shoh palace
СӮҲБАТ БО ИМОМХАТИБИ НОҲИЯИ ПАНҶ ҲОҶӢ САДРИДДИН АСАДӢ
2139

 

    -Бобои домулло, имрӯз аксари воизон танҳо дар бораи вазифаҳои зани мусалмон дар назди шавҳар сухан меронанд. Магар дар бораи ҳуқуқҳои зан дар китобҳои осмонӣ чизе гуфта нашудааст?

-Мақоми зан дар ислом баланд аст ва ҳатто Худованд сураеро бо номи «Нисо» барои занон нозил намудааст. Зан бунёд ва пойдевори зиндагист, зеро мардони бузург дар домани ҳамин бонувони покдоман парвариш ёфтаанду меёбанд. Аллома Иқболи Лоҳурӣ дар як шеъраш ба занони мусулмон хитоб карда мегӯяд:

Эй ридоят пардаи номуси мо,

Тоби ту сармояи фонуси мо.

Тинати поки ту моро раҳмат аст.

Қуввати дину асоси миллат аст.

Кӯдаки мо чун лаб аз шири ту шуст,

«Ло илаҳ» омӯхтӣ ӯро нахуст…

-Мардон чӣ кор кунанд, ки барои ҳамсаронашон шарики хуби зиндагӣ ва нигаҳдорандаи ҳуқуқу номуси зан бошанд?

-«Беҳтарини шумо онҳое ҳастанд, ки бо аҳлашон равияи некӯтар доранд ва ман беҳтарини шумо барои аҳлам ҳастам»-хитоб намудааст паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с) ба мардони мусалмон. Паёмбар (с) худашон намунаи олии шавҳари некӯ буданд, чунки нисбати зан раҳмдилона муомила менамуданд ва эҳтиёҷоти бонувонашонро ҳамеша ба назар мегирифтанд. Ҳаргиз барои задани барда (хидматгор, банда, ѓулом) ё зане даст набардошта ва аз даҳонаш лафзе, ки зани мусалмонеро озор диҳад, набаромадааст. Гуфтори зиштро куфр медонистанд ва ҳамеша дар хизмати аҳли оилаи худ буданд он ҳазрат. Танҳо вақте ки бонги азонро мешуниданд, сӯи намозгоҳ мешитофтанд. Ҳаргиз дар ҳаққи касе ҷабру зулм накарда ва ҳуқуқи ҳамсарони хешро ба пуррагӣ адо намуда, адлро ҷорӣ карда буданд ҳазрати Муҳаммад ва аз мардони мусалмон низ чунин муносибати накӯро бо зан талаб кардаанд.

-Аксар мардон ба занашон иҷозат намедиҳанд, ки ба сайру тамошо раванд ва ҳатто хандидани занро манъ менамоянд. Чунин рафтор аз назари ислом дуруст аст?

-Баъзе шавҳарҳо гумон мекунанд, ки вазифаи эшон омода намудани хӯроку либос ва монанди инҳо ҳасту бас, яъне ҷониби моддиро ба назар мегиранду ҷониби отифиро дар ҳаёти заношавҳарӣ фаромӯш мекунанд. Ҳазлу шӯхӣ ва хуш намудани хотири завҷаро аз ёд мебароранд, дар ҳоле ки ин амри басо муҳим дар ҳаёти заношавҳарӣ ба ҳисоб меравад ва аз ҷумлаи умурест, ки аркони дӯстию муҳаббатро байни зану шавҳар мустаҳкам мегардонад. Бо вуҷуди ин ки Паёмбар (с) дорои вазифаи бисёр ҳам муҳим буданд, ҳаргиз ҷониби отифиро дар зиндагии заношавҳарӣ фаромӯш намекарданд. Ҳазрати Муҳаммад хусусан хотири ҳамсари душизаашон Оиша (р)-ро ҳамеша хуш медоштанд ва бо вай бештар ҳазлу шӯхӣ мекарданд. Гоҳо бо ҳам дар давидан мусобиқа мекарданд. Як бор Оиша (р) аз паёмбар (с) мегузашт, баъдан боз пойга мекарданду паёмбар (с) аз Оиша (р) пеш гузашта бо ширинзабонӣ мегуфтанд: «Ин пешгузаштанам дар ивази он пешгузоштани ту».

Паёмбар (с) ба духтарон иҷозат медоданд, ки назди Оиша (р) даромада бо ӯ шӯхию бозӣ кунанд. Оиша (р) ҳатто аспи аҷиби болдоре дошт ва ҳамеша бо ин саманди қанотдор бозӣ мекард. Ин суханони сохтаю бофта нестанд, балки дар китоби “Чӣ бояд кард, то ҳамсарат туро дӯст дорад? (Ё панҷоҳу ду тариқае, ки муҳаббати шавҳарро ба ҳамсараш дар партави Қуръони карим ва Суннати Набавӣ зиёд менамояд)” дарҷ гаштаанд.

- Бисёриҳо «духтара чию хонданаш чӣ» гӯён фарзандонашонро аз омӯхтани илм маҳрум месозанд. Дар бораи таҳсили духтарон дар мактаб ва маълумот гирифтани онҳо ислом чӣ мегӯяд?

-Ман ба саволи шумо бо ривояте ҷавоб медиҳам. Духтараке дар яке аз донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ таҳсил мекард. Садои фораму дилнишин дошт ва ҳар шаб Қуръон қироат менамуд. Модараш дар пушти дар истода, садои қуръонхонии духтарро гӯш мекард. Рӯзе духтарак бемор шуду бистарӣ гашт ва пас аз чанд ҳафта аз дунё чашм пӯшид. Модари ѓамгинаш аз рӯи одати пешин баъди марги духтар низ ҳар шаб ба умед паси дар меомад, то садои духтарашро бишнавад. Шабе назди утоқи духтараш рафт ва аз дарун садои гиряро бишнид. Тарсида ба утоқи худ баргашт ва моҷароро ба шавҳараш нақл кард. Мард ба сухани занаш бовар накард. Шаби дигар модар овози гиряро шунид ва ба шавҳараш моҷароро гуфт. «Ту аз сабаби тарси ботиниат овози гиря мешунавӣ» гӯён мард даст афшонд. Модар, ки овози гиря шуниданашро яқин медонист, пас аз чанд рӯз назди олиме рафта қиссаро бозгӯ намуд. Барои олим ин моҷаро аҷиб афтод ва хост худаш таҳқиқ намояд. Ҳамроҳи модар ба хонааш омад ва чун шаб шуд, назди утоқи духтарак рафтанд. Дар ҳақиқат аз утоқ садои гиря ба гӯш мерасид. Дохили утоқ шуданду касеро надиданд, аммо олим рӯйи фарш нишаста ба гиря даромад. Пурсиданд, ки чаро гиря мекунӣ. Олим гуфт:

-Духтараки марҳум ҳар рӯз Қуръон мехондааст ва малоик барои гӯш кардан нозил мешудаанд. Акнун, ки духтар нест малоик он садои ширинро гум кардаанд ва ин овози гиряи фариштаҳост барои духтараки қуръонхон. Хушо бар касоне, ки тиловати Қуръон мекунанд ва хусусан бар касоне, ки тиловати Қуръон дар нисфи шаб мекунанд. Малоик бар садои онҳо гӯш мекунанд ва баъди маргаш барои чунин одам мегирянд. Худовандо ба ҳамаи мову шумо чунин духтарони донишманд диҳад!

-Дар баробари чунин ҳуқуқҳои баланд зан албатта масъулиятҳои зиёде низ бар дӯш дорад. Хуб мебуд, ки бори дигар он масъулиятҳоро ба бонувон ёдрас менамудед?

-Худованд дар ояти 228, сураи Бақара мефармояд:

«Занон монанди масъулиятҳое, ки дар баробари шавҳарони худ доранд, бар мардон ҳуқуқҳое шоиста доранд.

Аз ҷумла:

1. Зан бояд дар тамоми корҳо аз шавҳараш итоъат намояд. Албатта, мурод аз тамоми корҳо, корҳое ҳастанд, ки дар онҳо гуноҳ ва нофармонии Худованд нест ва аз тавону тоқати зан берун намебошанд.

2. Зан бояд амволу дороӣ, хонаву манзил ва инчунин номусу ҳайсияти шавҳарашро ҳифз намояд. Бе ризоият ва огоҳии шавҳар аз хона ва манзили истиқоматиаш берун наравад.

3. Зан дар сурати зарурат ва бо дархости шавҳар ҳамроҳи вай ба сафар биравад.

4. Зан бояд ба хостаҳои фитрӣ ва ниёзҳои машрӯъи шавҳар посухи мусбат диҳад.

5. Вақте шавҳар дар хона ҳузур дошта бошад ва мусофир набошад, зан бе иҷозати вай наметавонад рӯзаи нафлӣ бигирад.

6. Занро лозим аст, ки фарзандонашро ба хубӣ тарбият намояд ва дар ҳузури шавҳараш аз фарзандонаш нороҳат ва ғазаболуд нашавад. Онҳоро дашном надиҳад ва дар ҳаққашон дуъои бад накунад, зеро ин корҳо боиси нохушӣ ва ранҷиши шавҳар мешаванд.

7. Бо падару модар ва хешону наздикони шавҳар хушмуомила бошад. Зане, ки бо падару модар ва наздикони шавҳар муомилаи беҷо менамояд, гӯё ба шавҳараш бадӣ кардааст.

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД