Косметикаи декоративӣ дар тамоми синну сол яроқи зан ба шумор рафта, бо кумаки он на танҳо дар синни камолот, балки дар пирӣ ҳам зебо гаштан имконпазир аст.
Аксари бонувон бар онанд, ки баъди панҷоҳсолагӣ пардоз кардани пӯсти рӯй дигар лозим нест. Тоифаи дигар бошанд, бо рафтани синну сол чунон сурхиву сафедии зиёдеро ба рӯяшон мемоланд, ки ба аҷуза монанд мешаванд. Барои он ки худро хушрӯй карданӣ шуда хандахариши мардум нагардед, қоидаҳои пардози рӯйро омӯзед.
Косметикаи зиёд накунед
Дар 50-55-солагӣ ҳамон косметикаеро, ки дар 20-30-солагӣ истифода мебурдед, ба рӯй молидан нодуруст аст, зеро бо рафтани синну сол рӯй ба дигар рангҳо ва дигар намуди макияж ниёз пайдо мекунад. Малҳами ҳамранги пӯст (тональное) бояд хеле тунук ва ба пӯсти рӯй мувофиқ бошад. Малҳами рангаш аз ҳад зиёд равшанро истифода баред, рӯятон ба лӯхтак монанд шуда, хандаовар метобад, ранги малҳам аз ранги пӯстатон тиратар бошад, шуморо пир нишон медиҳад.
Фаромӯш накунед, ки малҳами ҳамранги пӯст ҳеҷ гоҳ чинҳои рӯйро ҳамвор намесозад, чунин хусусиятро малҳамҳои оддӣ доранд, на декоративӣ.
Сафеда занед, вале…
Упо (пудра) заданро дӯст медошта бошед, упои ҳамранги пӯстатонро интихоб кунед. Онро тарзе молед, ки ба назар ноаён бошад. Ҳангоми харидорӣ намудан, упаҳоеро интихоб кунед, ки хусусияти ҳамвор сохтани пӯсти рӯйро доранд. Қабл аз молидани он ҳатман ба пӯсти рӯятон малҳами нармкунанда молед.
Интихоби тен
Барои чашм тени рангаш равшантарро интихоб намоед. Барои чашмони мешӣ тенҳои малларанг, нофармон, кабуд ва сабз рост меоянд, чашмонатон кабуд бошанд, тенҳои тиллоранг, малларанг ва олурангро интихоб намоед. Тенҳои бунафшранг ва гулобии чашмони сабзро боз ҳам зеботар месозанд. Барои ба назар боз ҳам ҷаззобтар намудан, метавонед аз таги абрӯвонатон тени сафедчатоб бимолед.
Ба чашмонатон қалам кашед
Ҳар як зан бояд ҳунари рассомӣ дошта бошад ва бо кӯмаки қалам ба ҳусни худододаш ҳусни дигар зам карда тавонад. Қаламро аз болои чашмон кашидан беҳтар аст, чунки дар ин ҳолат ранги сиёҳ ба таги чашмон намерезад. Беҳтараш ба ҷойи қалами сиёҳ қалами рангаш малларо интихоб намоед.
Рангубори абрӯвон
Абрӯвон бояд аз ҳад зиёд ғафс ё борик набошанд. Барои ба қолаб даровардани абрӯвонатон метавонед аз тен ё қалам истифода баред. Тен аз кунҷи абрӯвон ва қаламе, ки ба пушти чашм кашида мешавад, бояд ба боло кашида шаванд.
Ороиши лабҳо
Барои ба назар зебо намудани лабҳоятон аз қаламҳои махсус барои гирди лабон истифода баред. Қалам ба паҳн шудани лабсурхкунак монеъ мегардад. Қаламе, ки ба атрофи лабҳоятон мекашед, бояд ҳамранги лабсурхкунаки шумо бошад. Қаламро аз хати лабҳо 1 мм зиёд накашед, агар дар атрофи лабатон чинҳо пайдо шуда бошанд, беҳтараш қалами берангро истифода баред, он диққати атрофиёнро ба лабҳои шумо ҷалб намекунад.