formula
САБАБҲО ВА РОҲҲОИ ТАБОБАТИ БЕНАСЛИИ МАРДОНА
2454

Фарзандро меваи умри инсон мегӯянд, вале баъзан солҳо мегузаранду нахли умеди ҷуфти ҷавон ҳеҷ бор намеорад ва садои гиряи тифл дар кошонаашон танинандоз намегардад. Аксаран занонро дар бенаслӣ гунаҳкор месозанд, вале илми тиб исбот намудааст, ки дар 50%-и ҳолатҳо сабаби соҳиби фарзанд нашудани оилаҳои ҷавон бенаслии мардона ё бемориҳои мардонае мебошанд, ки садди роҳи боровар гаштани нахли умри инсон мегарданд.

Чаро мардони зоҳиран комилан солим аз чашидани лаззати падарӣ маҳрум мегарданд? Биёед, посухи ин саволро аз мутахассиси соҳа, табиби уролог-андрологи Маркази Миллии Солимии Репродуктивӣ Рустам Одинаев мепурсем.

-Аксари мардон аз шунидани калимаи “бенаслӣ” ба даҳшат меафтанд. Мегуфтед, ки то кадом андоза бенаслии мардона даҳшатнок ва илоҷнопазир аст?

-Сабаби ба ваҳшат афтодани мардон маълумоти кофӣ надоштани онҳост, зеро вақте калимаи “бенаслӣ”-ро мешунаванд, аксари мардҳо гумон мекунанд, ки бо ҳамин хазони боғи умедашон фаро расид ва ҳеҷ гоҳ наметавонанд соҳиби фарзанд гарданд.

-Магар дар асл чунин нест?

-Албатта не! Дар аксари ҳолатҳо бемориҳои маъмулии мардона барои падар шудани мардон монеъ мегарданд ва қисми зиёди ин бемориҳо табобатшаванда ҳастанд. Фақат мардонро лозим аст, ки сари вақт ба духтур муроҷиат намуда, ташхисҳои заруриро гузаранд ва зудтар аз пайи дармон шавад.

-Нишонаҳое ҳастанд, ки аз бе насл будани мард гувоҳӣ медиҳанд?

-Мушкилот дар он аст, ки аксаран бенаслии мардона бидуни ягон нишона ҷараён мегирад. Мард зоҳиран сиҳату саломат менамояд ва дар муносибат бо ҷинси латиф ҳам ягон мушкилӣ надорад, вале ҳеҷ соҳиби фарзанд гашта наметавонад. Сабаби ин иллатро танҳо баъди ташхиси пурра муайян кардан мумкин аст.

-Бештар кадом иллат ё бемориҳои мардона монеи падар шудани мардон мегарданд?

-Сабабҳои бенаслии мардона албатта хеле зиёданд, вале ман чанд иллати асосиро номбар мекунам, ки дар таҷриба бештар вомехӯранд.

1. Бемориҳои винерикӣ ё ҷинсӣ. Дар аксари ҳолатҳо маҳз вирусу барангезандаҳо ва бемориҳои сироятие, ки бо воситаи алоқаи ҷинсӣ мегузаранд, масалан сифлис, хламидиоз, цитомегаловирус, герпеси дараҷаи 1 ва 2 (табхол) микоплазма, токсоплазма боиси ба илтиҳоб гирифтор гаштани узвҳои мардона гашта, барои бор овардани нахли умри мард монеъ мешаванд.

2. Илтиҳоби узвҳои мардона. Простатит, уретит ва дигар бемориҳои илтиҳобӣ метавонанд мардонро бо мушкили бенаслӣ рӯ ба рӯ созанд.

3. Варикоцеле. Дар 30-35%-и ҳолатҳо маҳз ҳамин иллат боиси соҳиби фарзанд нагаштани мардон мегардад. Ман ба мардоне, ки мушкили варикоцеле доранд, маслиҳат медиҳам, ки корро ба таъхир нагузошта, сари вақт ҷарроҳӣ намоянд. Маъмулан дар 95%-и ҳолатҳо баъди ҷарроҳӣ мард дар муддати кӯтоҳ падар мешавад.

4. Ҷароҳат ва пайдошавии саратон дар узвҳои мардона низ метавонад ба бенаслӣ бурда расонад. Дар чунин ҳолатҳо ба табиби саратоншинос муроҷиат намудан лозим аст.

5. Тағйиротҳои ҳормонӣ ҳам дар зан ва ҳам дар мардон аксаран биси бор наовардани нахли умри эшон мегардад. Бо рафтани синну сол дар вуҷуди мардон ҳормони тестостерон кам мешавад ва ин ба қувваи мардию имконоти ӯ таъсири манфӣ мерасонад.

6. Нуқсонҳои модарзоди узвҳои ҷинсӣ ва бемориҳое, ки мард дар кӯдакӣ аз сар гузаронидааст, метавонанд бо мурури замон таъсири ногувор расонида, ҷараёни соҳиби фарзанд гаштани ӯро ба таъхир гузоранд, масалан, фимоз ё бемории одии ғургӯшак, ки аксари кӯдакон ба он гирифтор мешаванд, боиси бенаслии мардона гашта метавонад.  

7. Одатҳои бад. Мардоне, ки ошиқи маю шароб ҳастанд ё бисёр сигор мекашанд, нисбати дигар ҳамҷинсонашон шанси камтари идома додани насли худро доранд.

8. Гармии аз ҳад зиёд низ метавонад ба саломатии ҷинсии мард зиёд расонад, аз ҳамин хотир, ман ба мардон тавсия медиҳам, ки аз тез-тез ба бӯғ даромадан худдорӣ намоянд.

9. Стресс ва асабоният. Бехобию асабонияти зиёд, ҳамчунин бемориҳои маъмулии қанд ва фишорбаландӣ низ метавонанд ба саломатии ҷинсии мардон таъсири ногувор расонида, ба соҳиби фарзанд гаштанашон монеъ шаванд.

10. Таъсири ногувори маводҳои кимиёвӣ, аз ҷумла баъзе доруворе, ки барои табобати ин ё он беморӣ мард аз онҳо истифода мебарад, метавонад ба қудрати мардонааш таъсири манфӣ расонад.

-Мардоне, ки чанд сол боз оиладор ҳастанд, вале ҳеҷ соҳиби фарзанд намешаванд, бояд чӣ кор кунанд?

-Маслиҳати ман ҳамчун табиб он аст, ки зану шавҳар якҷоя ба духтур муроҷиат намуда, аз ташхиси пурра гузаранд, чунки дар аксари ҳолатҳо ҷуфтҳое, ки аз бефарзандӣ азият мекашанд, мушкилот ҳам дар саломатии зан ва ҳам дар мард ҷой дорад. Барои он ки чунин ҷуфтҳо зудтар ба муроду мақсади худ расида, соҳиби тифлакони дӯстрӯй гарданд, зану шавҳар бояд дар як вақт, якҷоя табобат бигиранд.

-Барои фаҳмидани он ки ӯ падар шуда метавонад ё не, мард бояд ба кӣ муроҷиат намояд?  

-Мардоне, ки чанд сол хонадорӣ карда бошанд ҳам, лаззати падариро начашидаанд, бояд ба табибони уролог ё ................... муроҷиат намоянд. Табиб баъди гузаронидани як қатор ташхисҳо сабаби соҳиби фарзанд шуда натавонистани мардро аниқ карда, баъдан реҷаи табобатро муайян менамояд. Дар сурати мавҷуд будани саратон, захм ё ҷароҳат дар узвҳои мардона ё бемории варикосел доштани мард ба мизоҷ тавсия дода мешавад, ки ба табибони саратоншинос ё ҷарроҳон муроҷиат намояд. Мардоне, ки чунин мушкилӣ надоранд ва сабаби соҳиби фарзанд гашта натавонистанашон аз меъёр кам будани тухмҳуҷайраҳои мардона ё суст будани суръати ҳаракати ин тухмҳуҷайраҳо мебошад, ба табобати даврагӣ фаро гирифта мешаванд. Ба ин тоифаи мардон доруҳои махсусро тавсия медиҳанд, ки дар муддати се-шаш моҳ вазъи саломатии мардро беҳтар сохта, барои ба мурди дил расидани ӯ замина фароҳам меоранд. Мизоҷоне, ки мушкилоти ҳормонӣ доранд, давоҳои махсуси ҳормонӣ мегиранд.

-Маслиҳати шумо ҳамчун табиб ба мардоне, ки солиёни дароз дар орзуи фарзанд ҳастанд, вале аз ҳисси шарм ё нангу номуси мардона ба табибон муроҷиат намекунанд?

-Фарзанд на танҳо меваи умр, балки маънии зиндагии инсон мебошад, аз ҳамин хотир, ман ба тамоми мардоне, ки бо мушкили бефарзандӣ рӯ ба рӯ гаштаанд, маслиҳат медиҳам, ки 5-10 сол интизор нашуда, ҳар чӣ зудтар ба табибон муроҷиат намоянд. Ташхисҳое, ки барои муайян кардани мушкилоти мардон гузаронида мешаванд, аксаран пинҳонӣ гузаронида мешаванд ва аз ин ҷиҳат метавонанд дилпур бошанд, ки касе сирру асрори онҳоро фош намесозад. Муҳимтар аз ҳама навмед нашаванд. Безурриётии мардона дарди бедаво нест. Аксари бемориҳое, ки барои соҳиби фарзанд гаштани мард монеъ мегарданд, табобатшавандаанд. Дар таҷриба мо зиёд дидаем, ки ҳамагӣ баъди як ё ду давраи табобат мардоне, ки чанд сол мушкили бефарзандӣ доштанд, ба муроди дилашон расиданд ва нахли умрашон бор оварда, соҳиби фарзанд гаштанд. Боқӣ ба ҳама тани сиҳат ва хонаи обод мехоҳам!

-Саломат бошед!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД