formula
Шабнами Собирӣ: Дубора бо Мансур хонадор мешавам, агар...
8467

                                                                Мард аз нигоҳи зан:
Муаррифинома:
Ному насаб: Шабнам Собирова

Соли таваллуд: 1986
Ҷои таваллуд: ш. Душанбе
Гули дӯстдошта: Садбарги сурх
Пеша: Сароянда

-Сараввал, мехостам дар бораи шиносоии худу шавҳаратон нақл кунед. Чӣ гуна, кай ва дар куҷо шинос шудед?

-Шиносоии мо тасодуфӣ буд гӯем агар, хато намешавад. Мо дар як консерте, ки дар Кохи Ҷомӣ гузашта буд, вохӯрда, бо як нигоҳ ба ҳам ошиқ гашта будем. Баъди он ки Мансур продюсерии маро бар ӯҳда гирифт, муносибатҳоямон наздиктар шуд ва ҳамин тавр, бо хости Худо оиладор шудем.

-Росташро гӯед, чашмаки ман чашмаки ту карда, дилашро ёфтаед а?
-Не, чашмакзанӣ набуд. Мо бо хости дил бо ҳам расидем.

-Шавҳари шуморо мардум ҳамчун як марди корчалону йигити чор кас медидагӣ мешиносанду эҳтиром мекунанд. Он кас дар хона чӣ гунаанд?

-Мансур ошпази зӯр аст. Вақтҳои бекориаш ошхонаро бар ӯҳда гирифта, намегузорад, ки ба дегу табақ наздик шавам. Бовар кунед, як намуд хӯрокҳое мепазад, ки на номашро гуфта метавонаму на чунинашро омода карда. Аз худаш пурсед, ӯ ба шумо номашро мегӯяд.

-Агар чархи тақдир ба қафо гардаду шумо аз нав ҷавон шавед, боз ҳам бо шавҳаратон оиладор мешавед? Яъне, аз интихоби худ розӣ ҳастед?

-Албатта аз нав ҷавон намешавам, вале агар дубора аз нав таваллуд шавам, ҳатман боз ҳам бо Мансурҷонам оиладор мешавам, чунки ӯ ҷону ҷигар аст. Мансур қанду асали Шабнам аст.

-Табиист, ки гирди номи нафарони шинохта зуд-зуд овозаҳои зиёд паҳн мешаванд. Хабарҳое ба монанди «Мансур маъшуқаи ҷавон дорад» ё «Мансур пинҳонӣ зани нав гирифт» ба гӯши шумо ягон маротиба расидааст?

-Бале, мерасад, аммо ман рашк намекунам! Дилу нияти ман нисбати Мансур тамоман соф аст. Байни мо боварӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ аст, ки он асоси оиладорӣ мебошад. Бинобар ин, ҳеҷ гоҳ аз овозаҳои мардум хиҷолатзада намешавам.

-Оё шудааст ҳолате ки шавҳаратон шаб дер ба хона омада бошад? Дар ин ҳолат чӣ тавр рафтор мекунед?

-Шавҳари ман марди ҳаматарафа аст. Намедонам куҷои ӯро кушоду равшан ба шумо таъриф кунам. Ҳар як қадамашу суханаш ширин аст ва ҳар нигоҳаш Шабнамро шайдову обу адо мегардонад (механдад). Медонам, ки ӯ марди кор аст ва гоҳҳо бо корҳояш банд шуда, дертар меояд. Аз ин рӯ, мисоли ҳамешагӣ бо чеҳраи кушодаву қалби саршори муҳаббат пешвозаш мегирам.

-Аз ин бармеояд, ки сахт дӯсташ медоред. Ҳамин тавр?

-Ман агар ӯро дӯст надорам, кӯр мешавам. Шукри Худовандро мекунам, ки Мансур шавҳар, такягоҳ, пуштибон ва ҳамдаму ҳамрози ман аст ва ҳатто тасаввур карда наметавонам, ки моли каси дигаре бошад.

-Фарз кунед, ки пагоҳ зодрӯзи шавҳаратон аст ва сомонаи Оила имкон медиҳад, Мансурро табрик кунед. Чӣ туҳфаву чӣ таманниёт мекунед барояш?

-Дастархони пурнозу неъмат, сюрпризҳои олиҷаноб ва тамоми дороиямро пеши пояш мегузорам. Агар мошин ва хонаву дари аз оби тилло сохташударо ҳам барояш тӯҳфа кунам, кам аст. Мансури ман ба ҳама моли дунё меарзад.

-Азбаски дар моҳи шарифи Рамазон қарор дорем, ин шом барояш чӣ омада карданиед?

-Айни ҳол Мансур дар хона нест. Мехоҳам то омаданаш оши палов ва хӯриши баҳорӣ аз тамоми сабзавотҳои сервитамин омода кунам. Медонам, ки ӯ бо дидану истеъмол кардани ин хӯрокҳо ҳаловат мебарад.

-Мо ҳам дуо мекунем, ки муҳаббати шумо безавол бошад. Ҳамеша ошиқи ҳамдигар бошед!

- Ташаккур Рустамҷон!

 (Сӯҳбати моро бо шавҳари хонум Шабнам, Мансур Нигматов фардо соати 15 интизор шавед)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД