arzon november
Охирин парвози «шоњпарак»…
1268

Кўчахандон
Рукмина дар оилаи зиёї ба воя расида буд, падараш дар донишгоњ дарс мегуфту модараш дар боѓчаи бачањо мураббия буд. Ў ва як додаракашро асосан модараш нигоњубин мекард, зеро падараш…
Падараш њамеша бо либоси расмию галстук ба берун мебаромад, ба дигарон аз одобу ахлоќ панд мегуфт, худашро зиёитарин мард дар назарњо љилва медод, вале дар асл кўчахандони хонагирён буд…
Рукмина аз рўйи наќлњои модараш медонист, ки падараш дар ваќташ як духтари њамдењаашонро дўст медоштааст, вале волидони духтар хостгории ўро напазируфтанд. Модари ўро бобои падарияш хуш карда келин кардааст, Рукмина медид, ки падараш модарашро он ќадар хуш надорад. Њамеша ба вай фармон медод, ки худатро замонавї оро дода, баъд ба кўча баро! Маро шарманда накун, садњо зан дар орзуи ман њастанд, туро дида чї мегўянд. Аслан падари тоссари шикамбааш, зебо њам набуд, вале худашро фаќат таъриф мекард. Падараш пули ёфтаашро ба худашу Мерседесаш сарф мекард, модараш њуќуќи ягон чиз пурсидан аз падарашро надошт, зеро ин зиёии муштзур ўро зуд зери мушту лагат мекашид. Модараш аксари ваќт сиёњу кабуд мегашт, рўзњои шанбею якшанбе дар хонадони онњо њамеша бо тарсу њарос мегузашт, зеро падараш дар хона буд…
Ѓарак
Рукмина ќад кашида, калон мешуду дарк мекард, ки падараш то чї андоза барояш бегона аст. Тамоми сири дилашро ба модараш мегуфт, додараш њам дар даври домони модар ба воя расид. Хабари арўсбозињои падараш то хонаашон омада мерасиданд, вале модараш умуман ба ин ањмият намедод. Рукмина бошад, њайрон мешуд, ки кадом дар њасрати мард мурдае бо падари хунукситораи вай мегашта бошад?!
Як бегоњ дари хонаашон сахт таќ-таќ шуд, модараш дарро кушод, зане бе пурсишу салому алейк ба хонаашон зада даромада гуфт:
-Хонаи Ашӯраки ѓар њамин љо?! Модараш чї гуфтанашро надониста, шах шуда монд, њамин ваќт падараш аз хона бадар шуду зан аз гиребони ў гирифта фарёд зад:-Пирхари Худозада, хони писарама вайрон кардї?! Дар дунё зан намонда буд, ки келини ман, зани шавњардорро ба домат кашидї?! Илоњӣ љувонимарг шавї, ту љуволи кањ!!! Ѓараки Худозада!!! Падараш бо як азоб гиребонашро аз дасти зан рањо карда, ба њаммом даромаду дарро ќулф кард. Аммо зан бо тамоми овоз ўро њаќорат доду дар охир ба модарам нигариста гуфт:
-Ман бистсола бева мондам, умрамро фидои яккаписарам кардам, ўро калон кардам, хонондам, духтари дўстдоштаашро гирифта додам. Писарам келинамро ба донишгоњ дохил кард, шавњари шумо ўро аз роњ зада, бадном кард. Шояд, айби келини хомхаёли ман њам бошад, вале ин падарлаънати нархуг медонист, ки ў кўдаку шавњар дорад, чаро ин хел кард?! Њоло писарам ўро талоќ дода, сару мулки Худо гирифта ба Русия рафту як њафта пас ман њам пеши ў меравам. Зан инро гуфту њаќирона дар остонаи дар нишаста, зор-зор гирист, баъд хеста, рў ба ќибла гашту гуфт:
-Худованд њамин духтаракат фоњишаи дар ба дар ва бозичаи дасти мардон шавад!
Модараш баробари он зан мегирист…

Љазои Худо
Падараш рафтани занро фањмида, гўё чизе нашуда бошад, аз хона баромаду ба занаш нигариста гуфт:-Чї фиќ фиќ дорї, айби ман не, айби келинаш, суфраро ки во мондї, њама аз он љо чизе мехўранд.
Бечора модари Рукмина аз тарси шаттаю шаллоќ чизе нагуфта, ба хона даромад, вале…
Аз ин воќеа шаш ё њафт моњ гузашта буд, ки тамоми бадани падараш ба хориш даромад, ин хориши шадидро ягон духтур даво карда натавонист. Обилачањои сурхи хунин дар чашмони муаллим низ баромаданду ўро кӯр карданд. Акнун ў бистарї ва муњтољи зану фарзандонаш буд. Аз шиддати хориши зиёд пўсти баданаш захмию хуншор буд, обилањои дар чашмонаш баромада бошанд, ўро кўр карданд. Чї њоли зоре дошт падари Рукмина, акнун ў болои бистари беморї њамеша аз ќисмат менолиду зану фарзандонашро њаќоратњои ќабењ мекард, гоњи дигар мегиристу узр мепурсид. Охир, мард њамагї чилу ду сол дошт ва айни зиндагиву кору фаъолияташ буд. Кори илмияш нимкора монду ў аз рўйи маъюбият ба нафаќа баромад. Рукмина аз љангњои њаррўзаи падар, зиндагии сахту вазнини хонаводагї ба танг омада буду њамин муњит ўро вайрон кард. Духтар ба хотири додани шартномаи донишгоњ аввалин бор номусашро ба як марди пулдори њамсоли падараш бахшиду њамин тавр, бозичаи дастони мардони њавасбоз гашт. Акнун дар донишгоњ низ аз бероњагардии ў дарак доштанд, ў рўзона дарс мерафту то нимањои шаб бо ошиќони серпулаш тарабхона ба тарабхона мегашту аз њисоби ин пул зебо хўрда, зебо пўшида мегашт.
Гоње падараш аз вай мепурсид, ки чаро ин ќадар дер меої? Ў падари беморашро дилпур мекард, ки дар беморхонае ба њайси “санитарка” кор мекунад. Вале…
Охирин парвоз
Рукмина духтари ќоматбаланди сап-сафедак буд ва чун худашро оро медод, хеле зебо мешуд. Дар як мањфил ў бо як корманди баландмартаба шиносої пайдо кард. Мард аз худаш калон буду ўро зиёд дўст медошт, духтар бисёр мехост то Афзал ўро зани дуюм карда гирад, вале мард аз хешу табори занаш сахт метарсид. Зеро ў ба воситаи онњо соњиби вазифаву пулу молу сарват шуда буд, аз ин рў, ба Рукмина гуфт, ки ман туро нигоњубин мекунам, вале зани дуюм гирифта наметавонам. Афзал Рукминаро бо дўстдорї шоњпарак мегуфт ва як шоми барфбоди зимистонї ин ду нафар ќарор доданд ба бӯстонсарои як рафиќи Афзал, ки дар Ромит воќеъ буд, раванд. Бечора Афзал аз тарси занаш, то метавонист берун аз шањр бо «шоњпарак»-аш вомехўрд. Дар роњ мошини онњо парида, ба љарие зад ва баъди ду рўз бо як азоб љасадњои яхкардаи онњоро мардум аз зери шаху кўњпора љамъ карда гирифтанд.
Духтурон ваќти љасади Рукминаро ба хешонаш додан гуфтанд, ки ў њомиладор будааст… Падару модараш сари мурдаи пора-пораи духтарашон ашк мерехтанд, аз њама зиёд муаллим мегирист, зеро медонист, ки дуои он занони дар нимароњ мондааш духтараки ягонаашро гирифт. Аз чашмони ољизи ў ашк мерехту зери лаб пиччирос мезад “Худоё, чаро нањсонияти маро ба сари худам назадї, фариштаяки ман чї гуноњ дошт?!”
Њилола

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД