sebiston july new
Паридани чашм беморӣ аст ё нишонаи сар задани фалокат?
761


Даст, гӯш, бинӣ ё чашми инсон баъзан бе ягон сабаб мепарад, мехорад ё сурх мешавад.

Аксарият бар он назаранд, ки ин нишонаи сар задани ягон ҳодисаи хуб ё бад дар ҳаёти инсон мебошад. Имрӯз илму техника хеле пеш рафта бошад ҳам, то кунун ҳастанд одамоне, ки аз хоридани кафи дасташон хурсанд мешаванд ва паридани чашмашон онҳоро ба ташвиш меорад.

Биёед ҳамроҳ дида мебароем, ки дар асл чашми инсон бар асари ягон беморӣ мепарад ё дар ҳақиқат ин нишонаи сар задани ягон фалокат аст?

Ба хурофот дода нашавед!

Бархе паридани чашмро фоли бад меҳисобанд ва чунин ақида доранд, ки он аз фалокату бадбахтӣ дарак медиҳад. Аммо дар асл паридани чашм сабаби дигар дорад. Чашм узви нозук ва ҳассос буда, дар аксари ҳолатҳо паридану хориши он аз аллергия аст.

Косметикаи бесифат низ метавонад боиси обрав гаштан, сухр шудан ва паридани чашм гардад. Агар шумо аз чизе аллергия надошта бошед ва косметикаи босифатро истифода баред, пас, паридани чашматон ба асабоният вобастагӣ дорад.

Гиря мекунӣ, агар чашми чапат парад?!

Аксаран занҳои калонсол аз паридани чашми чапашон ба ташвиш меафтанд, зеро дар байни мардуми тоҷик ақидае роиҷ аст, ки агар чашми чапи одам парад, гиря мекунад. Дар ҳақиқат баъди пай дар пай паридани чашми чап баъзан одам аз чизе дилтанг шуда, гиря мекунад. Сабабаш дар ҳолати равонии худи инсон аст. Вақте ки шумо дар бораи чизҳои бад бисёр фикр мекунед, энергияи манфиро ба худ ҷалб менамоед ва он метавонад боиси сар задани ягон ҳодисаи нохуш ва гиря карданатон гардад.

Албатта ашк рехтан ҷиҳати хуб низ дорад ва фишори руҳиро рафъ месозад, вале хоҳед, ки энергияи бад ба ҳаёти шумо ворид нагардад, бештар табассум карда, дар бораи чизҳои хуб фикр кунед.

Чашми рост хорад, хурсанд мешавӣ

Мегӯянд, агар чашми рост парад ё ба хориш дарояд, нишонаи хуб аст. Барои он ки ҳатман чунин шавад, дари дилатонро ба рӯйи шодиҳо боз намоед. Шояд шуморо хурсандие дар пеш буда, аз дидори шахси дӯстдоштаатон шод мешавед ё ҳодисаи дигари пурнишот дар ҳаётатон сар мезанад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД