formula
Шакли зоҳирии Пайғамбар (с) чӣ гуна буд?
1056

 

Домуллои муҳтарам. Аҳолии мо тақрибан 95 фисад мусалмон мебошад ва уммати ҳазрати Муҳаммад (с) ҳастанд. Ман низ яке аз умматони ин ҳазрат мебошам. Мехостам фаҳмам, ки шакли зоҳирии Паёмбари ислом (с) чӣ гуна буд ва дар китобҳо чӣ гуна тавсир ёфтааст?

Дилшод Абдуллоев, хонандаи сомонаи ОИЛА 

 Посухи намояндаи Раёсати фатвои ҶТ 

Касоне, ки он Ҳазрат (с)-ро дидаанд, чунин тавсиф мекунанд: Зоҳире нуронӣ ва чеҳрае дурахшон доштанд. Дорои нуре буданд, ки он Ҳазрат (с)-ро бар ҳама кас бартарӣ мебахшид. Қадамҳояшон дар ҳадди ниёз буд ва бо қадамҳои устувор бо оромиш ва виқор роҳ мерафтанд. Чашмашон доим поён буд ва ба замин бештар назар меандохтанд.

Вақте бо касе рӯ ба рӯ мешуданд, дар салом кардан аз ӯ пеши мегирифтанд, бидуни ниёз суҳбат намекарданд, суханашонро бо номи Худо оғоз ва бо номи Ӯ ба поён мерасониданд. Суханонашон шумурда-шумурда, қотеъ ва нуқсоне дар он вуҷуд надошт. Суфтаву равон суҳбат мекарданд ва бефоида лаб ба сухан намекушоданд. Ҳаргиз аз таоме бадгӯӣ намекарданд ва ҳеҷ вақт ба хотири умури дунё ё масоили шахсии худ хашмгин намешуданд. Ба хотири худ интиқоме намегирифтанд. Вақте хушҳол мешуданд, чашмонашонро поён меандохтанд ва хандаашон табассум буд. Он Ҳазрат хушсимотарин, зеботарин, бахшандатарин ва ҷавонмардтарини одамиён буданд. Аз фақр намеҳаросиданд. Ҳаргиз талаберо рад накардаанд. Ҳар гоҳ ду амр пеш меомад, осонтарини онро ихтиёр мекарданд.

Ҳазрати Оиша разияллоҳу анҳо гуфтаанд: “Ахлоқашон айни Қуръон буд”. (Ривояти Бухорӣ дар “Адаби муфрад”)

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД