Oila Navruz
Шаҳид Капур ба садама дучор гашт?
2781

 

 

Шаҳид Капур 25-уми феврали соли 1981дар пойтахти Ҳҳиндустон, шаҳри Деҳлӣба дунё омадааст.

Падараш актёр ва режиссёри шинохта Панкаҷ Капур, модараш раққоса ва актриссаи машҳур Нелима Азим мебошад. Оилаи онҳо баъди 11-сола шудани Шаҳид аз Деҳлӣба Бомбей кӯч баст. Шаҳид мактаби миёнаро дар ин шаҳри афсонавӣ, ки ватани кинои ҳиндӣ ба ҳисоб меравад, хатм намуда, ба Академияи рақсии Шиамак Довар дохил шуд, аммо...

Ролики бахткушо

Замони дар академия таҳсил карданаш яке аз дӯстонаш Шаҳидро барои нақш офаридан дар як ролики рекламавӣ даъват намуд. Пепси-коларо ҳамроҳи Шоҳрухон ва Рани Мухерҷӣ тарғиб намуда, Шаҳиди ҷавон он қадар ба камера дил баст, ки академияи рақсро тарк карда, қарр дод, ки ҳаёти минаъдаи худро ба пуррагӣ ба синамо мебахшад. Бо ҳамин мақсад ба курси актёрӣ дохил шуд ва дере нагузашта Шаҳидро ба филми мазҳакавии «Муҳаббат чист?» даъват намуданд. Ин филм дарвозаҳои олами синаморо натанҳо барои Шаҳид Капур, балки ба рӯйи Амрита Рао низ боз карда, ин ҷавонони навроҳро ба ошиқони филмҳои ҳиндӣ шинос намуд. “Муҳаббат чист?” ба рӯйхати “10-филми беҳтарини сол” дохил шуда, обрӯву эътибори Шаҳид Капурро дар Болливуд баланд гардонд...

Зинаҳои шӯҳрат

Мунаққидон нақши дар филми “фотиҳа” офаридаи Шаҳид Капурро чунон зери тозиёнаи танқид гирифтанд, ки ногуфтанӣ. Каси дигар мебуд, шояд баъди инқадар танқид тарки синамо намуда, дигар ҳаргиз пою қадамашро ба Болливуд намегузошт, аммо бар рағми душманонаш ин ҷавони ҳунарманд ба худ қарор дод, ки ҳатман дар филми ояндааш хатогиҳои худро ислоҳ намуда, беҳтаин ҳунарманд буданашро исбот месозад ва аз уҳдаи ин кор баромад. Нақши дар филми «Вақте, ки мо вомехӯрдем» бозидаи ӯро да фестивали синамо якбора ба чанд ҷоиза сазовор донистанд. Бо шарофати ҳамин филм Шаҳид Капур барои “Беҳтарин нақши мардона” ҷоизаи олии синамои Ҳиндустонро соҳиб гашт...

Ҳамин тавр Шаҳид Капур дар 20 филм нақшҳои марказиро офарида бо ситораҳои дурахшони Болливуд дар як саф қарор гирифт...

Аз бӯсаҳои саҳнавӣ то ишқи оташин

Шаҳид Капур дар экран мудом бо зеботарин духтарони Болливуд аз қабили Приянка Чопра, Наргис Фахрӣва Хумсо бӯсобӯсӣ кунад ҳам, мисли дигар мардони машҳур дар бораи ишқбозиҳояш лоф зада намегашт. Журналистони зиёде аз ӯ мусоҳиба мегирифтанд, аммо ин ҷавони зираку ҳушёр рози дилашро ба ҳеҷ кас накушода, ба саволҳое, ки марбут ба ҳаёти шахсиаш буданд, ҷавоб намедод ё моҳирона гапро ба дигар тараф мебурд. Аксарият бар он андеша буданд, ки Шаҳид ба Приянка Чопра ошиқи шайдо аст ва ин ду ҳунарманди ҷавон риштаи тақдирашонро бо ҳасм мепайванданд, аммо ғайри чашмдошт Шаҳид ошкоро ба муқобили ин зебосанам баромада иброз дошт, ки Приянка ба хотири машҳур шудан чунин овоза баровардааст. Пас аз ин Шаҳид Капур боз як қаҳрамонеии дигар карда, ҳамаро дар ҳайрат гузошт-Вай иқрор шуд, ки мисли Маҷнун ошиқи зори Карина Капур аст. Карина дар оғоз ба ин иқрори Шаҳид чандон аҳамият надода бошад ҳам, баъдан тири ишқи ин ҷавони шӯхчашм дар дилаш маъво гирифт ва ин ду ситораи Болливуд ошкоро муносибатҳои ошиқонаро оғоз намуданд, аммо...

Арӯсӣ Шаҳидро кӣ дуздид?

Ҳама интизор буданд, ки ба наздикӣ тӯйи арӯсиву домодии ин ду ситораи синамоӣ ҳинд барпо мегардад. Карина ҳатто барои худ либоси арӯсии қиматбаҳо фармоиш дода, бо дугонаҳояш гӯшакӣ мекард, ки ӯ зеботарин арӯс дар таърихи Болливуд хоҳад гашт, аммо мисли барфе, ки баногоҳ дар чиллаи тобистон меборад, муносибатҳои ошиқонаи онҳо якбора канда шуд. Шаҳид Капур бо журналистон мулоқот ороста, хабар дод, ки ӯ аз Карина ҷудо шудааст.

Шаҳид сабаби аз ин паричеҳра рӯй гардонидашаро нагуфта бошад ҳам, дар байни мардум миш-мишҳо сар шуданд, ки Карина ба Шаҳид хиёнат кардааст. Дере нагузашта Карина барқасди Шаҳид бо Сайф Алӣ Хон муносибатҳои ошиқона барқарор намуд ва овозаҳо аз нав қувват гирифтанд, ки Сайф арӯси Шаҳидро аз таги биниаш дуздидааст. Шаҳид бо шунидани ин сару садоҳои нангин дарун ба дарун ҳамчун ҳезуми тар сӯзад ҳам, инро нишон намедод...

Шаҳид Капур ба садама гирифтор шуд?

Ба садама гирифтор шудани актиёри машҳури ҳиндустон боз як хабари сенсатсионӣ гашт. Аввал бисёриҳо гумон доштанд, ки журналистон ба хотири бозоргир шудани наршияҳояшон ин хабари бардуруғро бофтаанд, аммо баъдан маълум гашт, ки Шаҳид Капур дар ҳақиқат ба садама гирифтор шудааст. Касоне буданд, ки дар садамаи ба сари Шаҳид омада Карина капурро гунаҳкор намуда мегуфтанд: “Карина то ҳол Шаҳидро дӯст медорад ва аз аламу дард ин садамаро ташкил кардааст...”

Дар асл ин зебосанам ба фалокати ба сари Шаҳид Капур омада ягон алоқа надорад. Шаҳид тасодуфан ба садама гирифтор гашта, сахт зарб хӯрдааст, аммо ҳамааш ба хайр гузашт.

Мо ба Шаҳид Капур шифои комил ва парвозҳои аз ин баландтари эҷодиро хоҳонем!

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД