shoh palace
Шарму ҳаё занро хушбахт мекунад ё хушчақчақию чаққонӣ?
02.07.2022
ОИЛА
858

 

Медонед, вақте ки Худованд духтареро, ки ҳамсари Мӯсо шуд, дар Қуръон чӣ гуна васфу тасвир намуд? Зебоияшро? Чеҳраашро? Ороиш ва сарулибосашро? Не.
Балки фармуд: "Бо шарму ҳаёқадам бар медошт" (Қасас - 25)
Албатта, ки ҳаё танҳо махсуси духтарон нест.
Паёмбар (с) фармуданд: "Имон шасту чанд шуъба дорад ваҳаё яке аз шохаҳои имонаст".
Тасаввур кун, ки байни шасту чанд шоха Паёмбар фақат яке аз онро ишора кард ва он ҳаё буд.
Ва дар ҷои дигар мефармояд: "Ҳаё, саросар хайраст".
Ва дар ҳадиси дигаре, ки ҳаёи мардро тасвир мекунад, фармуданд: "Оёман аз Усмон ҳаё накунам? Ӯ марде аст, ки фариштагон аз ӯ ҳаё мекунанд".
Чаро бояд Фариштагон аз Ҳазрати Усмон (разияллоҳуанҳ) ҳаё кунанд?
Посух рӯшан аст. Ба сабаби ҳаё ва адаби неки эшон.
Ҳаё ганҷест, ки агар дар вуҷуди ҳар инсоне бошад, ӯро аз гуноҳ дур мекунад.
Замоне,ки ҳаё аз вуҷуди одамҳо ва ҷомеа дур шавад, ҷуз фасод, фаҳшо ва табоҳӣ натиҷае нахоҳад дошт.
Аз байн рафтани ҳаё сабаби одат ба гуноҳ мешавад ва одат ба гуноҳ, сабаби нодида гирифтани зиштии гуноҳ мешавад. Ва натиҷа чист? Ғарқ шудан дар ботлоқи гуноҳҳо низ бешумор.
Бартарин ва волотарин навъи ҳаё, ҳаё аз Худованд дар тамоми корҳо ва маконҳост. Ҳаёе, ки монеъи маъсият ва нофармонӣ мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД