Oila Navruz
Русия: Муҳоҷир 206 ҳамкорашро сироят кард
22.04.2020
Р. Азимӣ
2823


Дар яке аз сохтмонҳои вилояти Мурманск яку якбора 206 нафар ба бемории маргбории коронавирус гирифтор шудааст.

Шаҳрванди Қирғизистон дар вилояти Мурманск манбаи сирояткунии коргарони ин сохтмон гардидааст, гуфт зимни як изҳорот губернатори вилоят Андрей Чибис.
Агентии иттилоотии “Новости” дар пайи ин хабар гуфтааст, ки дар майдони сохтмонии "Новатэк - Мурманск" воқеъ дар деҳаи Белокаменка 206 сохтмончӣ гирифтори COVID - 19 шудааст. Ҳамчунин, 200 корманди дигарро бо таҳлили манфӣ дар табобатхонае ҷой дода, карантин кардаанд.
"Манбаи эҳтимолии вирус як шаҳрванди Қирғизистон дониста мешавад. Дигар дар ин маврид чизе гуфта наметавонам", - қайд кард Чибис. Ба гуфти ӯ дар деҳаи Белокаменка беморхона вуҷуд надорад ва он ҷо барои беморон табобатхонае омода кардаанд.

 



Бояд гуфт, ки то рӯзи 16 апрел дар Русия беш аз 25 ҳазор ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт гардида, 198 нафар дар паи ин маризӣ ҷон аз даст додаанд. То имрӯз наздик ба 2 ҳазор бемор шифо ёфта, аз беморхонаҳо ҷавоб дода шудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД