formula55
НОМА БА ЗАНИ ДУЮМИ ШАВҲАРАМ
22.12.2020
ОИЛА
8074

 Салом ба аҳли қалам ва хонандагони ҳафтавори дӯстдоштаам «Оила». Ин номаро ба шумо зане менависад, ки дар бистари марг хоб асту ҳамагӣ чилу панҷ сол дорад. Дарди бедармоне ба гиребони ҳаётам чанг задааст ва хуб медонам, ки рӯзҳои башуморе аз умрам боқӣ мондаанд.

Ду сол боз бо ин дард мубориза бурдам, вале ҳеҷ кас ба дардам даво наёфт, мехоҳам пеш аз маргам дар бораи зане нависам, ки давоми ҳамин ду сол баробари шавҳарам дар бари ман рост буд. Ҳарчанд ман аз будани ӯ дар ҳаёти шавҳарам огаҳӣ доштам, вале худамро ба нодонӣ мезадам. Ӯ низ ҳеҷ гоҳ аз худаш дарак надодааст, вале ман медонам ӯ ҳаст, ин зан зани дуввуми шавҳарам аст. Ростӣ, намедонам ӯ аз мурдани ман хурсанд мешавад ё не, лекин дасти кӯмакаш мудом ба ман мерасид ва расида истодааст….

                             Ману зиндагӣ

Ман дар оилаи марди тақводор ба дунё омадаам, падару модарам мо- чор фарзандро дар рӯҳияи покизагию меҳнатдӯстӣ ба воя расониданд. Ду бародарамро хонадор намуда, дар як рӯз ду келин фаровардем, ба ману хоҳарам аз дуру наздик хостгорон меомаданд. Акаҳоям маълумоти олӣ доштанд, вале дар авлоди мо хондани духтар нанг ҳисобида мешуд ва падарам моро баъди хатми мактаб ба қавли худаш бо обу рӯйи муҳаммадӣ ба шавҳар дод. Шавҳари апаам писари аммаам ва шавҳари ман хеши дури модарам буд. Ҳомид- шавҳари ман корманди ҳифзи ҳуқуқ буду баъди як соли тӯямон дар пойтахт кор ёфта, ману духтарчаамро гирифта, ба шаҳр овард. Зиндагиямонро дар як хоначаи хурди иҷора оѓоз карда бошем ҳам, хеле хушбахтона буд. Оҳиста-оҳиста шавҳарам дар зинаҳои мансаб боло рафту мо соҳиби хонаву дар ва молу ҳол шудем. Дар пойтахт писарам ба дунё омад, бо шавҳарам маслиҳат кардем, ки ҳамин ду фарзандро сазовор ба воя расонем, кофист ва аз таҳти дил ба тарбияи фарзандон камар бастем.

                                     Самари нек

Ташвишҳои ширин паси сар шуданду меҳнатҳоямон самари хуб овард, духтару писарам бо дониши хеш донишҷӯ шуданд. Онҳо аз таҳти дил мехонданд, то оянда пеши касе мутаҳҳам нашуда, худашон мушкили хешро ҳал кунанд. Духтарам донишгоҳро хатм карду хостгоронаш остонаамонро охӯрча карданд, аз байни ҳаводорон мо оилаи ба худамон шиносу хешу таборро интихоб намуда, духтарамро хонадор кардем. Шод будем, ки духтарамон ба олиаи хуб келин шуда рафт. Шавҳарам аз таҳти дил ба кор часпида буд, шукри Худо як марди чор кас медидагии паҳлавон, бадавлат, соҳиби ҷойи кори хубу мошину пул бошад ҳам, мисли мардони дигар занакбоз набуд. Ман шукрона мекардам, зеро аксарияти дӯстонаш зани дуввум доштанд, аммо….

                              Фалокат аз таги по

Ман зани хонашин будам ва ҳушу ёдам банди кори хонаву нигоҳубини писару шавҳарам буд. Аз саломатиям шикоят надоштам, вале пас аз тӯйи духтарам худамро беҳолу бемадор ҳис мекардаму сарамро аз болин бардоштан намехостам.Оҳиста-оҳиста аз биниям хун рафтан гирифт, аввалҳо инро мондагӣ ва хастагӣ ҳисобида, аҳамият намедодам. Шавҳарам ба ҷону ҳолам намонда, маро ба духтур бурд ва баъди ташхису муоина хабари даҳшатовар ҳамаи моро карахт кард…

Маълум шуд, ки ба бемории саратони хун гирифтор будаам. Аввалҳо мегиристам ва оҳиста- оҳиста ба дарди додаи Худо одат кардам. Шавҳарам зиёд ѓамгин мешуд ва соатҳо болои сарам истода, дилдориям мекард. Бо хоҳиши худам бистарамро аз шавҳарам ҷудо кардам, зеро шабҳо бедорхобӣ мекашидам ва ба шавҳарам халал мерасондам. Бечора кораш вазнин буд ва барояш истироҳат лозим, ана дар ҳамин вақт эҳсос кардам, ки шавҳарам ѓайри ман зани дигар дорад…

                               Сояи палонҷ

Ҳарчанд шавҳарам лаҳзае аз барам дур набуд ва ягон шаб дар дигар ҷо намехобид, вале сояи палонҷамро дар бараш эҳсос мекадам. Намедонистам ин зан ҳамсари дуввумаш ҳаст ё маъшуқааш, аммо буд…

Шавҳарам баъзе шабҳо корро баҳона карда, соатҳои се, баъзан чор меомад. Аммо на хастаю лакот, табъаш болидаю аз баданаш накҳати атри занона меомад. Бисёр вақт субҳ бо дигар курта ба кор мерафт, шаб бо дигар курта бармегашт, ман ҳеҷ гоҳ аз ӯ намепурсидам, ки чаро? Зеро меҳнате, ки ӯ барои ман мекард, ягон мард дар ҳаққи зани бемораш шояд накунад. Вақтҳое ҳолатам вазнин мешуд, ӯ маро худаш мисли кӯдак оббозӣ медоронд, зуд-зуд дар беморхона бистарӣ мешудам, ӯ ҳар нисфирӯзӣ бароям хӯрокҳои хушлаззату гарми хонагӣ меовард. Ҳарчанд мегуфт, ки онро аз тарабхона харидааст, ман медонистам ин кори зани ҳунармандест. Хешу таборонам дар роҳи дур буданд, духтаракам ҳомиладор, писарам бошад, магистратураро дар Маскав мехонд. Ҳама чизе, ки бароям зарур буд, шавҳарам мӯҳайё мекард ва дар ҳамаи онҳо нақши дасти занро медидам. Мард ин гуна харид карда наметавонад, боз шавҳари ман, ки дар умраш бозору маѓоза намерафт. Чун аз беморхона ҷавоб шуда, ба хона мерафтам, хонаву дар ончунон тозаву озода буданд, ки ҳаваси кас меомад. Либосҳо дар ҷевон бо як салиқаи хос уту зада мондагӣ, асбобу анҷоми ошхона низ, ба шаҳарам маънидор нигоҳ мекардам, ӯ чашмонашаро аз ман гурезонда пичиррос мезад:

-Хай мисли ту натавонам ҳам, кӯшиш кардам…

Ман дастони ӯро мебӯсидам, ҳарчанд бисёр дӯсташ медоштаму аз рашк дармегирифтам, чизе намегуфтам…

                          Тавлиди набера

Вақте духтарам писар таваллуд кард, ман боз дар беморхона будам, аз нотавониву заифиям хориям омада, ашк мерехтам. Охир, наметавонистам нахустнабераамро аз беморхона бо ҳазорон орзу барорам. Ҳарчанд хушдомани духтарам, қудо дар беморхона келинро ба хона мебарам гӯяд ҳам, шавҳарам ӯро ба хонаи худамон овардааст. Пас аз се рӯз ман рухсатӣ шудаму аз харидҳои барои набераам кардаи шавҳарам боз нақши дасти занро дидам. Ростӣ, ин соя дигар барои ман бегона набуд, дар дилам нисбаташ як рашки сабук доштам, бадбинӣ не…

Духтарам бо чашмҳои ашкбор бароям қисса кард, ки падараш аз тарабхона барояш хӯрокҳои хушлаззат, ҳатто гардоб меоварду намемонд дасташро ба косаи тар занад. Ман ӯро ба оѓӯш кашида, меҳрубонӣ кардам, муддати якуним моҳи дар хона будани духтарам шавҳарам ҳар бегоҳ бо шириниҳои хонагию хӯрокҳои лазиз аз дар медаромад. Фақат баъзе шабҳо кор дорам гӯён, ба хона намеомад. Гавҳораи духтарамро бо тӯҳфаҳои зиёд ба хонааш бурдем ва ман аз по афтодам…

                       Илтиҷо аз палонҷ…

Шавҳарам ҳар ҳафта ҳафтавори «Оила»-ро мехонад ва боварӣ дорам, ки ҳамун зани меҳрубон низ. Мехоҳам аз минбари баланди ҳафтавор ба ӯ барои хизматҳои қариб дусолааш дар ҳаққи ману оилаи ман ташаккур бигӯям. Намедонам ӯ кист ва чӣ ном дорад, вале сураташро дар телефони шавҳарам дидам, бисёр зани зебост. Боре телефони шавҳарам занг зад ва сурати зани нозанине болои экран пайдо шуд, номи ин зан Бонуи ман сабт шуда буд. Яъне, ман хато намекунам….

Намедонам аз умрам чанд рӯз боқӣ мондааст, ман аз ин бону хоҳиш мекунам, ки ба фарзандони ман меҳрубон бошад. Дар бораи шавҳарам чизе намегӯям, зеро медонам барои ин зан ӯ дунёст, зеро дар ду соли бемории ман дилбардору мушкилосонкуни шавҳарам ӯ буд…

Боқӣ дар паноҳи Худо бошед…

                                                        Бо эҳтиром Моҳпора

                      

                              

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД