Arzon march 2024
Падарамро чи хел намозхон кунам?
915

 

Синну соли падарам ба ҷе расида бошад ҳам, намоз намехонад. Ҳарчанд падарамро ба намозхонӣ даъват кунам ҳам, дӯғ зада мегӯяд, ки кори худатро кун, ту ба ман чи кор дорӣ, фардо ҳар кас барои гуноҳҳояш худаш ҷавоб медиҳад. Илтимос, маслиҳатам диҳед, чӣ кунам, ки қиблагоҳам ҳидоят шаванд ва аз азоби охират дар амон бошанд.
Рустам, н. Шаҳринав.

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ:

Падару модар ду гавҳари ноёб ҳастанд, ки дар ҳама ҳолат эҳтироми онҳо воҷиб аст. Агар онҳо дар ҳолати куфр ҳам бошанд, бояд бо онҳо мусоҳабати некӯ дошта бошед. Чунончи Қуръони карим мефармояд: “...Ва бо онҳо дар (маишати) дунё ба ваҷҳи писандида сӯҳбат дор” (Сураи “Луқмон”, ояти 15). Бинобар ин, падаре, ки намоз намегузорад, нисбати ӯ камтарин беэҳтиромӣ боиси гуноҳ аст. Лекин падару модар бояд пойбанди дастуроти динӣ бошанд, то ин ки фарзандон дар беҳтарин рӯҳияи инсонӣ тарбият шаванд. Кӯшиш кунед, ки ягон нафар аз бузургони авлод падаратонро ҳидоят кунанд, то дар охират аз азоби қабр раҳо шавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД