35 years of independency
ТОЛЕЪНОМАИ 23-ЮМИ ОКТЯБРИ СОЛИ 2026
528

Ҳамал (21 март-19 апрел)

Имрӯз шиносоии нав метавонад ба муносибатҳои дарозмуддат нарасад, бинобар ин аз он интизориҳои зиёд надошта бошед. Эҳтимол бо шахси дӯстдоштаатон суҳбати ҷиддӣ кунед ва роҳи ҳалли муносибро пайдо намоед. Кӯшиш накунед, ки якбора чанд корро анҷом диҳед. Аввал корҳои муҳимро муайян карда, ба онҳо диққат диҳед. Эҳтимол аз манбаи шинос маблағ ба даст оред. Барои пешгирии сардард аз асабонияту хастагӣ дурӣ ҷӯед ва бештар истироҳат кунед.

Савр (20 апрел-20 май)

Имрӯз табъи болида хоҳед дошт, аммо эҳтиёт кунед, ки касе аз меҳрубониву зуд дил бастани шумо сӯйистифода накунад. Аз баҳсу муноқишаҳо дурӣ ҷӯед, зеро нерӯи шумо метавонад кам бошад. Дар ҷойи кор имкониятҳои хуб пайдо мешаванд ва муҳим он аст, ки онҳоро сари вақт истифода баред. Пул метавонад зиндагиро осонтар кунад, аммо набояд ҳадафи асосӣ бошад. Агар бемории дил ё рагҳои хунгард дошта бошед, ба саломатии худ диққати махсус диҳед.

Ҷавзо (21 май-20 июн)

Имрӯз барои каме истироҳат кардан ва тағйир додани муҳити ҳамешагӣ рӯзи мувофиқ аст. Кайфияти хуб ба шумо имкон медиҳад, ки бо атрофиён муносибати самимӣ дошта бошед. Бо хушмуомилагӣ ва эҳтиром метавонед дили дигаронро ба даст оред. Ҳангоми ҳалли мушкилот аз шиносҳои ботаҷриба ва ҳамкорон маслиҳат пурсед. Эҳтимол ба мушкилиҳои хурди молиявӣ рӯ ба рӯ шавед, бинобар ин пулро сарфакорона истифода баред. Шароити обу ҳаво низ метавонад ба саломатии одамони ҳассос таъсир расонад.

Саратон (21 июн-22 июл)

Агар муҷаррад бошед, эҳтимол бо шахси писандида шинос шуда, муносибатҳои ошиқона оғоз кунед. Аммо рӯйдоди ногаҳонӣ метавонад табъатонро хира созад, аз ин рӯ худро ба даст гиред. Дар ҷойи кор аз сабаби тақсимоти нобаробари мукофотпулӣ байни ҳамкорон нофаҳмӣ ба миён омада метавонад. Ҳангоми харид эҳтиёт бошед ва ба хароҷоти беҳуда роҳ надиҳед. Имрӯз барои машғул шудан ба варзиш ва беҳтар кардани вазъи ҷисмониатон вақти муносиб аст.

Асад (23 июл-22 август)

Агар дар қабули қарор дудила бошед, аз хешовандон ё дӯстони боэътимод маслиҳат пурсед. Ба аёдати наздикон равед, суҳбат бо онҳо табъатонро болида мекунад. Имрӯз барои таҳияи нақшаҳои нав ва нишон додани ташаббус дар кор рӯзи мусоид аст. Қобилиятҳои шумо метавонанд баҳои муносиб гиранд. Барои ба натиҷаи дилхоҳ расидан фаъол бошед ва фурсатҳоро аз даст надиҳед. Агар вазни худро кам кардан хоҳед, метавонед бо риояи ғизои дуруст ва машқҳои ҷисмонӣ оғоз намоед.

Сунбула (23 август-22 сентябр)

Имрӯз фурсати хубе пайдо мешавад, ки бо шахси дӯстдоштаатон дар муҳити орому роҳат вақт гузаронед. Агар байни шумо нофаҳмӣ ба миён ояд, аз баҳсу мунозира худдорӣ кунед. Ҳуҷҷатҳои кориро ба тартиб дароред, зеро бесарусомонӣ метавонад боиси хатогиҳои ҷиддӣ гардад. Агар вақтҳои охир аз камбуди пул танқисӣ мекашидед, вазъ метавонад тадриҷан беҳтар шавад. Барои барқарор кардани неру ба машғулиятҳои дӯстдоштаатон рӯ оред ва каме аз кори зиёд фосила гиред. Асабонияту изтиробро кам кунед.

Мизон (23 сентябр-22 октябр)

Ҳеҷ кас комил нест, бинобар ин барои хатогиҳои хурди дигарон баҳс накунед. Ба танҳоӣ паноҳ бурдан шарт нест: суҳбат бо хешовандон метавонад шуморо рӯҳбаланд созад. Эҳтимол барои харидани таҷҳизоти рӯзгор хароҷоти ғайричашмдошт кунед. Муваффақияти минбаъдаи касбии шумо аз меҳнату кӯшиши имрӯза вобаста аст, аммо танҳо худро серкор нишон додан кофӣ нест, натиҷаи воқеӣ ба даст оред. Аз қиморбозӣ ва муомилаҳои шубҳанок худдорӣ кунед, зеро онҳо метавонанд боиси талафи пул шаванд. Дар одамони солхӯрда эҳтимол дарди миёни камар пайдо шавад.

Ақраб (23 октябр-21 ноябр)

Муносибатҳои шахсии шумо ҳанӯз ба оромии дилхоҳ нарасидаанд. Шояд сабаби он талаби аз ҳад зиёд ва ҷустуҷӯи шахси комил бошад. Имрӯз корҳои хонаро, ки дар давоми ҳафта ҷамъ шудаанд, анҷом диҳед. Шахси наздик метавонад шуморо водор созад, ки қарореро ҳарчи зудтар қабул кунед. Пеш аз харид ё гирифтани қарз вазъро хуб андеша кунед. Барои беҳтар кардани саломатӣ ҳаракати ҷисмониро тадриҷан зиёд намоед. Камҳаракатиро одат накунед ва бештар роҳ гардед.

Қавс (22 ноябр-21 декабр)

Дар муносибатҳои ошиқона тағйироти ҷиддӣ пеш намеояд, агар худатон барои беҳтар кардани вазъ иқдом накунед. Дар зиндагии оилавӣ нофаҳмиҳои пешина тадриҷан бартараф мешаванд ва фазои оромтар фаро мерасад. Масъулиятшиносӣ ва қобилияти дуруст таҳлил кардани вазъ ба пешрафти кор ё баланд шудани обрӯятон мусоидат мекунад. Ҳангоми кор бо ҳуҷҷатҳо бодиққат бошед. Дар рӯзҳои наздик бештар ба маблағҳои худ такя кунед ва агар имкон бошад, барои ҳолатҳои ногаҳонӣ пасандоз кунед. Аз машқҳои вазнини ҷисмонӣ эҳтиёт кунед, то осеб набинед.

Ҷаддӣ (22 декабр-19 январ)

Имрӯз эҳтимол ба шахсе дил бандед ё бо касе ишқбозии сабук кунед. Аммо эҳсосоти худро аз ҳад зиёд пинҳон накунед, то шахси навро дуруст шинохта тавонед. Аз танқиди наздикон худдорӣ кунед, зеро он метавонад боиси муноқиша гардад. Беҳтараш корҳои рӯзгорро ба тартиб дароред. Барои пешрафти касбӣ бояд ҳалли масъалаҳои душворро ёд гиред. Агар ба маблағи иловагӣ ниёз дошта бошед, роҳи даромади дигарро ҷустуҷӯ кунед ва хароҷотро кам намоед. Ҳангоми хастагӣ истироҳат кунед ва бо табиат бештар вақт гузаронед.

Далв (20 январ-18 феврал)

Имрӯз шоми ошиқона бо шахси дӯстдоштаатон метавонад табъатонро болида карда, дар хотиратон нақш бандад. Ба корҳои хона ва масъалаҳои рӯзмарра низ аҳамият диҳед. Хариди муштараки ашёи зарурӣ метавонад муносибататонро бо наздикон мустаҳкам кунад. Аз гирифтани масъулияти бештар натарсед ва дар бораи нақшаҳои касбии худ бо роҳбар ё ҳамкорон суҳбат кунед. Имрӯз барои шиносоӣ бо одамони нав ва пайдо кардани имкониятҳои молиявӣ низ рӯзи мувофиқ аст. Барои оромии рӯҳӣ аз фикрҳои манфӣ ва хотираҳои нохуш дурӣ ҷӯед.

Ҳут (19 феврал-20 март)

Агар касе ба шумо писанд бошад, аз қадами аввал гузоштан натарсед ва ташаббус нишон диҳед. Дар муносибатҳои оилавӣ рафтори шумо ба фазои хона таъсири калон мерасонад, бинобар ин бо наздикон бофаҳму меҳрубон бошед. Барои пешрафти касбӣ ба омӯзиши мустақилона вақт ҷудо кунед. Эҳтимол барномаи телевизионӣ ё маълумоти нав ба шумо фикри муфид диҳад. Имрӯз мушкили молиявӣ диққати бештар талаб мекунанд. Сабзавоту меваҳоро бодиққат бишӯед ва аз хӯрокҳои бесифату дар ҷойҳои номувофиқ фурӯхташуда худдорӣ намоед, то заҳролуд нашавед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД