Олимони амрикоӣ аз Донишгоҳи Калифорния (UCLA) дар мубориза бар зидди рехтани мӯй ва мушкилоти тоссарӣ як қадами муваффақ гузошта, давои сари калро пайдо кардаанд. Онҳо дар шароити лабораторӣ молекулаеро кашф кардаанд, ки PP405 ном дорад ва фолликулаҳои мӯйи нофаъолро фаъол гардонида, дар тӯли як ҳафта афзоиши мӯйро оғоз мекунад.
Дар рафти тадқиқот афзоиши мӯй пас аз 7 рӯзи истифодаи модда оғоз ёфтааст. Манфиатбахшии он ҳам дар шароити лабораторӣ ва ҳам дар ихтиёриёни аввалин тасдиқи худро ёфтааст.
Google Ventures аллакай барои ин иқдом беш аз 30 миллион доллар сармоягузорӣ намудааст, ки аз эътимодбахш будан ва самаранокии дурнамои технология шаҳодат медиҳад.
Ҳоло олимон ба озмоишҳои калонтари клиникӣ омодагӣ мебинанд. Дар сурати аз санҷиши пурра гузаштан, ин як инқилоби ҳақиқӣ хоҳад гашт дар ҳалли мушкилоти мӯй ва зебоӣ. Он имкон медиҳад, ки бидуни трансплантатсия ва терапияи гормоналӣ низ сари кал аз нав бо роҳи табиӣ мӯй бароварда, соҳибашро ҷавонтар ва шод гардонад.
Интизор меравад, ки кулоҳ минбаъд танҳо як ҷузъи мӯд ҳоҳад гашт, на воситаи хуб барои пинҳон кардани сари кал.