Sebiston new 2024 october
Оила
15870

 

“Свидания” бо духтари президент

Онҳо як шоми зебо дар тарабхонаи соҳили баҳр вохӯрданд. Дар рӯйи миз ба ғайр аз ҷони одам дигар ҳама нӯшу неъмати дунё муҳайё буд, вале аз гулӯи ҷавоб ҳатто об ҳам намегузашт. Ишқ дар қаблаш ба сони амвоҷи баҳр туғён мекард. Ҳанӯзам бовараш намеомад, ки духтари президент дар рӯ ба рӯяш нишаставу ба ӯ ошиқона рози дил мегӯяд...

Ишқи малика

Овозаи мулоқотҳои ошиқонаи духтари президент бо актёри ҷавон дар як дам ба сони раъду барқ ғулғула афканд. Мардум аз тарс ҷуръати ошкоро дар ин бора ҳарф задан надоштанд, аммо дар кӯчаву пасткӯчаҳо аз кӯдаки 7-сола, то пири 70-сола ҳама бо якдигар пичир-пичир мекарданд: “Шунидед, духтари президент ба як актёри ҷавон ошиқ шудааст!”

Хабари ишқварзии малика ба гӯши падари қудратмандаш низ расид. Президент бо шунидани ин хабари “нангин” қариб девона шуда буд, вале намедонист чи тавр таноби ошиқонро кашад...

Лайлию Маҷнуни сонӣ

Ҷерин ҳатто аз ғазаби падари воломақомаш натарсида, ҳамоно ҳар шом ба мулоқоти ошиқона мешитофт. Малика бо тамоми ҳастӣ ба актёри ҷавон дил бохта, тайёр буд тамоми дороияшро дар пеши пойи ин йигити хушқаду қомат бирезад.

Озгур Чевик аллакай ҳамчун ҳунарпеша натанҳо дар Туркия, балки дар хориҷи кишвар низ шӯҳрат дошт ва зебосанамҳои зиёде ошиқи зораш буданд. Шумораи маъшуқаҳояш кайҳо аз 1000 гузашта бошад ҳам, танҳо баъди вохӯрӣ бо Ҷерин актёри ҷавон чи будани ишқи ҳақиқиро дарк намуд. Бо дидани ин духтар дилаш ба ларза омада, нафас дар гулӯяш мепечид ва забонаш лол мегашт. Ишқи онҳо аз ишқи Лайлию Маҷнун низ зеботар ва пур аз эҳсос буд...

Як даста гул

Одамони воломақоми малика Ҷерин баробари шунидани хабари филми нав дарҳол ба коргардон занг зада, амр мекарданд, ки нақши марказиро ба Озгур Червик диҳад. Духтари президент ҳатто аз ғайбати мардум натарсида, ба тамоми намоишҳои ошиқаш меомад ва пас аз анҷоми филм ба Озгур ҳамчун разми ишқи пок дастагули калони садбарги сурх ҳадя мекард, аммо...

Нолаи зори ҷудоӣ

Дар муборизаи байни муҳаббат ва қудрат дуввумӣ ғолиб омад. Президент наметавонист як актёри ҷавонро ҳамчун домод қабул карда, худро хандахариши мардум созад. Вай аввал кӯшиш намуд ба хубӣ ба духтараш фаҳмонад, ки ин ҷавон ба ӯ тамоман муносиб нест, аммо Ҷерини якрав ба ҳеҷ ваҷҳ аз ишқи актёр даст кашиданӣ набуд.

Асар накардани панду насиҳатро ба малика дарк намуда, билохира президент духтарашро зӯран ба як ҷавони дигари сарватманд ба шавҳар дод.

Волидони домод бисёр одамони бообрӯ буда, қасру кушкҳои зиёде доштанд, аммо бо ин ҳама рӯзи тӯяш Ҷерен худро бадбахттарин арӯс дар саросари дунё эҳсос намуда, зор-зор мегирист, зеро ҳушу ёдаш, дилаш, тамоми ҳастиаш ҳанӯз бо актёри ҷавон буд...

Президент дар сари тахти арӯсӣ ашки талх рехтани духтарашро бубинад ҳам, худро нодида вонамуд мекард. Муҳимаш ӯ ба мақсад расида, духтарашро ба домоди арзанда ба шавҳар дод. Ин духтари беақл, агар ба ҳамон актёрча мерасид, дӯсту душман ошкору ниҳон ба ҳоли президент механдиданд...



Аммо барои расидан ба ҳадаф ӯ мебоист хеле ва хеле талош кунад. Бинобар ин, Мансур нахуст дар Калифорния мағозаи телефонҳои мобилӣ ва гаджетҳоро боз кард ва барои сабти албоми нахустинаш маблағ ҷамъ овард.


 

Шикасти шишаи дилро магӯ садое нест...

Ҷудоӣ аз Ҷерин қалби актёрро, ки мисли зарфи булӯрин нозук буд, пора-пора кард. Озгур аз оғоз медонист, ки президент ҳеҷ гоҳ ӯро ба сифати домод қабул нахоҳад кард, аммо оташаки умед дар як гӯшаи дилаш шӯъла мезад, ки Ҷерин илоҷе карда падарашр розӣ мекунад ва онҳо ба висоли ҳамдигар мерасанд. Вақте ки малика ишқи ӯро пеши по карда, ба ҷавони дигар ба шавҳар баромад, тамоми орзую умедҳои актёри ҷавон ба сони гули пажмурда рӯйи хоки навмедӣ рехтанд. Озгур аз алам худро ба ҳабси хонагӣ маҳкум намуда, касеро дидану шунидан намехост...

Вақт табиби ҳама дардҳост, аммо...

Бо мурури замон Озгур ба тақдир тан дод, аммо акнун кӯшиш мекард, ки бештар сарнавишти ошиқони нокомро дар экран тасвир намояд...

Муҳаббати бебарори актёри машҳур

Пас аз ишқи бебарори духтари президент Озгур бо актриссаи машҳур Ханда Сорал муносибатҳои ошиқона барқарор намуд, аммо ишқи ду ситора дер напоид. Баъди ҷудоӣ аз Ханда ӯ ба Бестемсу Оздемир изҳори муҳаббат кард, вале ин зебосанам низ пас аз чанде ӯро тарк намуда, дасту дилашро ба марди дигар бахшид. Айни замон Озгур бо зебосанам Иламида Акдоган ишқварзӣ мекунад. Ошиқон якҷоя ба сайру саёҳат баромада, аксҳои зебои худро дар саҳифаҳои гуногуни интернетиашон мегузоранд, аммо ҳанӯз маълум нест, ки ин ишқ ду ситораро то хонаи ақди никоҳ мебарад ё мисли муҳаббатҳои пешини Озгур чун ҳубоби рӯйи об бебақост....

Озгур ва қаҳрамонҳои офаридааш

Ёдрас мешавем, ки Озгур Чевик 37-сола буда, дар шаҳри Анқара ба дунё омадааст. Ӯ дар зиёда аз 80 филм нақшҳои марказиро офарида, аз зумраи ҳунарпешагони машҳури синамои турк ба шумор меравад. Силсилафилмҳое, ки ин ҷавони бомаҳорат дар онҳо нақш мебозад, натанҳо дар Туркия, балки дар мамолики хориҷӣ, аз ҷумла Тоҷикисон низ ҳаводорони зиёди худро доранд. Мардуми тоҷик Озгур Червикро ҳамчун қаҳрамони филмҳои “Домоди хориҷӣ”, “Ғунчаҳои захмин”, “Розҳои ниҳонӣ”, “Ру ба сӯйи Аврупо”, ва “Махфӣ” мешиносанду дӯст медоранд.

Дар баробари актёрӣ ин ҷавони боистеъдод ҳунари навозандагию сарояндагӣ низ дорад ва алакай чанд албоми таронаҳояшро пешкаши ошиқони савту наво гардонидааст.

Озгур ба варзиш шавқу ҳаваси зиёд дошта, дар лаҳзаҳои фориғ аз синамо бо бокс машғул мешавад ё велосипед меронад.

Саҳифаи ин актёри турк дар Инстаграмм қариб ним миллион ҳаводор дорад. Озгур Червикро дар Фейсбук ва “В контакте” низ пайдо кардан мумкин аст, аммо дар Твитер саҳифа дорад ё не, маълум нест.

Озгур Чевик дар оилаи одамони ҳарбӣ ба дунё омадааст. Модараш корманди пулис, падараш низомист. Аз рӯйи маълумот Озгур Чевик файласуф буда, факултаи фалсафаро хатм намудааст, аммо аз хурдӣ меҳри ҳунар дар дилаш маъво дошту билохира ӯро ба ҷодаи синамо овард...

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Афзалшох 2019-08-16, 21:19
Ааа кариб да чом тырт мекадым))))
Посух
Шокира 2019-08-31, 00:29
Бо калоно якчира медонан
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Афзалшох 2019-08-16, 21:19
Ааа кариб да чом тырт мекадым))))
Посух
Шокира 2019-08-31, 00:29
Бо калоно якчира медонан
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД