sebiston july new
ПАДАРАМРО ТАГИ ЧАШМ КАРДАӢ, НИГИНА?
04.04.2021
ОИЛА
5237

 

-Салом! Ин ҷо «Оила» аст?

-Бале хоҳарҷон, чи арзу дод доштед?

-Мехоҳам тариқи сомонаи шумо ба зане, ки сабаби нооромии хонаводаи мо гаштааст, чанд сухан бигӯям.

-Марҳамат, гӯшамон ба шумо!

Нигина! Ту чаро бо ҳар баҳона ба хонаи мо меойӣ? Чаро мудом дар гирди падарам тор танида мегардӣ? Барои ёрдампулӣ пурсидан омадам, барои барқамро соз кардан омадам гуфта сад баҳона пеш меорӣ, вале ман мақсади туро хуб медонам. Худоё, кай пою қадами ту аз хонаи мо канда мешуда бошад-а?! Уф-ф-ффф, тую писарат ба дилам задед, охир кай гадоиро бас мекунед?! Фарҳодам ба ёрӣ эҳтиёҷ дорад гуфта ҳар рӯз пушти дари моро охурча карданат чӣ маънӣ дорад, хуб медонам. Марги модарамро як сол нашуда ту ба падари ман чашм ало кардаӣ, мехоҳӣ бо ҳамин роҳ ӯро ба дом афтонӣ. Ин хобатро ба об гӯй, то рӯзе, ки ман зинда ҳастам, ин орзуи ту ҳеҷ гоҳ амалӣ намешавад. Беҳтараш аз ҳаёти мо нест шав. Пою қадаматро ба хубӣ аз даргоҳи мо кан, набошад, коре мекунам, ки як умр аз ёдат намеравад, беҳаё! Мурдаи як коса хӯроки ту нестем, дигар на биёву на ягон чиз биёр. Ҳамеша аз паси падарам соя барин гаштанро бас кун, агар як бори дигар туро бо падарам бинам, аз худат хафа шав, Нигина!

Соҳибаи Мансур, аз маҳаллаи Испечак

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД