arzon replenishment
Пули даллол ҳалол аст ё ҳаром?
970


Ҳукми даллолӣ кардан чист? Оё пуле, ки даллол мегирад, ҳалоласт?
Самариддин, ш. Ҳисор.

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ

Даллолӣ: Воситагӣ (миёнаравӣ) дар байни фурӯшанда ва харидор аст.
Даллол: Шахсест, ки байни фурӯшанда ва харидор даромада, барои хариду фурӯш миёнаравӣ мекунад. Ӯ даллол (далолаткунанда, раҳнамо) номида мешавад, чунки харидорро ба мол ва фурӯшандаро ба нарх раҳнамоӣ мекунад. Поёни сухан аз "Ал-Мавсуъату-л-фиқҳия" (10/151).
Мардум ба даллол эҳтиёҷи зиёд доранд, зеро қисми зиёди мардум дар хариду фурӯш тариқаи нархгузориро намедонанд. Баъзеи дигар бошанд, қудрати чизи харидаашонро санҷидану айбҳояшро пайдо карданро надоранд. Баъзеи дигар барои хариду фурӯш вақт надоранд. Ба ҳамин хотир, даллолӣ кори фоиданок мебошад, зеро аз ин корфурӯшанда, харидор ва даллол фоида мебарад.
Бояд даллол дар миёнаравӣ байни фурӯшандаву харидор бисёр огоҳ бошад, ман дар ин кортаҷрибаи зиёд дорам ва ин корро хуб анҷом дода метавонам, гуфта, ба яке аз онҳо (яъне ба фурӯшанда ва ё ба харидор) зиён нарасонад.
Бояд даллол шахси амонатдору ростгӯ бошад, ба хотири дӯстӣ тарафи яке аз онҳоро нагирад ва ба фоидаи яке аз онҳо амал накунад, балки айбҳо ва имтиёзоту бартариҳои молро бо амонату ростгӯӣ баён кунад ва фурӯшанда ё харидорро фиреб накунад.
Ҷамъе аз имомон ҷоиз будани даллолӣ ва раво будани гирифтани музди даллолиро ба таври равшан баён намудаанд.
Аз Имом Молик (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод) оиди музди даллол пурсиданд. Дар ҷавоб гуфт: Ҳеҷ боке надорад. "Ал-Мудаввана" (3/466).
Имом Бухорӣ дар китоби "Саҳиҳ"-и худ гуфтааст:
"Боби музди даллолӣ. Ибни Сирин, Ато, Иброҳим ва Ҳасан дар гирифтани музди даллол ҳеҷ ҳараҷеро намебинанд.
Аз Шайх Ибни Боз оиди ҳукми ҷустуҷӯ намудани мағоза ё хонаи истиқоматӣ (квартира) барои иҷорагиранда дар муқобили музде, ки ӯ барои касе, ки дархосташро пайдо менамояд, пардохт мекунад, пурсиданд.
Шайх Ибни Боз чунин ҷавоб дод:
"Ин амал ҳеҷ боке надорад. Ин музд аст ва онро саъю кӯшиш меноманд. Шумо бояд барои пайдо намудани мағозаи муносиб ба иҷорагиранда саъю кӯшиш кунед. Агар шумо дар ин кор ба ӯ кӯмак карда, барои ӯ макони муносиберо пайдо намоед, дар иттифоқ намудан бо соҳиби он мағоза барои ӯ кӯмак кунед, ҳамаи ин муомилаҳо иншоаллоҳ ҳеҷ боке надоранд, ба шарте, ки дар инм муомилаи фиребу хиёнат вуҷуд надошта бошад, балки бо ростиву амонат сурат бигирад. Агар шумо дар пайдо намудани чизи дилхоҳи ӯ бо ростӣ ва амонат муомила намуда, ҳам ӯро ва ҳам соҳиби мағозаро фиреб ё зулм накарда бошед, иншоаллоҳ, шумо дар роҳи хайр ҳастед". Поёни сухан."Фатово"-и Шайх Ибни Боз (19/358).

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД