shoh palace
Пас аз хатми Қуръон кадом дуоро мехонанд?
1086


Пас аз итмоми қироати Қуръон дар вақти фотиҳахонӣ чӣ тавр бояд дуо кард?

Ягон дуо бо забони тоҷикӣ нависед, чунки бо забони арабӣ хонани дуо бароям мушкил аст.
Санавбар, н. Панҷ.

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ

Пас аз тиловати сурае ё чанд ояте аз Қуръон шумо метавонед ҳам ба арабӣ ва ҳам ба тоҷикӣ дуо бихонед.

Бо арабӣ:
«Аллоҳумма наввир қулубано бил-Қуръон ва заййин ахлоқано бил-Қуръон ва наҷҷино минан-нори бил-Қуръон ва адхилнал-ҷанната бил-Қуръон. Раббанағфир лано ва лиихвониналлазина сабақўно бил-имон ва ло таҷъал фӣ қулубино ғиллал-лиллазина оманў, Раббано иннака Ғафурур-Раҳим бираҳматика ё Арҳамар-роҳимин».

Ба забони тоҷикӣ:

“Худовандо! Қалбҳои моро бо нури Қуръон мунаввар бигардон, ахлоқи моро бо зинати Қуръон музайян бигардон, моро ба шарофати Қуръон аз азоби дўзах бираҳон ва ба каромати Қуръон моро дохили биҳишт бигардон.

Парвардигоро! Мо ва бародаронамонро, ки ба имон овардан бар мо сабқат карданд, биомурз ва дар дилҳои мо нисбат ба онон, ки имон оварданд, ҳеҷ кина пайдо макун. Парвардигоро! Ту Бахшояндаи Меҳрубон ҳастӣ, умед аз раҳмати Ту дорем, эй Меҳрубонтарини меҳрубонон.”

              Ҳамчунин, дуои дигаре низ ҳаст.

Бо забони арабӣ:

«Аллоҳумма иннӣ асъалаука хайрал-масъалати ва хайрад-дуои ва хайран-наҷоҳи ва хайрас-савоби ва саббитнӣ ва саққил мавозинӣ ва ҳаққиқ имонӣ варфаъ дараҷатӣ ва тақаббал салотӣ вағфир хатиотӣ ва асъалукад-дараҷотил-ъуло минал-ҷаннаҳ».

Бо забони тоҷикӣ:

“Худовандо! Беҳтарин дархосту дуо ва беҳтарин комёбӣ, беҳтарин илму амалу беҳтарин подош, беҳтарин зиндагӣ ва беҳтарин маргро аз Ту мехоҳам, маро собитқадам бидор ва каффаи некиҳоямро сангин бигардон, имонамро муҳаққақ соз ва дараҷаамро баланд гардон, намозамро бипазир ва лағзишҳоямро биёмурз, дараҷоти болои биҳиштро аз Ту хосторам."

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД