарм обрӯятон меафзояд. Агар бо тиҷорат машғул бошед, эҳтиёт шавед, пулҳоятонро аз даст надиҳед. Барои барқарор кардани нерӯ истироҳат кунед.
Қавс (22 ноябр-21 декабр)
Имрӯз шиносоии нав метавонад ба муҳаббати зебо табдил ёбад. Аммо то он даме, ки дар ин бора ба дигарон нагӯед. Барои истироҳат хона беҳтарин ҷой аст. Имрӯз барои мулоқот бо роҳбарон ва имзои ҳуҷҷатҳо рӯзи мусоид аст. Ба пешниҳодҳои корӣ бодиққат назар кунед, шояд фурсате барои пешрафт бошад. Аз машрубот худдорӣ намоед, саломатиро ҳифз кунед.
Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)
Имрӯз бо шахси наздик вохӯрда метавонед, ки табъатонро шод мекунад. Дар хона муҳити дӯстона ҳукмфармост. Дар кор масъулият нишон диҳед, роҳбарон инро қадр мекунанд. Агар ба маблағ ниёз доред, бо роҳбар ошкоро суҳбат кунед. Пулро танҳо барои чизҳои зарурӣ сарф намоед. Аз корҳои вазнин худдорӣ кунед, то қуввататон кам нашавад.
Далв (20 январ-18 феврал)
Имрӯз шумо дар маркази диққат қарор мегиред, дӯстону наздикон шуморо бо меҳр иҳота мекунанд. Хариди мебел ё ороиши хона сулҳ меорад. Касоне, ки бо масъулият кор мекунанд, метавонанд мукофот ё ба вазифаи баландтар пешниҳод гиранд. Агар корҳои ногаҳонӣ зиёд шаванд, аз дигарон кумак пурсед. Табъи хушро нигоҳ доред, андуҳ метавонад ба саломатӣ таъсир расонад.
Ҳут (19 феврал-20 март)
Имрӯз шуморо шиносоии ҷолиб интизор аст, ин шахс метавонад дӯст ё ҳамкори муҳим бошад. Вақти бештарро бо наздикон гузаронед, ин ба шумо оромӣ мебахшад. Дар нимаи рӯз эҳтимоли гирифтани пул ё туҳфаи ногаҳонӣ вуҷуд дорад. Дар кор устувор бошед, кӯшишҳоятон натиҷа медиҳанд. Агар маблағ дошта бошед, фикр кунед, ки чӣ гуна онро зиёдтар кунед. Аз бори зиёдатӣ дурӣ ҷӯед.