Маҳсулоти лозима:
350 грамм орд, 150 грамм шакар, 1 тухм, 80 мл шир, 1 халтача моддаи ковоккунанда.
Тарзи таҳия:
Маргарини мулоимшударо бо шакар лат занеду тухм ва ширро ба он илова кунед. Моддаи ковоккунандаро бо орд андохта, хамир омода намоед. Хамирро ғафсияш 5-7 мм тунук карда, бо қолабчаҳо “коржик” буред. “Коржик”-ҳоро ба лаълии тафдон чида, дар ҳарорати 180 дараҷа муддати 15 дақиқа то сурх шуданаш пазед.