sebiston july new
Никоҳ чӣ тавр баста мешавад?
15.08.2024
ОИЛА
1058


Мо айни замон дар Русия қарор дорем ва дар як корхона кор мекунем. Дар ин корхона ду нафар марду зан мехоҳанд бо ҳам зиндагии якҷоя барпо кунанд. Мегуфтед, ки тариқи никоҳи мусулмонии онҳо бояд чӣ гуна гузарад, то ин ки ман никоҳи онҳоро анҷом диҳам.
Беҳрўз, ш. Москва.

Посухи Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Бародари азиз, бояд марду зан дар як маҷлис қарор дошта бошанд. Дар ҳузури ду шоҳиди оқилу болиғ зан тану нафсашро ба мард мебахшад ва мард тану нафси занро ба занӣ қабул мекунад. Яъне, (зан мегўяд: “ман фалонӣ, бинти фалонӣ тану нафсамро ба фалонӣ ибни фалонӣ бахшидам” ва мард мегўяд: “ман фалонӣ, ибни фалонӣ тану нафси фалонӣ бинти фалониро ба занӣ қабул кардам”). Агар шумо хутбаи никоҳро медониста бошед, хонед хуб мешавад, вале намединиста бошед, сураи фотиҳаро хонед, кифоя аст. Матни хутбаи никоҳ дар Интернет ва китобҳои мусалмонӣ дастрас аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД