sebiston july new
Писарон ҳаққи падарро “оқ” кардан доранд?
24.12.2022
ОИЛА
759


Дар деҳаи мо ҳодисае рӯй дод, ки касе интизораш набуд. Як мард бо духтари ҳамсараш (аз шавҳари аввалаш) ишқварзӣ мекардааст. Зинои онҳоро ошкор карда, ҳама ҷо овоза карданд.

Фарзандони он мард аз ӯ рӯй гардонидаанд, гӯё падарашонро “оқ” карда аз хона ронданд ва аз тамоман баҳраш гузаштанд. Мехостам донам, ки дини мубини ислом ба ин масъала чӣ назар дорад?
Б., хонандаи “Оила”.

   Посухи домуло Ҷамолдиддин Хомӯшӣ

Бешак ин кор амали зишту қабеҳе аст, ки фитратҳову нафсҳои солим онро намепазирад. Мусибати фарзандони ин мард беҳад бузург аст. Аз Аллоҳ хоҳонем, ки ба онҳо лутфу марҳамат кунад ва ба мусулмонон офият бахшад. Аммо бо вуҷуди он ки ин падар муртакиби гуноҳи бузургу зиште шуда бошад ҳам, ҳаққи падарии ӯ боқӣ мемонад. Ҳақҳое ба монанди некӣ ба ӯ ва барқарории пайванди хешутаборӣ ва дар зимни он ҳаққи Аллоҳ таъолоро адо карда, бояд ӯро насиҳат намуд, (амалҳои зишташро) инкор кард ва ҷилавгирӣ кард, ки мабодо чунин коре дар оянда боз такрор нашавад.

Ҳар гоҳ писарон ӯро насиҳат кунанд ва нишонаҳои тавба ва пушаймонӣ дар ӯ дида шавад ва ё аз хона ронда шуданаш боиси тавба ва пушаймонии ӯ шавад, дар ин ҳангом, бар писарон лозим аст, ки ба ӯ некӣ кунанд ва ҳаққи падарии ӯро риоя намоянд ва ҳамзамон духтар ё духтарон бо ӯ эҳтиёткорона муомила кунанд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД