sebiston july new
Домод дар шаби тӯй сари арӯсро аз танаш ҷудо карду гурехт
26.01.2022
ОИЛА
27353

Тӯйи арӯсӣ хушбахттарин рӯз дар ҳаёти ҳар як инсони солимфикр аст.

Ҳар як ҷавон, махсусан духтарон орзу мекунанд, ки бо тӯю тамошо бо шахси дӯстдоштаашон хонадор шуда, орзуву ормон бишкананд ва як зиндагии пурсаодат бунёд намуда, соҳиби оилаи обод ва фарзандони дӯстрӯяк гарданду по ба пои ҳамдигар пир шаванд, вале...
Як домоди ҷоҳил дар шаби тӯйи арӯсиву домодиашон сари арӯсашро аз танаш ҷудо карда, баъдан даст ба худкушӣ задааст.
Тавре ки расонаҳо менависанд, ин тӯйи хунин шоми 20-январ баргузор гашта, домоду арӯси “хушбахт” дар ҳалқаи ёру дӯстон ва хешу табори наздикашон хеле дилхушӣ намудаанд.
Пас аз анҷоми базм падару модари арӯс бо дуои нек духтарашонро ба мошини бо гулу гулдастаҳо оро дода шуда шинонда, ҳамроҳи дугонаи наздикаш, ки ҳамзамон духтари холаи арӯс будааст, ба хонаи бахташ гусел мекунанд. Тамоми хешу табор боварӣ доштанд, ки имшаб хушбахттарин шаб дар ҳаёти ин ду ҷавон аст ва дилдодагон аз чашидани шаҳди висол баҳравар мегарданд, аммо...

Домоди “сарвайрон” баъди ба манзил расидан сари арӯсро аз танаш ҷудо карда, баъдан шоҳид ва дугонаи арӯсро низ кордборон мекунад. Пас аз содир намудани ин ҷинояти ваҳшиёна ва ба қатл расонидани ду гулдухтари нозанин домоди хунхор аз хона баромада, боз ба як зани бегуноҳи роҳгузар дармеафтад ва ин ҷавонзани бечораро мавриди таҳқир ва таҷовуз қарор дода, баъдан рӯ ба гурез мениҳанд.
Бо ҳамин домод бе дарак шуда, танҳо баъди 4 рӯз, субҳи 25-январ ҷисми бе ҷонашро пайдо карданд.
Ин ҳодисаи гӯшношунид дар Тотористон рӯй додааст ва тавре ки “Лента-ру” менависад, домод баъди ба қатл расонидани арӯс бо дугонааш ва таҷовузи боз як зани бегуноҳ даст ба худкушӣ задааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Шоирабону Солеҳова 2023-05-02, 05:14
Асалому алейкум
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Шоирабону Солеҳова 2023-05-02, 05:14
Асалому алейкум
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД